дар Олмон, Чехия ва Лаҳистон

Тоҷикистон – мавзеи нави сайёҳони хориҷӣ

Филми нави мустанад, ки чанде пеш дар Шабакаи Марказии Олмон «ZDF» ба маърази тамошо гузошта шуд, дар баҳсу мунозираҳои шабакаҳои иҷтимоӣ як навъ вокуниши мусбиро ба миён овард. Ҳамзамон афзоиши таваҷҷӯҳи сайёҳони олмонӣ боиси фараҳмандист. Мо тасмим гирифтем, мӯҳтавои онро ба таври фишурда пешкаши тамошобинону хонандагони тоҷикзабон гардонем.  Филми мустанадро метавонед ин чо тамошо кунед.

Помир, Боми Ҷаҳон, боду шамол ва чаману марғзор, қутос ва одамони хушбахт, миёни онҳо як нафар коршиноси бахши сайёҳӣ аз Олмон. Маттиас Поешел аз шаҳри Ашерслебени музофоти Саксония-Анҳалти Олмон. Ин сайёҳи олмонӣ тасмим дорад, имрӯз қутоссаворӣ кунад. Турфа касбе. Ҷое кор мекунӣ, ки дигарон аслан мураххасии худро мегузаронанд. Маттиас ба нафароне кӯмак мерасонад, ки мехоҳанд ояндаи худро дар бахши туризм ва сайёҳӣ созанд. Ва Махан аз ҷумлаи ин соҳибкорони таҳҷоӣ мебошад. Махан қаблан ба шикори ҳайвоноти нодир машғул буд. Имрӯз бошад ӯ ба сайёҳони хориҷӣ чи тавр қутос савор шуданро нишон медиҳад.

Mehr…

Маттиас мегӯяд, «қутос аслан аз ҷумлаи куҳантарин ҳайвонот ба ҳисоб меравад, ки аз давраи  пайдоиши инсоният инҷониб арзи ҳастӣ дорад. Ва қутоссаворӣ дар асл як таассуроти ғалатӣ аст. Кас болои қутос савор шуда, ҳамзамон мафтуни ин манзараҳои афсонавӣ мегардад. Ман алалкай дар ҳаяҷонам».  Маттиас ин мавзеи камбутта, вале серодамро хеле дӯст медорад. Баъзан вақт сайёҳ шоҳиди дидани ҳайвоноти нодири силовсини барфӣ (леопард) ва ё бузи Марко Поло мегардад.  

Маттиас: Тоҷикистон як мавзеи сайёҳие ба ҳисоб  меравад, ки бисёриҳо аз мавҷудияти он огоҳ нестанд. Ва ҳадаф аз он иборат аст, ки бо истифодаи донишу малакаҳои ман ва дар ҳамкорӣ бо ҳашарикони тоҷики худ ин мавзеи сайёҳии то ҳол кашфношударо ба ҷаҳониён хубтар муаррифӣ созем».

Назаре ба платои Помири бузург афсункунанда аст. Аз нисф зиёди ҳудуди Тоҷикистон дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Ва ин шоҳроҳи Pamir Highway мебошад. 

Баъзан вақт Маттиас 250 км роҳро дар  шаш соат тай мекунад. Ва ҳар дафъа зимни сафар ӯ ба ақидае меояд, ки Тоҷикистон дар асл мавзеи сайёҳи барои он нафароне аст, ки дар ҷустуҷӯи саргузаштҳои ғалатӣ берун аз мавзеҳои аломатгузошта мебошанд.

Инак якуним сол боз Маттиас дар шаҳри Хоруғ зиндагӣ мекунад. Дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр Боғи ботаникӣ ҷойгир аст. Маттиас бо камоли майл ва бо пайдошавии фурсати муносиб дар ҳалқаи ҳамкорони худ ба тамошои ин боғ меояд.

У дар доираи яке аз лоиҳаҳои Бунёди Оғохон фаъолият мекунад, ки аз ҷониби маблағҳои Ҳукумати федеролии Олмон маблағгузорӣ мегардад. Вале ӯ намехоҳад, ки барои амалисозии ин лоиҳа аз беруни кишвар мутахассисонро ҷалб кунад, балки бо дастгирии мутахассисони таҳҷоӣ дар рушди минбаъдаи сайёҳи дар ин минтақа мусоидат кунад. Тавассути самимияти мардуми тоҷик аз ин ҳамкориҳо миёни Матиас ва кормандони таҳҷоӣ дӯстии қавӣ ба миён омадааст.

Маттиас: Ман аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ дар Тоҷикистон мутаҳаййир будам, ки то чи андоза одамон дар ин кишвар кушоду самимӣ ва табиӣ мебошанд. Ҳар дафъа, вақте ки ман ба хонаи дӯстам Асад меҳмонӣ меоям, падари ӯ маро сидқан ба оғӯш мегирад, он тавре ки гӯё ман дар асл писари ӯ бошам. Ва маро ҳар дафъа эҳсоси хушҳоливу фараҳмандӣ фаро мегирад, ки ман ҳамчун узви ин оила ва ин ҷомеа пазируфта шудаам».

Вақте ки Маттиса тамим гирифт, барои фаъолият ба Тоҷикистон сафар кунад, ин кишвар дар тасаввуроти ба мисли як нуқтаи сафед дар харита монанд буд –як кишваре, ки дар Осиёи Марказӣ дар шимоли Афғонистон ҷойгир аст. Мавзее, ки ҷомеаи Олмон аз он ҷо одатан хабарҳои манфӣ дар бобати муборизаи Толибон ва Давлати исломӣ  мешунаванд.

Оё шумо эҳсосоти манфи низ доштед, вақте ба ин ҷо омадед? Чи хеле ҳам набошад, дар он тарафи дарё Афғонистон ҷойгир аст, мепурсад журналист.

Маттиас: „Модарам  сари ин андеша мекунад, аммо ман аз ин ҳеҷ як ҳаросу андеша надорам“.

Вазъ дар Тоҷикистон нисбатан ором аст, агарчанде солҳои гузашта дар марз аҳён-аҳён садои тирпаронӣ шунида мешуд. Вале ин тирпарониҳо аслан  миёни қочоқчиёни маводи мухаддир аз Афғонистон ва муҳофизони марз аз Тоҷикистон буданд. Танҳо ин дарёи Панҷ ҳар ду кишварро аз ҳам ҷудо мекунад, ҳадди аққал аз лиҳози ҷуғрофӣ. Вале аз лиҳози фарҳангӣ мардумони ду  соҳили дарё бо ҳам робитаҳои қадимӣ доранд. Ва ин робитаро кас дар бозорҳои наздисарҳадӣ мушоҳида карда метавонад. Танҳо дар муддати якчанд соат тоҷирон ва мизоҷони афғонӣ метавонанд бидуни иҷозаи раводид вориди ин бозор гардиданд. «Таъсиси бозор дар асл як кори хеле хуб аст. «Мо дар ҳар ду ҷониб хешу таборони худро дорем. Гузашта аз ин мо дар ин бозор маводҳоеро дастрас карда метавонем, ки пайдо кардани онҳо дар Афғонистон номумкина аст», мегуяд тоҷири афғонӣ.

Маттиас бошад ҳамеша пушти чанбараки мошини худ, дар сӯҳбат бо мардум, ва аҳён аҳён ӯ дар утоқи кории худ менишинад. Агарчанде ақрабаки соатҳо дар ин кишвар тамоман дигар хел давр зада, паҳлӯи дигари  анъанаҳои фарҳанги олмонӣ, аз қабили дақиқкориву ҳадафгузорӣ ва нақшасозиро нишон диҳанд ҳам, барои Маттиас як пешаи муддаои дил ба ҳисоб меравад. Мулоқоту вохӯриҳо одатан бидуни тарҳрезии қаблӣ муқаррар карда мешаванд. Ва баъзан вақт ҳолатҳое Маттиасро водор мекунад, ки суръати фаъолияти худро каме поён барад, масалан ҳангоми сафар бо таксиҳо.

Маттиас: „Агар ту нахустин шуда ба ронандаи такси кай ба роҳ баромаданро пурсӣ, ӯ шояд омодагии худро барои баъди ду соат ба роҳ баромадан изҳор намояд. Дар ин муддат шояд нафарони дигар ҳам  биёянд. Чун як-ду ҷо холӣ ки ҳаст, маҷбур мешавӣ ки боз соатҳои иловагӣ интизор шавӣ. Албатта ин ба тарҳрезии нақшаи корӣ халал мерасонад, аз ҷониби дигар бошад як машқи хубе аст, то кас тавонад пуртоқатии худро такмил диҳад. Кас дар чунин ҳолатҳо хеле босабр мегардад, ва албатта имкон меёбад, мушоҳида кунад, омӯзад ва хулоса барорад».

Рӯзи дигар бошад Маттиас ба пояи қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш раҳсипор гардид. Қалъаи Каҳ-каҳа  ҳанӯз дар замони  сулолаи Кушониён як истеҳкоми пурқувват бар зидди аҷнабиён ба ҳисоб мерафт, ки дар дохили он мардуми таҳҷоӣ паноҳ мебурд. Акнун ин қалъаи ба фаромӯшӣ рафта бояд мавзеи диданӣ барои сайёҳон гардад. Аз ин рӯ Маттиас мехоҳад ин ҷо як аломати ишоракунанда гузорад. Аллакай ғурфаи фуруши маҳсулоти дастӣ, либосҳои арӯсӣ ва ҳатто ҷиҳозҳо аз кишвари ҳамсоя низ қомат афрохтааст. Ин каллапуш, масалан, кулоҳи афғонӣ мебошад, ин бошад гарданбанди афғонӣ. Ин куртаи дароз, ки дар мардуми афғон пату номида мешавад аз болои либосҳо ба бар карда мешавад.

Худ бубинед, ки кӯмаку ёрӣ низ аллакай бидуни дархост омада расид. Ин ҳам як рукни мусбии фарҳанги Тоҷикистон ҳаст, ки мардуми бидуни дархост ҳамеша барои ёрӣ додан омодаанд. Як нафар аз ҳамсоягон ба ёрӣ шитофта, аломатро ба замин мегуронад.  Ин албатта барои Маттиас айни муддао ва ишорае ба ҳисоб меравад, ки аҳолии таҳҷоӣ масъулияти бештарро нисбати таъриху фарҳанг ва ояндаи худ ба дӯш гирифта ташаббус нишон диҳанд.

Бегоҳии ҳамон рӯз бошад Маттиас барои мизбони худ, ки дар меҳмонхонаи ӯ қарор дорад, як тӯҳфаи ғалатӣ овард.

Маттиас: „Меҳмонхонаи Айдар утоқҳои хеле хубу бароҳат дорад ва бо насби ташноби иловагӣ он боз ҳам хубтар мегардад».

Меҳмондориву меҳмоннавозӣ барои мардуми Помир як чизи муқаддас ба ҳисоб меравад. Барои ин пул талаб кардан барои Айдар дар аввал хеле ноқуллай ва нофорам буд. Аммо бо мурури замон ӯ ба ин одат кард. 

Айдар: „ Ман мехоҳам ба ҳар як нафар меҳмон ба мисли узви оилаи худ рафтор кунам. Ман мехоҳам ки меҳмонони мо худро нағз ҳис карда бо таассуроти нек нисбати мо ва нисбати кишвари мо ба ватани худ  баргарданд. Маттиас Пошел дар Помири Тоҷикистон маҳз он касберо пайдо кард, ки муддаои дилу хоҳиши ӯ мебошад. У мехоҳад ин ҷо як чанд сол бимонад сипас тасмим дорад ба Америкаи лотинӣ равад.

Weniger…

Балҷувон. Афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ

Танҳо дар соли 2014-ум 72 ҷаҳонгарди хориҷӣ ва ҳазорҳо сайёҳи ватанӣ барои тамошои табиати зебо ва мавзеъҳои таърихӣ ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон омадаанд. Фотеҳ Аминзода, раиси ноҳияи Балҷувон, зимни нишасти матбуотиаш гуфт, ки солҳои охир теъдоди сайёҳон ба ин ноҳия, ки минтақаи туристӣ элон шудааст, рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Аз 72 сайёҳи хориҷӣ, ки вориди ноҳияи Балҷувон шудаанд, ки 26 нафар аз Фаронса, 16 нафар аз Испания, 9 нафар аз Русия, 4 нафар аз Португалия, 2 нафар аз Олмон ва 1 нафар аз Украина будаанд. Ба ҷаҳонгардон, пеш аз ҳама, обу ҳавои дилкаш, чашмаҳо, меваҳои хуштаъму лазиз ва мардуми меҳмонавози Балҷувон писанд аст, - зикр кард Ф. Аминзода. - Онҳо бештар ба шикор таваҷҷуҳ доранд. Шикори бузи кӯҳӣ, хуки ёбоӣ, гург, хирс барои сайёҳон хеле писанд аст. Мо низ барои онҳо имконияту шароити хуб фароҳам оварда, кӯшиш мекунем, ки сайёҳон аз сафари хеш баҳра бардоранд.

Ба қавли раиси ноҳияи Балҷувон, ба хотири ҷалби шумораи бештари сайёҳони хориҷӣ дар деҳаи Мазор меҳмонхонаи муосир бунёд гардида, умури сохтмонии як меҳмонхонаи сатҳи байналмилалӣ дар рустои Товаши ҷамоати деҳоти Сарихосор ҷараён дорад. Ба ҷуз ин, бозсозии роҳи мошингарди Данғара-Кангурт дар арафаи анҷомёбӣ буда, оғози сохтмони литсейи касбии сайёҳӣ дар ояндаи наздик дар назар аст. Барои маълумоти бештар лутфан ба ин ҷо ворид шавед

Сарихосор- минтақаи озоди туристӣ

Одамон мавзеи Сарихосорро ба як гӯшаи биҳишти рӯйи замин ташбеҳ медиҳанд. Сарихосор ҳамчун ҷузъи минтақаи Кӯлоб яке аз марзҳои тамаддунии халқи точик буда, чандин аср боз арзишҳои мардуми ин ҷо мавриди баҳси олимону коршиносони соҳаҳои гуногуни илм қарор доранд. Мардуми маҳаллӣ чанде пеш дар деҳаи Шаҳидон қабристонеро ёфтанд, ки мувофиқи хулосаи пешакии бостоншиносон дар он ҷанговарони давраи Ҳайтолиён гӯронда шуда, ба асрҳои 2-5 мансуб мебошад. Дарвоқеъ, яку якбора дар заминаи ин ҳафриёт ба таври умум ташреҳ додани таърихи ин мавзеъ хеле мушкил аст, зеро то ҳол таърихи ин диёр дар муқоиса ба дигар мавзеъҳои минтақа мавриди омӯзиши олимони соҳа қарор нагирифтааст.

Mehr…

Бинобар ин, гарчанде ҳамагон оид ба ин диёр бо ифтихор ҳарф зананд ҳам, нисбат ба табиату таърихи он то ҳол ягон муҳаққиқ аз нигоҳи зоогеографӣ, биогеографӣ, геоботаникӣ ва географияи наботот пажӯҳишҳои мушаххас набурдааст. Вале симои ландшафти ҳозираи ин марз баёнгари он аст, ки ин мулк таърихи куҳан дошта, он давраҳои гуногуни геологиро аз сар гузаронидааст. Возеҳтар гӯем, ҷинсҳои кӯҳие, ки ин марзро фаро гирифтаанд, таркиби басе мураккаб дошта, аз қадима будани он башорат медиҳанд. Агар бостоншиносон таърихи ин мулкро амиқ таҳқиқ намоянд, аз ҷинсҳои кӯҳӣ дида нишонаҳои қадимтареро дарёфт намудан мушкил нест. Ин ҷо фақат гуфта метавонем, ки мавҷудияти ёдгориҳои табиию таърихӣ сад дар сад кафолати қадима будани ин марзро нишон медиҳанд. Азбаски нисбати таърихи ин диёр дар адабиётҳои илмию оммавӣ далели мушаххас вонамехӯрад, аз ин рӯ, моро дар чунин ҳолат зарур аст, ки нисбати ин мулк андешаҳои шифоҳӣ ва аснодҳои заруриро ҷамъоварӣ намуда, ба таври муфассал дар муқоиса бо далелҳои гуногун ба омӯзиши он машғул шавем. Зеро омӯзиши он барои корҳои минбаъдаи таҳқиқотӣ пайраҳае кушода, дар ин самт метавонад ҳамчун замина хизмат намояд. Вобаста ба ин, агар ба арзишҳои илмӣ руҷӯъ намоем, маълум мегардад, ки табиати Тоҷикистон дорои захираҳои бойи генетикӣ буда, он ҳамчун маркази пайдоиши як қатор зироатҳои ғалладонагӣ ба шумор меравад. Миёни мардуми Сарихосор оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, бахусус боғдорию зироаткорӣ масалу андешаҳои ҷолиб хеле зиёд ба чашм мерасад. Ва ин шакли далелу андешаҳо нақши боризи ин мардумро дар ҳаёти иқтисодию фарҳангии халқи тоҷик нишон медиҳад. Бино бар ин, моро зарур аст, ки ҳар як бозёфти таъриху табиат ва андешаҳо доир ба ин диёрро ҷузъан мунсифона таҳлилу таҳқиқ намуда, сипас хулосаҳои амиқи илмию амалӣ барорем. Зеро насли имрӯза нисбат ба табиату таърихи ин мулк, мутаассифона, маълумоти хеле кам дорад. Мақсад ҷустуҷӯи роҳҳои нави расидан ба «иқтисодиёти сабз»-и ин мавзеъ мебошад. Солҳои 80-уми асри гузашта дар асоси арзишҳои илми муосир барномаи тараққиёти комплексии мақсадноки рушди боғу токпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида буд. Ҳафт сол муқаддам, дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ низ бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ барномаи мақсадноки давлатӣ оид ба рушди боғу токпарварӣ барои солҳои 2005 – 2010 қабул шуд. Гарчанде шароитҳои иқлимии мавзеи Сарихосор барои тараққӣ додани боғу токпарварӣ хеле мусоид бошанд ҳам, дар шакли қиёсӣ ин барномаҳо вобаста ба ин маҳал мавриди арзёбии мутасаддиёни соҳа қарор нагирифтааст. Далел ин аст, ки то ҳол аз тарафи масъулони соҳа фонди генетикии боғҳои ин диёр ба як низоми муайян дароварда нашудааст. Ҳатто дар алоқа ба густариши муносибатҳои бозорӣ баҳри беҳтар намудани таркиби навъи ниҳолҳои боғҳои ин мавзеъ чорабиниҳои биотехникӣ амалӣ гардонда нашудаанд. Аз ин лиҳоз, бо боварии том гуфта метавонем, ки дар шароити гузариш ба муносибатҳои бозорӣ то ҳол қимати боғпарварии ин мавзеъ аз лиҳози иқтисодӣ натиҷагирӣ карда нашудааст. Ҳол он ки дар ин мулк шаклҳои мухталифи пайвандии чормағзу тут ва дигар навъҳои дарахтоне вомехӯранд, ки дар дигар минтақаҳои кишварамон дучор намегарданд. Ин далел баёнгари он аст, ки миёни ин мардум селексияи маҳаллӣ таърихи куҳан дошта, ин диёр яке аз мавзеъҳои қадимаи кишоварзии кишварамон мебошад. Аз ин рӯ, мутасаддиёни соҳаро дар заминаи ин барномаҳо зарур буд, ки модели нави инкишофи иқтисодии мавзеъро дар алоқа ба шароитҳои иқлимӣ ва дастовардҳои селексияи маҳаллӣ бо асосноксозии илмӣ таҳия менамуданд. Хушбахтона, Сарвари давлатамон дар заминаи Паёми имсолааш ба Маҷлиси намояндагон масъулони сохторҳои гуногуни Ҳукуматро вазифадор намуд, ки зимни азхудкунии захираҳои табиӣ, ба ҷиҳати тадриҷан аз мамлакати аграрӣ – саноатӣ ба мамлакати индустриявӣ – аграрӣ табдил додани кишварамон барномаҳои дахлдорро роҳандозӣ намоянд. Ҳамчунин пешниҳод намуд, ки солҳои 2014 - 2020 давраи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ эълон карда шавад. Бе ҳеҷ як шакку шубҳа, ин андешаи Сарвари давлат дар заминаи роҳҳои расидан ба рушди устувори иқтисодии ин мавзеъ ва таҳқиқи таърихи ин мулк тобиши нави коргузориро аз дидгоҳҳои гуногун ба миён мегузорад. Дарвоқеъ, ба таърихи ин мулк аз нигоҳи селексияи маҳаллӣ баҳогузорӣ намудан тобиши навро дар ин илм ба миён мегузорад. Ин нишондод як тарафи масъала мебошад. Тарафи дигараш, симои ландшафти ҳозираи ин диёр баёнгари он аст, ки ин мулк дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ буда, барои ҷалби сайёҳон ганҷинаҳои табиии он иқтидори воқеӣ дорад. Гарчанде Ҳукумати Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки рушди иқтисодиёт эълон намуда бошад ҳам, дар ин мавзеъ рушди ин соҳа ба талаботи замон ҷавоб намедиҳад. Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ дар алоқа бо рушди соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт, бахусус туризм дар ин мавзеъ зарурияти ташкил намудани минтақаи озоди туристиро пеш гузошта буд. Дарвоқеъ, ташкил намудани минтақаҳои озоди туристӣ ҷузъи ислоҳоти иқтисодӣ буда, он пойдории муносибатҳои бозориро дар кишвар таъмин менамояд. Ҳоло дар ҷаҳон бештар аз 100 минтақаи озоди туристӣ фаъолият доранд. Феълан арзишҳои илмӣ собит менамояд, ки айни замон туризми экологӣ дар индустрияи ҷаҳонии туризм мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Мувофиқи пешгӯиҳои коршиносони байналмилалӣ то соли 2020 туризми экологӣ дар қатори панҷ раванди асосии стратегияи рушд дохил карда мешавад.
Вобаста ба ин, ҷамъоварии далел-ҳо ва омӯзишу таҳқиқи ҳарҷонибаи онҳо дар бораи Сарихосор имкон фароҳам меоваранд, ки дурнамои иқтисодиёти онро дар иртибот ба арзишҳои илмӣ ба роҳ монем. Чунки на дар давраи шуравӣ ва на дар давраи соҳибистиқлолӣ аз нуқоти илмӣ тарҳи нави обод намудани ин диёр тарҳрезӣ нашудааст. Вале мавзеи Сарихосор байни сайёҳони ватанию хориҷӣ бо қуллаҳои ба фалак кашидаю табиати нотакрораш, дарёву дарёчаҳои шӯху пурталотум, чашмаҳои оби соф, ҳавои тозаю беғубор, набототу гиёҳҳои шифобахшаш хеле машҳур мебошад. Ба ин ҷо солҳои шӯравӣ на танҳо аз ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, инчунин аз хориҷи кишвар сайёҳон омада, онҳо оид ба обод намудани ин диёр андешаҳои ҷолиб баён намудаанд. Аммо то кунун аз тарафи масъулони соҳа ба таври ҷузъӣ андешаҳои онҳо мавриди натиҷагирӣ қарор наёфтааст. Бояд гуфт, ки яке аз намуди маъмулии ташкили минтақаҳои махсуси озоди иқтисодӣ дар ҷаҳони муосир ин минтақаи сайёҳӣ - осоишгоҳӣ мебошад. Дарвоқеъ, ин мулк барои таъсиси ин гуна минтақа имкониятҳои хеле зиёд дорад. Қобили зикр аст, ки захираҳои ин диёр аҳамияти миллӣ ва байналмилалӣ ва қимати ба худ хосро дороянд. Бино бар ин, даромад аз ин соҳа барои пешравии иқтисодиёти на танҳо ин мавзеъ, балки тамоми минтақаи Кӯлоб аҳамияти хеле калон дошта метавонад. Ба фикри мо, вақти он расидааст, ки мавзеи Сарихосорро ҳамчун озмоишгоҳи илмӣ дар бахши туризм минтақаи озоди иқтисодӣ эълон намуда, даромади молиявии онро дар ибтидо баҳри нигоҳдошти мувозинати табиӣ ва равнақи соҳаи туризм сарф намоем. 

Ҳасан АСОЕВ, коршиноси масоили экологӣ

Weniger…

Тигровая балка: "Жить тебе вечно, заповедник..."

«Многие, вероятно, будут удивлены, услышав, что в Таджикистане есть джунгли. Слово «джунгли» происходит от индийского слова «джангал». Так называются в Индии густые непролазные бамбуковые и другие древесно-кустарниковые заросли с гигантскими травами и лианами по берегам и дельтам рек. Очень похожи на джунгли заросли в поймах рек Средней Азии – «тугаи».
Действительно, когда пробиваешься по зарослям тугая, через стоящие стеной тростники, хаотическое переплетение деревьев, кустарников, лиан и трав, невольно вспоминаешь яркие описания непролазных дебрей тропических лесов Индии или Амазонки.
Раньше тугаи были широко распространены в поймах рек Кафирниган, Вахш, Кызылсу, Пяндж в Юго-Западном Таджикистане. В настоящее время большая часть территории, занятой в прошлом тугайной растительностью, освоена под хлопковые плантации. Тугаи сохранились только в низовьях р.Вахш в заповедном урочище «Тигровая балка» и узкой полосой по р.Аму-Дарья, вдоль таджикско-афганской границы.

Mehr…

Заповедник расположен в устье р.Вахш, занимая площадь более 50 тыс.га. На севере граница проходит непосредственно (раньше с колхозными землями) с землями частных хозяев, на юге проходит естественная граница по р.Пяндж. На западе часть земли Шаартузского района, на востоке часть земли Кумсангирского района и земли Госземзапаса.

«Тигровая балка» - первый заповедник, организованный в Таджикистане. Заповедник был создан 4 ноября 1938г., согласно Постановлению Народного Комиссариата земледелия Таджикской ССР в целях сохранения природного комплекса, характерного для южных пустынь и пойм рек Средней Азии, охраны редких животных и проведения разносторонних научных исследований.

Заповедник «Тигровая балка» является последним на планете самым большим резерватором уникальных сообществ тугайной флоры и фауны. К уникальным объектам, сохраняемым в заповеднике, относятся такие виды животных, как включенные в Международную Красную книгу бухарский олень, джейран, полосатые гиены, а также камышовый кот, выдра персидская. Кроме того, на территории заповедника обитают барсуки, кабаны, дикобразы, зайцы-толаи, уриал, степные кошки, лисицы, шакалы, волки. Из птиц в заповеднике охраняется уникальный подвид фазан- таджикский черно-золотой. В зимний период на водоемах заповедника останавливается множество водоплавающей и околоводной дичи, в том числе белые и черные аисты, бакланы, гуси, лебеди, кряковые утки, лысухи. Некоторая часть кряковых уток – лысух остаются на гнездование. Из пресмыкающихся для заповедника характерны гюрза, эфа, кобра, варан и др.

Флора заповедника представлена более чем 400 видами растений, среди которых много ценных для народного хозяйства лекарственных, кормовых, декоративных, технических, медоносных видов. Свыше 20 видов растений (тюльпан, сахарный тростник, эриантус, джигда и др.) почти не встречаются в настоящее время за пределами заповедника.

Все обитающие там виды представляют собой не самостоятельные «единицы», которые можно было бы сохранить в зоопарках и ботанических садах, но сложившееся в течение тысячелетий равновесное сообщество, своего рода гомеостат, нарушение которого приведет к необратимому вырождению и исчезновению многих видов, как было, например, с туранским тигром.

Фауна.
Наиболее ценным видом из копытных животных заповедника является бухарский олень, или хангул. Численность его в последние годы несколько снизилась, по данным учетов конца 80-х составляет около 150-200 голов. Основное поголовье оленей держится на юге заповедной территории в окрестностях Голубого затона, озера Халка-Куль и Пионерских озер.

Оптимальная численность оленей на 1000 га в тугаях «Тигровой балки» может быть 35-40 голов. Эта цифра превышает среднюю оптимальную плотность оленей (25-30 голов) во многих хозяйствах СНГ и дальнего зарубежья, что объясняется, в первую очередь, малой потребностью бухарского оленя в веточных кормах зимой. Собственно, понятие «зима» для крайнего юга Таджикистана довольно относительно. Почти до конца декабря имеется здесь зеленый корм – результат осенне-зимней вегетации растений. В начале февраля начинается весенняя вегетация эфемеров. Таким образом, бухарский олень нуждается в веточных кормах только в течение одного месяца и то в наиболее суровые зимы. Последний фактор, как известно, в первую очередь лимитирует плотность оленей в Европейской части СНГ и дальнего зарубежья.

Фауна рыб заповедника «Тигровая балка» и р. Вахш в пределах его границ сравнительно не богата и представлена в основном карповыми. Здесь водятся сазан, туркестанский усач, аральский усач, бухарская плотва, жерех-лысач, аральский жерех, самаркандская хромуля, остролучка, сом и изредка попадается шиповка. Доминирующим видом является сазан, вес которого достигает иногда 8 кг. Обычен в озерах и сом. В озере Тухлом, по данным А.Н.Световидова (1952), был добыт сом весом около 100 кг.

В озерах Вахшской поймы живет также крайне любопытный представитель рыбного царства – маленькая гамбузия – истребитель личинок малярийных комаров. Она была завезена в низовья Вахша в 1938 г. Рыбка размножилась и в настоящее время многочисленна во всех озерах.
Необходимо еще упомянуть о большом амударьинском лжелопатоносе – древнейшей рыбе Средней Азии. Она принадлежит к семейству осетровых и является ближайшим родственником лопатоносов, встречающихся в р. Миссисипи в Северной Америке и в р. Янцзы в Китае.
Герпетофауна заповедника довольно разнообразна. Сравнительно часто встречаются змеи, среди которых три вида – среднеазиатская кобра (Naja oxiana Eichw), гюрза (Vipera ebetina L.) и песчаная эфа (Echis carinata Schneid ) – смертельно опасны для человека. Кобра и гюрза живут в тугаях и пустыне, эфа - только в песках. Одним из наиболее экзотических пустынных обитателей «Тигровой балки» является «сухопутный крокодил» - серый варан (Varanus griseus Daudin). Длина его достигает 1,2-1,5 м. Вараны живут обычно в пустующих норах млекопитающих. Питаются в основном насекомыми, грызунами, змеями, иногда поедают даже скорпионов и фаланг.

По разнообразию видового состава первое место из всех позвоночных животных принадлежит птицам. Зимой на озерах-старицах скапливаются в значительном количестве (до 10-15 тысяч) различные виды водоплавающих птиц. Иногда на зимовке встречаются и лебеди. Любопытный обитатель «балки» зимой – белая цапля (Egretta alba alba L.). В отдельные зимы цапли держатся здесь сотнями. Многочисленны стайки чирков-свистунков (Anas crecca crecca L.), красноносых нырков (Aythya rufina Pall.), крякв (Anas platyrhynchos platyrhynchos), серых уток (Anas stepera stepera L.) и др. Обязательной деталью озерного пейзажа заповедника являются лысухи (Fulica atra atra L.).
Но настоящая краса и гордость «Тигровой балки» - это таджикский, или черно-золотой фазан. В связи с освоением под сельскохозяйственные угодья тугайных зарослей сократился и ареал фазанов в Таджикистане. В настоящее время заповедник является почти единственным местом в республике, где численность этих птиц сравнительно велика.

В тугаях «Тигровой балки» обитало 34 вида млекопитающих, в настоящее время их только 33. исчез владыка джунглей – туранский тигр (Felis tigris virgata Matschie). Следы его были отмечены в последний раз 23 марта 1953 г.
Из других хищников в заповеднике встречаются степной волк (Canis lupus campestris Dwigubski), шакал (Canis aureus aureus L.), лисица-караганка (Vulpes vulpes karagan Erxleben), полосатая гиена (Hyaena hyaena L.) и очень редко камышовый кот, или хаус (Felis (Chaus) chaus Güldenstaedt) и др. Но наиболее типичные обитатели тугайных зарослей – это шакал и камышовый кот.
К сожалению, численность хищников в заповеднике из-за антропогенных воздействий очень низкая. Камышовых котов, например насчитывается всего 20-25 особей.

Из грызунов в «Тигровой балке» встречается один из экзотов фауны – дикобраз (Hystrix leucura satunini Muller).
В настоящее время в озерах заповедника встречается нутрия (Myocastor coypus Mollina). Впервые нутрия была завезена сюда осенью 1949 г.
В пустыне и по ее окраинам можно встретить стройную антилопу – джейрана, а в самой гуще джунглей прокладывают свои тропы-тоннели кабаны. В горах Ходжа-Козиан встречаются дикие бараны-муфлоны.

Заповедник «Тигровая балка» - уникальный уголок природы, единственный для всего земного шара. Это живая память о существовавших относительно недавно на громадных площадях густых, непроходимых зарослей древесно-кустарниковой растительности – тугаях. Большое научное и научно-просветительное значение заповедника неоценимо. С другой стороны, сохранившийся уголок тугаев, позволяет оценить современные масштабы влияния человека на природу, на эволюцию ландшафтов нашей планеты.

С момента создания заповедника на его территории работало много ученых: почвоведов, зоологов, ботаников, геологов, социологов и т.д., таких как Э.Н.Благовещенский, П.Д.Гунин, Ю.Горелов, В.А.Стальмакова, О.Б.Переладова, В.В.Князьков, С.Т.Благовещенская, М.Ю.Медведев и многие, многие другие. Даже во время Великой Отечественной войны и в послевоенные годы не прекращались разнообразные научные исследования в резервате, общее руководство которыми осуществлял академик М.Н.Нарзикулов. Под его редакцией уже в 1959 году выходит сборник трудов Института зоологии и паразитологии «Заповедник «Тигровая балка». Само слово заповедник, его история связаны не только с природными комплексами, но и с людьми, которые охраняли его. До сих пор служители заповедника вспоминают молодого ленинградского зоолога Р.Л.Потапова, который в течении нескольких лет не только занимался наукой, изучал животный мир, но и нес настоящую службу, охраняя диких животных от браконьеров, и академика И.А.Абдусалямова, Ю.И.Молотковского, Г.И.Сапожникова.

«Жить тебе вечно, заповедник,
в своей первозданной красоте,
жить для людей, которым ты
никогда не перестанешь быть
нужным» - Г.Н.Сапожников

посетить сайт заповедника: http://tigrovajabalka.tj/

Weniger…

Ба наздикӣ ...

Таассуроти сайёҳони олмонӣ аз сафарҳои худ ба Тоҷикистон

«Савори мавҷҳо дар Тоҷикистон»  Саша Брок, Коммерцбанк Берлин

«Осмони ситоразорро то ҳол хоб мебинам», Петра  Йенс, равоншинос

Садо ва симо (онлайн)

Суроғаи мо:

Perleberger Str. 43
D-10559 Berlin
Telefon: +49 30 347930-0
Telefax: +49 30 347930-29
info@botschaft-tadschikistan.de