дар Олмон, Чехия ва Лаҳистон

"Осиёи Марказӣ  бо назардошти мавқеи ҷуғрофии худ
 дар Қораи Осиё шояд минтақаи аз лиҳози геостратегӣ
муҳимтарини дунё ба ҳисоб равад".
 
(Сир Олаф Карое дар китоби худ Wells of Power 1951)

Олмон ва Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои минтақавӣ ва бисёрҷониба.

Ташаббуси Иттиҳоди Аврупо нисбати Осиёи Марказӣ, ки ҳанӯз соли 2007 ба роҳ монда шуда буд, дар мадди аввал масоили дунявӣ, муҳити зист, об ва маорифро дар бар мегирифт. Дар нимаи аввали соли 2015 ин стратаегия мавриди санҷиш қарор гардид, то пешниҳоди ҳамкориҳо ба эҳтиёҷи кишварҳои Осиёи Марказӣ мутобиқ гардонида шавад.

Иттиҳоди Аврупо Ташаббуси нави худро нисбати Осиёи Марказӣ бо назардошти эҳтиёҷоти кишварҳои алоҳидаи ин минтақа нигаронидааст. Дар ин робита аз соли 2014 то 2020 барои татбиқи лоиҳаҳо дар доираи ин ташаббус тахминан 1 миллиард евро ҷудо гардидааст. Тавре дар гузориши Ҳукумати федеролӣ омадааст, мавзӯҳои асосии ҳамкориҳо дар доираи ин ташаббус аслан «рушди босуботи минтақавӣ ва амнияту рушди минтақавӣ ба ҳисоб меравад. 

Олмон дар самти безарар гардонидани мавзеҳои минакоришуда ташаббускор буда, ба ин мақсад аз соли 2005 инҷониб 170 миллион евро ҷудо кардааст. Ин маблағҳо барои безараркунии минаҳо дар Афғонистон  (45 млн. евро), дар Босния ва Ҳерсеговина (21,5 млн. евро), дар Камбоҷа (7,6 млн. евро), ва Лаос, Судон ва Тоҷикистон (7,6 млн.евро) сарф гардида истодаанд.

Иттиҳоди Аврупо ва Олмон дар Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Президенти Тоҷикистон 27 январи соли 2015 консепияи нави сиёсати хориҷии  Тоҷикистонро имзо намуд. Ин санади сиёсӣ принисипҳои асосӣ, ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо назардошти манфиатҳои миллии дарозмуддати кишвар муайян ва танзим менамояд. Заминаи ҳуқуқии консепсияро Сарқонун, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти мақомоти давлатии кишвар дар соҳаи сиёсати хориҷӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад. Дар робита бо муносибатҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар консепсияи мазкур чунин зикр шудааст: «Аз оғози асри 21 дар муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо тағироти куллии мусбат ба вуқуъ пайваст ва ин тамоюл тақвият меёбад.

Mehr…

Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро, ки ба пешрафти бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд, яке аз ҳамкорони муҳими иқтисодии худ мешуморад ва минбаъд низ талош хоҳад кард, бо ин иттиҳоди бонуфузи байнидавлатӣ ҳамкориҳои дарозмуддати устуворро дар асоси усули судмандии мутақобил густаришу инкишоф диҳад.  Ин ҳамкорӣ дар маҷмӯъ, ниҳодҳои гуногуни Аврупо, аз ҷумла Парлумони Аврупо, Шӯрои Аврупо, Бонки сармоягузории Аврупо ва созмону сохторҳои дигарро дар бар хоҳад гирифт.

Дар баробари ин густариш ва тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷониба бо кишварҳои мухталифи аврупоӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Ҷумҳурии Франсия, Ҷумҳурии Италия, Шоҳигарии Испания, Конфедератсияи Швейтсария, Шоҳигарии Белгия, Ҷумҳурии Австрия, Ҷумҳурии Чехия, Ҷумҳурии Полша, кишварҳои соҳили Балтика барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми авлавиятнок дорад.

Weniger…

Назаре ба сатҳи ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо

Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо бо ифтитоҳи намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо (Брюссел) дар соли 2001 фаъол гардид.Дар навбати худ, Намояндагии Комиссияи Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Намояндагии Иттиҳоди Аврупо аз соли 2009) соли 2004 кушода шуд.

Пояи қарордодиву ҳуқуқӣ. Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ (СШҲ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷомеаҳои Аврупоӣ, ки соли 2004 ба имзо расида буд ва аз 1-уми январи соли 2010 ба қувваи амал даромад, муносибатҳоро байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба сатҳи сифатан нав баровард. Мақсади Созишнома дар фароҳам овардани чорчӯба барои муколамаи сиёсӣ, фароҳам овардани асос барои ҳамкории қонунгузорӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, молиявӣ, шаҳрвандӣ, илмӣ, саноатӣ, технологӣ ва фарҳангӣ, инчунин мусоидат ба рушди савдо ва сармоягузорӣ, алахусус, дар соҳаи энергетика ва захираҳои обӣ, мусоидати Иттиҳоди Аврупо ба рушди иқтисодӣ ва тақвият ба саъю кӯшишҳои  Тоҷикистон дар пойдории демократия, рушди иқтисод ва инфрасохтори иҷтимоӣ ва таъмини гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ ифода мегардад.

Mehr…

Ҳамкориҳои сиёсӣ. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо авлавияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Мутобиқи созишномаи СШҲ, ҷаласаҳои Шӯрои ҳамкорӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ, Кумитаи ҳамкорӣ ва Кумитаи парлумонии ҳамкорӣ мунтазам барпо мегарданд. Дар сатҳи минтақавӣ равобити сиёсӣ бо Тоҷикистон дар чорчӯбаи Стратегияи шарикии Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ, ки моҳи июни соли 2007 аз тарафи Шӯрои Аврупо қабул шудааст,  амалӣ мегардад. Соли 2005 аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо қарор оид ба таъсис додани вазифаи намояндаи махсус оид ба масъалаҳои Осиёи Марказӣ қабул гардид, ки аз тавваҷҷуҳи баланди Иттиҳоди Аврупо ба минтақа гувоҳӣ медиҳад.

Табодули сафарҳо. Ду маротиба сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Брюссел баргузор гашт. Дар доираи аввалин сафар, ки 9-11 феврали 2009 баргузор гашт, Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар чорчӯбаи сафари расмии навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Брюссел, ки 9-12 апрели соли 2013барпо гардид, ду санад ба имзо расид: 1. Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба густариши ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо; 2. Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатӣ ва хусусӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи тандурустии Шоҳигарии Белгия.

29 ноябри соли 2012 намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ, ноиби Президенти Комиссияи Аврупо хонум Кэтрин Эштон дар ҳошияи барномаи сафарҳояш ба Осиёи Марказӣ, аз Тоҷикистон боздид ба амал овард. Зимни сафари кӯтоҳмуддат, мулоқоти судманду пурмуҳтавои хонум Кэтрин Эштон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ. Дар соли 2012 ҳаҷми мубодилаи мол байни Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо 462221,1 (чорсаду шасту ду миллиону дусаду бисту як ҳазору сад) доллари ИМА-ро ташкил кард, ки аз он 141143,4 (яксаду чилу як миллиону яксаду чилу се ҳазору чорсад) миллион доллари ИМА ба содирот ва 321077,7 (сесаду бисту як миллиону ҳафтоду ҳафт ҳазору ҳафтсад) доллар ба воридот рост омад.

Ҳамкориҳои фарҳангӣ. Намояндагии Иттиҳоди Аврупо хамасола «Ҳафтаи Аврупо» дар Тоҷикистонро барпо менамояд. Ҳамзамон Сафорати Тоҷикистон дар Белгия иди «Наврӯз»-ро дар шаҳри Брюссел қайд мегирад.

Ҳамкориҳои байналмилалӣ. Аз аввали амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ҳамкорӣ дар дастгирӣ намудани қушунҳои коалитсионии байналмилалӣ дар Афғонистон ва пешниҳод намудани инфрасохтори Тоҷикистон ба афсарони ин кишварҳо ба роҳ монда шудааст, ки боиси гувоҳии мавқеи ягона доштани ҷонибҳо дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Ҷонибҳо ҳамзамон дар доираи Созмони Умумиҷаҳоинии Савдо ҳамкорӣ менамоянд.

Weniger…

Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ

Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ (2007-2013) равобити дутарафаро дар ҳамаи соҳаҳои ҳамкорӣ вусъат медиҳад. Тавассути гузаронидани вохӯриҳои мунтазами вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Стратегия муколамаи сиёсиро тақвият дода, инчунин шоҳиди ҷорӣ шудани муколамаи таркибӣ оид ба масоили ҳуқуқи инсон гардида, ба иқдомоти Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои маориф, волоияти қонун, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои об оғоз бахшид. Стратегия аз ин зиёда ба вусъатёбии ҳамкориҳо дар соҳаи нерӯ ва нақлиёт, таҳдид ва душвориҳои умум (аз ҷумла, идораи сарҳад  ва мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир), инчунин равобит дар соҳаҳои савдо ва иқтисодиёт кӯмак намуд. Амалӣ гардонидани Стратегия тавассути зиёд шудани ҳаҷми кӯмаки молиявии Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ (2014-2020) дар сатҳи коркард қарор дорад. ...

Барномаи ИА оид ба мусоидат дар идораи сарҳад дар ОМ (БОМКА)

Барномаи БОМКА аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид татбиқ мешавад. Барнома соли 2003 баъди ба имзо расидани Созишнома байни Комиссияи Аврупо ва Барномаи рушди СММ (БРСММ) оғоз гардид. Буҷаи умумии Барнома аз соли 2003 то соли 2014 - 36 млн. евроро ташкил медиҳад, ки байни иштирокчиёни он - Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Туркманистон тақсим гардидааст.

Mehr…

Аз аввали татбиқшавӣ то охири соли 2013 Барномаи БОМКА 8 марҳиларо паси сар намуд. Моҳи июли соли 2011 Иттиҳоди Аврупо ва Барномаи рушди СММ расман оид ба оғоз гардидани марҳилаи 8-уми Барнома эълон намуда буданд. Буҷаи марҳилаи 8-уми Барнома 8,690,000 евроро барои тамоми кишварҳои иштирокчӣ ташкил медод.

Мақсади асосии Барнома таъмини амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамчунин мусоидат ҷиҳати рушди иқтисодии устувор, ҳамкории минтақавӣҳам дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳам байни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо мебошад. Ғайр аз ин, унсури таълимии Барномаи БОМКА дар ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалӣ оид ба рушди сиёсати муҳоҷират, воқеъ дар шаҳри Венаи Австрия амалӣ мегардад.

Барномаи БОМКА ба Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дигар, ки ба идора намудани сарҳад ҷалб шудаанд, кӯмаки техникӣ мерасонад. Кӯмаки мазкур асосан аз устуворгардонии иқтидори маҳаллӣ, машварат додан оид ба масъалаҳои ислоҳоти сохторӣ, устуворгардонии иқтидор дар мубориза бо маводи нашъаовар, таҷдиди инфрасохтор, ҳамчунин ягонагардонии барномаҳои таълимӣ иборат аст.

Шурӯъ аз соли 2003, ҳар сол Конфронси гурӯҳи ташаббускори Осиёи Марказӣ оид ба амнияти сарҳадот (КАБСИ) гузаронида мешавад, ки он яке аз шаклҳои ҳамоҳангсозӣ ва муҳокима намудани чорабиниҳо ва ҳадафҳои стратегии Барномаи БОМКА мебошад.

Дар нимаи дуюми соли 2014 оғози татбиқи марҳилаи 9-уми Барномаи БОМКА дар назар аст.

Weniger…

Лоиҳаи мусоидат дар идора намудани сарҳадоти Афғонистони шимолӣ (БОМНАФ)

Лоиҳаи БОМНАФ 13 декабри соли 2010 оғоз гардида, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ ва аз ҷониби Барномаи рушди СММ (БРСММ) татбиқ мегардад. Буҷаи умумии лоиҳа 10 709 505 доллари ИМА-ро ташкил дода, асосан барои ташкил намудани низоми сарҳадӣ дар қисмати шимолии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пешбинӣ шудааст.  Лоиҳа барои паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ, баланд бардоштани иқтидор барои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, терроризм ва таъмини амният дар Сарҳади Афғонистон бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон равона шудааст.

Mehr…

Мақсадҳои асосии БОМНАФ устувор гардонидани иқтидор ҷиҳати идора намудани сарҳад ва рушди ҳамкории фаромарзӣ дар музофотҳои шимолии Афғонистон, афзун гардонидани тиҷорати қонунӣ ва убури қонунии Сарҳади Афғонистон бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, таъмин намудани шароити мусоид барои мустаҳкам гардонидани боварии тарафайн, рушди минтақавӣ, танзим ва рафъ намудани низоъҳо ва таъмини амнияти инсон мебошанд.

Weniger…

Суроғаи мо:

Perleberger Str. 43
D-10559 Berlin
Telefon: +49 30 347930-0
Telefax: +49 30 347930-29
info@botschaft-tadschikistan.de