дар Олмон, Чехия ва Лаҳистон

Ҳамкориҳо баҳри рушд

Тоҷикистон аз соли 2002 инҷониб ҳамшарики Олмон дар бахши ҳамкориҳо баҳри рушд ба ҳисоб меравад. Аз он вақт инҷониб Олмон як қатор лоиҳаҳоро дар бахши рушди босуботи иқтисодӣ, ҳифзи аҳолӣ, энергияи таҷдидшаванда, ҳифзи муҳити зист ва ҷилавгирӣ аз офатҳои табиӣ маблағузорӣ мекунад.

Имрӯз дар Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ), Маркази муҳоҷирати байналмилалӣ ва рушд (CIM) ва Бонки таҷдиди Олмон (KfW) зиёда аз 40 нафар мутахассисону коршиносони олмонӣ фаъолият мекунанд.

Механизми асосӣ ва танзимкунандаи муносибатҳо баҳри рушд гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон ба ҳисоб меравад, ки дар асоси «Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкориҳои техникӣ аз соли 2003» ба роҳ монда шудааст. Аз он вақт инҷониб ҳамасола дар шаҳрҳои Душанбе ва Бонн соле як маротиба музокирот/гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ баргузор мегарданд, ки дар рафти он самтҳои асосии ҳамкориҳо баҳри рушд муайян карда мешаванд.

Моҳи октябри соли 2014 гуфтушунидҳои навбатӣ дар шаҳри Бонни Олмон баргузор гардиданд. Дар рафти ин музокирот Олмон ба ҷониби Тоҷикистон барои амалисозии лоиҳаҳо  дар ҳаҷми 54,7 миллион евро ҷудо намуд. Аз ин маблағҳо, ки бояд дар солҳои 2014-2015 амалӣ шаванд, 34,5 миллион евро барои ҳамкориҳои молиявӣ ва 20 миллион евро барои ҳамкориҳои техникӣ ҷудо гардиданд.  Гузашта аз ин, Ҳукумати федеролӣ дар чаҳорчӯбаи  ташаббуси махсус ҷиҳати чораҳои иловагӣ баҳри мутобиқат ба тағйирёбии иқлим ва нигоҳдории ҷангал ва муҳити биологӣ» аз ҳисоби маблағҳои махсуси «Фонди энергетика ва муҳити зист (EKF) дар ҳаҷми 10,8 миллион евро барои татбиқи лоиҳаҳои бахши ҷангалпарварӣ дар Тоҷикистон ҷудо намудааст.

Дар баробари созмонҳои дар боло зикршуда, ҳамчунин фаъолияти «Созмони олмонии мусоидат ба маҳви гуруснагӣ дар ҷаҳон»  (Welthungerhilfe)  дар Тоҷикистон ба таври хуб ба роҳ монда шудааст. Ин созмон, ки дар солҳои нахустини истиқлолияти Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои башардӯстона машғул буд, имрӯзро лоиҳаҳои бешуморро дар самти амнияти озуқаворӣ, рушди деҳот ва ҷилавгирӣ аз фалокатҳо татбиқ менамояд.

Музокироти байниҳукуматии навбатӣ 14-15 октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Қарор аст дар рафти музокирот дурнамои ҳамкориҳо баҳри рушд барои солҳои 2016-2017 мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирад.

Мутобиқи аҳдномаҳои дар ҷараёни гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон мувофиқашуда, ки соли 2014 дар шаҳри Бонни Ҷумҳурии Федеролии Олмон доир гардида буданд, 25 сентябри соли 2015 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Шартнома оид ба пешниҳоди кумаки молиявӣ (грант) барои сохтмони манзил, марҳилаи дуюм ба маблағи 8,0 млн. евро ва шартномаи иловагӣ ба Созишномаи молиявӣ ҷиҳати барномаи мубориза алайҳи бемории сил, марҳилаи чорум ба маблағи 213,4 ҳазор евро баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисоди кишвар, дар доираи Барномаи рушди маблағгузории хурд дар деҳот марҳилаи аввали лоиҳаи сохтмони манзил татбиқ мешавад, ки барои он қаблан 8,0 млн. евро ҷудо гардида буд. Маблағи мазкур барои марҳилаи дуюми ин лоиҳа равона хоҳад гардид. Дар натиҷаи татбиқи ин барнома дастрасии аҳолии деҳот ба хизматрасонии бонкӣ, алалхусус дар самти дастрасии қарзҳо барои беҳтар намудани шароити зист дар деҳот беҳтар мешавад.  Гуфта мешавад, ки Ҳукумати Олмон дар доираи «Барномаи мубориза алайҳи бемории сил» то имрӯз дар ҳаҷми зиёда аз 19 млн. евро ҷудо намудааст. Ин маблағҳо барои такмил ва таҷҳизонидани Беморхонаи ҷумҳуриявии бемории сили «Мачитон» равона гардиданд. Маблағҳои иловагӣ барои зиёд кардани буҷети умумӣ аз рӯи ин лоиҳа нигаронида шудаанд. 

Тибқи муқаррароти протоколи Гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон аз моҳи октябри соли 2014  Дафтари кории Муассисаи молиявии KfW дар шаҳри Душанбе то моҳи июни соли 2014 дар асоси табодули Ёддоштҳо ифтитоҳ мегардид. Сафорати Тоҷикистон дар Берлин дар ин бобат аз Марказ то ҳол маълумот дарёфт накардааст.

Дар ҳолати 1 октябри 2015

Суроғаи мо:

Perleberger Str. 43
D-10559 Berlin
Telefon: +49 30 347930-0
Telefax: +49 30 347930-29
info@botschaft-tadschikistan.de