дар Олмон, Чехия ва Лаҳистон

Сафир

НЕЪМАТОВ Маликшо Маҳмадшоевич,

Соли таваллудаш  феврали соли 1969, миллаташ  тоҷик, таҳсилоти олӣ, аз 12 июни октябри соли 2014 дар мансаби Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия кор мекунад.

Неъматов М. соли 1994 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (рӯзона), соли 2005 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон (ғоибона), соли 2007 Академияи хизмати давлатии назди президенти Федератсияи Россияро (ғоибона)  хатм  кардааст. Ихтисосаш  «филолог-шарқшинос», «ҳуқуқшинос», «ҳуқуқшинос-ҳамкориҳои байналхалқӣ»  мебошад. Забонҳои пушту, англисӣ, форсӣ ва русиро медонад. Соли 2011 бо Ордени “Шараф” дараҷаи 2 сарфароз гардонида шудааст.  Ӯ оиладор, соҳиби 3 фарзанд аст.

Кор  ва фаъолияти собиқа:

1986-1987-

Корманди китобхонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ш.Душанбе;

1987-1989-

Хизмат дар сафи Қушунҳои мусаллаҳи собиқ ИҶШС;

1989-1994-

Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ш. Душанбе;

1994-1997-

Сармуҳаррири Нашриёти “Каломи Бадеъ”, ш.Душанбе;

1997-1999-

Директори Ҷамъияти саҳомии “Ҷалил”, ш. Душанбе;

1999-2001-

Мушовири намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон, дар Федератсияи Россия,   ш.Санкт-Петербург;

2001-2003

Мутахассиси пешбари Шӯъбаи робита бо кишварҳои ИДМ-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе;

                                  -

Мутахассиси пешбари Шӯъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва кор бо давлатҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;

2003-2007-

Мудири Бахши кор бо давлатҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;

                             -

Ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2007-2014-

Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе;

Аз 14.06.2014 то ҳол-

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия, ш.Берлин.

 

Берунороӣ дар формати PDF

Мусоҳиба дар маҷаллаи "Diplomatisches Magazin"

Суроғаи мо:

Perleberger Str. 43
D-10559 Berlin
Telefon: +49 30 347930-0
Telefax: +49 30 347930-29
info@botschaft-tadschikistan.de