дар Олмон, Чехия ва Лаҳистон

Сафорат

Бузургдошти Мавлоно Ҷомӣ ва Рӯзи забони давлатӣ дар Олмон

 

02.10.2014. Ҷиҳати таҷлили 600-солагии зодрӯзи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва гиромидошти солгарди забони тоҷикӣ дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон чорабинии илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.  Дар конфронси илмӣ бахшида ба ин ду ҷашни муҳим олимону донишмандон ва шарқшиносони Олмон, намояндагони дипломатии корпуси дипломатӣ, намояндагони диаспораҳои форсизабонони Олмон, инчунин устодони муассисаҳои илмӣ ва донишҷӯёну толибилмони факултаҳои шарқшиносӣ иштирок доштанд. 

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов дар назди ҳозирин баромад намуда, мавқеъ ва мартабаи Абдураҳмони Ҷомиро на танҳо ҳамчун шоир, балки ҳамчун мутафаккири замони худ дар рушди тамаддун ва адабиёти форсу тоҷик баланд арзёбӣ кард. Дар ин росто,  саҳми асарҳои таълифнамудаи ӯ ҳамчун маъхазҳои муҳими илмию таърихӣ ва ганҷинаи нотакрори мардумони форсизабон қайд гардид. 

Дар идомаи конфронс раиси ҷамъияти Тоҷикистону Олмон доктор А. Ҳайзер, инчунин устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд профессор Матлуба Хоҷаева, Замира Ғафорова ва Нуралӣ  Нуров бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, дар бораи сатҳи кунунии омӯзиши асарҳои Мавлоно Ҷомӣ иттилоъ доданд.

Боиси зикр аст, ки асарҳои таълифнамудаи Абдураҳмони Ҷомӣ  имрӯзҳо дар доираҳои илмии кишварҳои Ғарб, назири Олмон қадрдонӣ гардида, онҳо аз лиҳози забоншиносӣ, таърихнигорӣ, маҳорати номанависӣ ва услуби мухобироти расмӣ мавриди омӯзишу пажӯҳиш қарор доранд. Асарҳои  Мавлоно Ҷомӣ ҳанӯз охирҳои қарни 17 ба забонҳои лотинӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ тарҷума гардида буданд. Мавлоно ҳамчун шоири  дорои сабки дарӣ дар Девони «Шарқу Ғарб»-и Гёте шахси барҷаста ва борикбин қаламадод гардидааст.

Дар анҷоми чорабинӣ бо ибтикори Сафорат филми мустанад дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ин мутафаккири тоҷик нишон дода шуда, ҳамчунин намоишгоҳи китобҳои ӯ ташкил гардида буд.  

Ҷашни истиқлолият дар Олмон

4 сентябри соли 2014 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон таҷлили ҷашни бистусеюмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинии бошукӯҳ, ки дар толори бинои Дойче Банки шаҳри Берлини Олмон баргузор гардид, меҳмонон, аз ҷумла намояндагони доираҳои сиёсиву иқтисодии кишвар, вакилони парлумони кишвар ва аъзоёни сенати Берлин, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати иқтисод, Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд, дигар идораҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ ва Ҷамъияти тоҷикони Олмон, инчунин донишҷӯёну меҳмонон аз Тоҷикистон ширкат намуданд. 

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов дар назди меҳмонон баромад намуда, дастовардҳои кишварро дар тӯли 23 соли соҳибихтиёрӣ муҳим ва назаррас арзёбӣ кард. Қайд гардид, ки Тоҷикистон омода аст бо кишварҳои Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар як сатҳ  ва ҳамчун шарики боэътимод муомила намояд. Дар ин росто дипломати тоҷик муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Олмонро, ки бар пояи эътимоди мутақобила,  баробарҳуқуқӣ ва риояи манфиатҳои ҳар ду ҷониб асос ёфтаанд, намунаи беҳтарини муносибатҳои дӯстона ва ҳамшарикии мутақобила арзёбӣ намуд.

Сафорат баҳри хотирмон гардонидани чорабинӣ бо иштироки санъаткорони маъруф Фирӯз Баҳор, М. Бурҳонова ва Уте Шилинг барномаи консертӣ омода ва пешкаши иштирокчиён гардонид.

Суроғаи мо:

Perleberger Str. 43
D-10559 Berlin
Telefon: +49 30 347930-0
Telefax: +49 30 347930-29
info@botschaft-tadschikistan.de