дар Олмон, Чехия ва Лаҳистон

Канданиҳои фоиданок ва кишоварзӣ - самтҳои нави ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон

Ҷиҳати муаррифии бештари зарфиятҳои иқтисодии Тоҷикистон ва баррасии дурнамои ҳамкориҳо миёни соҳибкорони Тоҷикистону Олмон 29 июни соли 2016 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшоҳ Неъматов Михаэл Ҳармс, Директори тозатаъини иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисодии Олмонро ҷиҳати мулоқот пазируфт. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо қаноатмандии худро аз муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Олмон иброз дошта, омодагӣ барои вусъати ҳарчи бештари ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодии байни ҳарду кишварро баён доштанд. Қайд гардид, ки ҳамкориҳои солҳои охир миёни ҳар ду кишвар бахусус дар бахши канданиҳои фоиданок дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, рушди минбаъдаи он имконоти нави ҳамкориҳо ва роҳ ёфтани Тоҷикистон ба бозорҳои байналмилалиро фарох хоҳад кард. Зикр гардид, ки ҷонибҳо ҳамоиши минбаъдаи соҳибкорони ҳар ду кишварро дар ин бахш ва дигар бахшҳои муҳими иқтисоди ҳар ду кишвар тарҳрезӣ хоҳанд кард.

Иқтисод ва тиҷорат

Тибқи маълумотҳои омории Вазорати иқтисод ва энергетикаи Олмон (BMWi) Тоҷикистон аз лиҳози ҳаҷми гардиши мол миёни Олмон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ  дар ҷои охирин меистад. Ҳаҷми содироти моли Тоҷикистон ба Олмон дар соли 2014 назар ба соли 2013 дар ҳаҷми -26,3% коҳиш ёфта, маблағи 2,7 миллион евроро ташкил медиҳад. Аз Олмон ба Тоҷикистон дар соли 2014 дар ҳаҷми 44 миллион евро маҳсулот ворид гардидааст. Ин рақам назар ба соли гузашта 23,5% бештар мебошад. Дар маҷмӯъ, гардиши мол миёни Олмон ва Тоҷикистон тибқи маълумоти омории ин вазорати федеролӣ соли 2014 назар ба соли 2013  дар ҳаҷми 18,8% боло рафта, 47 миллион евроро ташкил медиҳад.

Дар моҳи июли соли 2015 бошад ҳаҷми воридоти коло аз Тоҷикистон ба Олмон назар ба ҳамин давраи соли 2014 дар ҳаҷми -31,2% коҳиш ёфта, ҳамагӣ 1.304,000 евроро ташкил медиҳад. Ин рақам моҳи июли соли 2014 тахминан 2 миллион евроро ташкил медод. Содирот аз Олмон ба Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2015 зиёда аз 26 миллион евроро ташкил медиҳад, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта +16,4% зиёд аст. Дар маҷмӯъ, гардиши савдо миёни Тоҷикистону Олмон дар нимсолаи якуми  соли 2015 дар ҳаҷми +12,7% афзоиш ёфта, 27,3 миллион евроро ташкил медиҳад.  Ин рақам моҳи июли соли 2014 ба 24,2 миллион евро баробар буд.

Дар маҷмӯъ, гардиши мол миёни Олмон ва Осиёи Марказӣ  дар соли 2014 назар ба соли 2013 дар ҳаҷми -6,3% ва дар нимсолаи якуми соли 2015 назар ба ҳамин давраи соли гузашта -31,5% коҳиш ёфтааст. Аз кишварҳои пасошӯравӣ айни замон Арманистон(+21%), Озарбойҷон (+11%) ва Тоҷикистон (+12%) бо Олмон робитаҳои хуби тиҷоратӣ ба роҳ мондаанд.

Гардиши савдои Олмон ва кишварҳои пасошӯравӣ, ки дар нимсолаи якуми соли 2014 зиёда аз 52 миллиард евроро ташкил медод, дар шаш моҳи соли 2015 ҳамагӣ ба 40 миллиард евро расида,  ҳамин тариқ 23,6% коҳиш ёфтааст. Олмон дар нимсолаи якуми соли 2015 танҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳаҷми 3,1 миллиард табодули мол кардааст, ки он назар ба ҳамин давраи соли гузашта -31,5% кам мебошад.

Суроғаи мо:

Perleberger Str. 43
D-10559 Berlin
Telefon: +49 30 347930-0
Telefax: +49 30 347930-29
info@botschaft-tadschikistan.de