Ҷумҳурии Федеративии Олмон

Хабарҳо

Супоридани эътимоднома ба Президенти Федеролии Ҷумҳурии Федеративии Олмон

5 ноябри соли 2018 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Соҳибназар Ғайратшо Эътимодномаи худро ба Президенти Федеролии Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаноби Франк-Валтер Штайнмайер супорид. Пас аз супоридани Эътимоднома Президенти Олмон бо Сафири навтаъин мулоқот намуд.Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон, ҳамкориҳо дар доираи Иттиҳоди Аврупо, инчунин ҳамкориҳои ҳар ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Франк Валтер Штайнмайер Сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ дар таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон комёбиҳо орзу намуд.

Иштироки Сафорат дар Форуми сайёҳии “Роҳи Абрешим”

26 октябри соли 2018 Сафорати Тоҷикистон дар Олмон дар Форуми сайёҳӣ зери унвони “Роҳи Абрешим”, ки бо ташаббуси ширкати сайёҳии “China Tours” ва Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Олмон баргузор гардид, иштирок намуда, роҷеъ ба дастовардҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имкони ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баромад намуд. Дар муҳокимаи интерактивӣ бо иштироки намояндагони сафоратҳои кишварҳои ҳавзаи Роҳи Абрешим, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба рушди туризми минтақавӣ, мушкилоти мавҷуда ва имкониятҳои ҳамкорӣ мубодилаи афкори судманд баргузор гардида ба саволҳои намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва доираҳои ҳавасманди кишвари иқомат роҷеъ ба фазои сармоягузорӣ, инфрасохторҳои сайёҳӣ ва имкони таъсиси ширкатҳои муштарак посух дода шуд. Ҳамзамон дар Форум гӯшаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, ба иштирокдорон маводҳои таблиғотиву ташвиқотии кишвар пешкаш гардиданд.

Суроғаи мо:

Perleberger Str. 43
D-10559 Berlin
Telefon: +49 30 347930-0
Telefax: +49 30 347930-29
info@botschaft-tadschikistan.de