дар Олмон, Чехия ва Лаҳистон

Конвенсияи Гаага: Расмикунонии ҳуҷҷатҳо осон мешавад

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи дохилшавӣ ба Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ қарор дорад.  Дар ин бора рӯзи 26 сентябр зимни як нишасти матбуотӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ ба хабарнигорон иттилоъ доданд. Ба бовари Кристоф Бернаскони, дабири кулли Конфронси Гаага оид ба ҳуқуқи хусусӣ ва байналмилалӣ, ки бо сафаре дар Тоҷикистон қарор дошт, кишвари мо  дар сурати пайвастан ба ин шартномаи муваффақи ҷаҳонӣ метавонад дар раванди тасвиби ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон сабукиҳо эҷод кунад.

Mehr…

Дар нишаст зикр шуд, ки Тоҷикистон раванди ҳамроҳшавӣ ба ин конвенсияро идома дода, дар робита ба он ҳавасмандӣ ва иродаи сиёсии худро нишон медиҳад. Ба ин манзур, бо ёрии техникии IFC гурӯҳи кории байниидоравӣ таҳти раёсати вазоратҳои корҳои хориҷиву адлия таъсис шуда, то кунун ҳуҷҷатҳои заруриро тартиб додааст. Ҳамчунин лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат ҷиҳати воридшавӣ ба Конвенсияи Гаага оид ба Апостил қабул гардида, дастурамал доир ба апостилкунонӣ ва ислоҳу иловаҳо ба 9 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом шудааст.  
Ҳар сол ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳадафҳои гуногун ба хориҷи мамлакат сафар мекунанд ва онҳоро зарур аст, ҳуҷҷатҳои зарурии худро ба расмият дароранд, ки ин амр ба дунбол хароҷоти зиёд дорад. Конвенсияи Гаага ин раванди мураккабро сода намуда, бар асоси он барои тафтиши аслӣ будани ҳуҷҷат дар кишварҳои узви конвенсия Апостил мегузоранд. Апостил бошад муҳри вижаест, ки дар ҳуҷҷатҳои расмӣ гузошта мешавад ва дар ҳудуди кишварҳои узв ба маънои тасдиқи ҳуҷҷат аст.
Ин паймон ҳанӯз соли 1961 бо мақсади сода кардани раванди эътирофи ҳуҷҷатҳои хориҷӣ дар шаҳри Гаагаи Ҳоланд таъсис шуд, ки бекор кардани талаботи легализатсияи ҳуҷҷатҳо меҳвари аслии кори он аст.
То кунун 107 кишвари ҷаҳон узви Конвенсияи Гаага мебошад ва қарор аст Ҷумҳурии Тоҷикистон то поёни соли 2014 ба он шомил шавад.

Weniger…

Суратҳисоби бонкӣ

Inhaber: Botschaft Tadschikistan
Konto: 23 9881 601 BLZ: 100 700 00 
Bank: Deutsche Bank Berlin 
IBAN: DE23 1007 0000 0239 8816 01
BIC (SWIFT): DEUTDEBBXXX

Робита

Телефон: +49 30 347930-17
Телефакс: +49 30 347930-29
konsulat_berlin(at)botschaft-tadschikistan.de