дар Олмон, Чехия ва Лаҳистон

Пояи қарордиву ҳуқуқӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон

Пояи қарордиву ҳуқуқӣ. Омили танзимкунандаи муносибатҳои дуҷониба ин заминаи шартномавӣ -ҳуқуқии ҳарду кишвар мебошад. Дар байни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо Олмон кишварест, ки бо Тоҷикистон аз ҳама зиёд санади муштаракро имзо намудааст.

Ҳамкории иқтисодӣ. Бино ба маълумоти Агентии давлатии омор, дар нуҳ моҳи соли 2013 ҳаҷми тиҷорати дуҷониба 26149,8ҳазор доллари ИМА (содирот 541,4ва воридот 25608,4ҳазор доллари ИМА)-ро ташкил дод.

Соҳаҳои асосии фаъолияти онҳо ин истеҳсоли маводҳои сохтмонӣ, ҷорӣ намудани техникаи олмонӣ, истеҳсол ва амалӣ намудани сангҳои сохтмонии декоративӣ, истеҳсол ва амалӣ намудани маҳсулотҳои кишоварзӣ, ҷорӣ намудани техника ва технологияи муосири хориҷӣ ба шумор мераванд.

Аз рўзи барқароршудани муносибатҳои дипломатӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи умумии Ҳукумати Олмон ба Тоҷикистон, дар чаҳорчўбаи ҳамкории техникӣ ва молиявӣ ҷудо кардааст, ба 170 млн. евро мерасад.

1 июни соли 2010 дар чаҳорчӯби Созишномаи ҳамкории техникӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федералии Олмон Бонки Бунёди “Acess Bank Tajikistan” кушода шуд.

 

Aдабиёти муфид