дар Олмон, Чехия ва Лаҳистон

Иштироки Сафири Тоҷикистон дар қабули давлатии Президенти Олмон

Рӯзи 11 январи соли ҷорӣ Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов дар чорабинии давлатии Президенти Олмон Йоахим Гаук бо сафирони муқими Олмон дар қасри Белвю иштирок намуд.  Президенти Олмон дар ҳузури сафирон баромад намуда, ба кишварҳои шарик барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қадрдонӣ намуд. Ҳамзамон дар мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон иштирок доштанд. Дар байни иштирокчиён сӯҳбатҳои муфид ва созанда сурат гирифтанд.

Президент Йоахим Гаук зимни суханронии худ диққати иштирокчиёни чорабиниро бори дигар ба падидаҳои номатлуби соли гузашта, аз қабили “Давлати Исломӣ” нигаронида, изҳор дошт, ки терроризм дину мазҳаб надорад ва аз ин рӯ аз кишварҳои Ҷомеаи Ҷаҳониро даъват ба амал овард, ки дар бартараф намудани ин зуҳуроти баамаломада ҳамкориҳои бештарро ба роҳ монанд. У ҳамчунин ба дастовардҳои соли 2015 ишора намуда, соли 2015-ро аз лиҳози сиёсати байналмилалӣ бобарор ва пур аз ҳодисаҳои гуворои сиёсӣ номид.

Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Ваколатдори ВКХ

18 сентябри соли 2015 Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо Ваколатдори тозатаъини Вазорати корҳои хориҷии Олмон оид ба Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Андреас Пешке мулоқот намуд.  Зимни вохӯрӣ сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардида, зарурати густариши робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодии ҳар ду кишвар таъкид гардиданд. Қайд гардид, ки мизбони якчанд ҳамоишҳои байналмилӣ будани Тоҷикистон дар тӯли имсол нишондиҳандаи рушди босубот ва амнияти кишвар ба ҳисоб  рафта, кишвар дар самти таҳкими мавқеи худ дар Ҷомеаи ҷаҳонӣ қадамҳои мустаҳкам гузошта истодааст. Конфронси сатҳи баланд зери унвони «Об ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ», ки ҳафтаи пеш бо ибтикори бевоситаи Ҳукумати Олмон баргузор гардид, бори дигар собит месозад, ки Олмон ҳавасманди вусъати ҳамкориҳо бо минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.  Бо назардошти сатҳи хуби ҳамкориҳо ва ба марҳалаи навбатӣ гузаштани онҳо пешниҳод гардид, ки комиссияи доимамалкунандаи байниидоравӣ миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Олмон таъсис дода шавад. Пешниҳоди мазкур бо роҳҳои дипломатӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гардид. Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ҷараён дошт.

Мулоқоти Неъматов бо Раиси парлумони замини Ҳамбург

15 сентябри соли равон Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон Маликшо Неъматов дар доираи боздиди илтифотии худ аз шаҳри озоду бандарии Ҳамбурги Олмон бо Президенти Парлумони замини Ҳамбург хонум Карола Вайт мулоқот намуд. Зимни мулоқот  Сафири Тоҷикистон рушди муносибатҳои байнипарлумонии ҳар ду кишварро баланд арзёбӣ намуда, таъкид намуд, ки Ҳамбург бо ҷамъияти 50 ҳазорнафараи форсизабонони худ метавонад дар рушди муносибатҳои фарҳангӣ ва сайёҳии ҳар ду кишвар саҳми назаррас дошта бошад. Неъматов ҳамзамон хостори густариши робитаҳои  иқтисодиву тиҷоратӣ бо шаҳри бандарии Ҳамбург гардид.  Сафири Тоҷикистон худи ҳамон рӯз аз корхонаи васлгарии ширкати тайёрасозии AirBus дидан намуд. М. Неъматов зимни муаррифии имкониятҳои иқтисодӣ таъкид намуд, ки ширкати AirBus метавонад бо Тоҷикистон ҳамчун тавлидкунандаи ашёи хоми арзиз, нирӯи барқ ва қувваи кории арзон ҳамкориҳои мустақими тиҷоратиро ба роҳ монад. Дар нимаи дуюми рӯзи 15 сентябр дар  меҳмонхонаи Атлантик Кемпински Ҳамбург бо ташаббуси консули фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳамбург Куруш Пуркиён ва ишттироки доираҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сайёҳии музофоти Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.  

Парчами давлатӣ рамзи ваҳдату истиқлолхоҳӣ аст.

Ба муносибати таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашриёти «ЭР-граф»-и Душанбе китоби «Парчам»-ро аз чоп баровард. Дар китоби мазкур дар баробари суханрониҳои Президенти мамлакат инчунин доир ба моҳияти парчаму парчамдорӣ дар масири таърихи пешин ва даврони соҳибистиқлолии кишвар маълумоти муқаддимавӣ ҷамъоварӣ гардидааст. Ҳамчунин доир ба мафҳуми парчам ва муродифҳои он, тартиби тайёр кардан, истифода намудан ва эҳтиром гузоштан ба парчам, нақши парчам дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомӣ, инчунин оид ба мавқеи ҷаҳонии парчам маълумоти муҳим оварда шудаанд. Парчам яке аз рукнҳои муқаддасоти миллист ва он қудрат дорад барои таҳкими худшиносии миллӣ, ваҳдату ҳамраъйӣ ва якпорчагии Тоҷикистон нақши муассир гузорад. Муаррихон таърихи пайдоиши  суннати парчамдории миллии тоҷиконро ба даврони Коваи оҳангар рабт медиҳанд. Таърихи парчамбардории Коваи оҳангар нисбат ба парчами Даннеброг, ки дар санадҳои илмӣ ҳамчун қадимтарин парчам (15 июни соли 1219) зикр шуда аст, куҳантар буда, рисолати парчамдории тоҷикон сартосари «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсиро фаро гирифтааст ва ба хонанда сабақи бузургӣ ва манзалати дирафшу ливои аҷдодиро меомӯзонад. Дирафши ковиён аввалин парчами маъруфи аҷдоди тоҷикон эътироф шуда, ҳамчун рамзи ваҳдату истиқлолхоҳӣ, тантанаи адолат, суннати давлатдорӣ ва ягонагии мардумони мо қабул гардидааст. Тоҷикистон ҳамасола 24 ноябр рӯзи Парчами давлатиро ҷашн мегирад. Моҳи ноябри соли 2011 дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе парчами баландиаш 165 метр қомат афрохт.  Маҳалли ҷойгиршавии парчам ҳамчун Майдони парчами давлатӣ номгузорӣ гардида, аз ҷумлаи мавзеҳои фароғатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Таҷлили 3000-солагии Ҳисор дар Олмон

Рӯзи 22 октябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Олмон бахшида ба 3000-солагии Ҳисор чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабиниро Сафири Тоҷикистон Маликшо Неъматов бо маърӯза дар мавзӯи “Ҳисор намунаи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик аст” ҳусни оғоз бахшид. Сипас шарқшиноси маъруфи олмонӣ проф. Манфред Лорентс хотироти неки худро аз сафари нахустини худ ба Ҳисори шодмон дар соли 1957 нақл кард. Дар идома шоири афғон Амирзода як шеъри худро бахшида ба ин шаҳри таърихӣ қироат намуд. Баъдан ба ҳозирин барномаи “Сайр ба Ҳисори шодмон”, ки Шабакаи 1-уми телевизиони Тоҷикистон таҳия намудааст ва мавзӯҳои дирӯзу имрӯзи Ҳисори шодмонро дар бар мегирад, намоиш дода шуд. Ҳамзамон иштирокчиёни чорабинӣ аз гӯшаҳои фарҳангӣ ва намоиши кори дасти рассомони тоҷик, ки кормандони Сафорат пешниҳод карда буданд, дидан намуданд. Ба ҳозирин ҳамчунин маводҳои иттилоотӣ дар мавзӯи “Назаре ба таърихи Қалъаи Ҳисор ва рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии водии Ҳисор” пешкаш гардид. Дар ин ҳамоиш доираҳои илмӣ, фарҳангӣ, аъзоёни Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои Олмон таҳсил менамоянд, иштирок намуданд.

Тоҷикистон ба низоми раводиди (визаи) электронӣ мегузарад

Ҷиҳати мусоидат дар раванди гузариш ба ҳукумати электронӣ Тоҷикистон тасмим дорад, раводиди электрониро ба роҳ монад», изҳор дошт Озода  Раҳмон, Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусоҳибаи худ бо АМИТ Ховар. Тибқи ин лоиҳа дар ояндаи наздик шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ имкон пайдо менамоянд, бидуни муроҷиат ба намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар тариқи барномаҳои онлайн раводиди Тоҷикистонро дархост намоянд. Тавре Озода Раҳмон иброз дошт, «Бартарии дигари амалӣ намудани  ин ташаббус, бо муҳайё кардани шароити содда барои сайёҳон, иштирокчиёни ҳамоишҳо ва шахсоне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани гуфтушунидҳои корӣ сафар мекунанд, алоқамандӣ дорад». Шаҳрвандони давлатҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати онҳо реҷаи ба таври содда додани раводидро муайян намудааст, метавонад бо пешниҳод намудани маълумоти дахлдор ва пардохти маблағ, раводиди Тоҷикистонро ба мӯҳлати то 45 рӯз тариқи почтаи электронии худ ба даст оранд. Шахсе, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои ҳизматӣ, дипломатӣ, меҳнатӣ, сармоягузорӣ, таҳсил, хусусӣ ва ғ. сафар менамояд ва будубоши ӯ зиёда аз 45 рӯзро тақозо менамояд, раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври муқаррарӣ аз сафоратҳо ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ дастрас мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз моҳи августи соли 2013 Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020-ро қабул намуда буд, ки он дар дар баробари як қатор масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин мукаммалгардонии идоракунии давлатӣ, шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташаккули ҳукумати электронӣ ва дастрасӣ ба иттилоот, пешгирии коррупсияи сиёсӣ, такмили фазои сармоягузорӣ  ва  кодексҳои касбии одоб дар хизмати давлатиро дар бар мегирад. «Ҷорӣ гардидани раводиди электронӣ барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намудани шаҳрвандони давлатҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин давлатҳо муассисаи консулӣ надорад, шароит фароҳам оварда, барои аз байн бурдани миёнаравҳо ва омилҳои коррупсионӣ дар раванди дастрас намудани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард», иброз дошт Озода Раҳмон.

Mehr…

Амалисозии техникии лоиҳаи мазкур аз ҷониби ширкати фаронсавӣ ба роҳ монда мешавад, ки ғолиби тендер-озмуни байналмилӣ гардидааст. Дар назар дошта шудааст, ки лоиҳа дар нимсолаи аввали соли 2016 амалӣ гардида, сатҳи хизматрасонии Шабакаи иттилоотии электронӣ ба  низоми додани раводиди Шенгенӣ баробар хоҳад шуд.

Матни пурраи мусоҳибаро ин ҷо мутолиа кунед.

Weniger…

Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои СААД дар Душанбе

Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Созмони  аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)  15 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Президентҳои Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштироки худро дар кори ҷаласа аллакай тасдиқ кардаанд. Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, дар арафаи ҳамоиши сарони давлатҳои СААД  ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом медиҳад. Масоили мубрами байналмилалӣ, чолишҳои нав ва зуҳуроти номатлуб, ҳамчунин роҳҳои ҷилавгирӣ аз вусъати гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро, назири  Давлати Исломӣ аз ҷумлаи мавзӯҳое ба ҳисоб мераванд, ки дар рафти ҷаласа мавриди баррасӣ қарор меёбанд. Дар нимаи дуюми рӯзи 14 сентябр вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви СААД, инчунин як қатор вохӯриҳои дуҷониба ба нақша гирифта шудааст. 

Mehr…

Дар қисмати аввали ҷаласа, ки қарор аст, 15 сентябр ба кори худ оғоз бахшад, баргузории  нишасти муштараки  Вазирони корҳои хориҷӣ, Вазирони мудофиа ва Котибоони Шӯроҳои амниятии кишварҳои узви СААД ба нақша гирифта шудааст. Сипас ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД баргузор хоҳад гардид. Дар рафти ин ҷаласа вохӯрии сарони давлатҳои узви СААД, инчунин қабули санадҳои муштарак ба нақша гирифта шудаанд. Дар Изҳороти муштараки сарони давлатҳо оид ба вокунишҳои асосӣ нисбати масоили мубрами байнамилалӣ нигарониҳои кишварҳои узви СААД дар робита бо афзоиши чолишу таҳдидҳои навро инъикос намуда, дар он омодагии кишварҳо ҷиҳати фаъол кардани амалиётҳои муштарак ва ба ҳалли проблемаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ нигаронидашуда,  инчунин мукаммал намудани механихмҳои низоми амнияти дастаҷамъӣ дарҷ хоҳанд шуд.

Бояд қайд кард, ки Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ(СААД) - иттиҳодияи ҳарбӣ-сиёсиест, ки аз ҷониби  ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ дар заминаи Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ПАД), 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд аз ҷониби  Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба имзо расидааст. Соли 1993 ба  аҳдномаи мазкур Озарбойҷон, Гурҷистон ва Белорус низ ҳамроҳ  шуданд.

Аҳднома 20-уми апрели соли 1994 ба ҳукми қонунӣ дароварда шуд. 14 майи соли 2002 дар ҷаласаи Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ААД) дар шаҳри Маскав дар бораи табдил додани Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба созмони байналмилалии  комилҳуқуқ - Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) қарор қабул гардид. Оинномаи СААД аз ҷониби Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар Кишинёв  7 октябри соли 2002 ба имзо расида, 18 сентябри соли 2003 ба амал бароварда шуд. Айни замон аъзои ин созмон Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон мебошанд. Соли оянда раёсати СААД ба  Арманистон супорида мешавад.

Weniger…

Баргузории ҷаласаи навбатии “Раванди Берлин”

7-8 сентябри соли 2015 дар шаҳри Берлин Конфронси “Раванди Берлин” таҳти унвони “Об ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ дар Осиёи Марказӣ” бо иштироки намояндагони баландпояи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардид. Дар кори Конфронс ҳамчунин намояндагони Иттиҳоди Аврупо, Комиссияи иқтисодии СММ оид ба Аврупо, Созмони Ҳамкорӣ ва Амният дар Аврупо, Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бонки Ҷаҳонӣ, Конфедератсияи Швейтсария, Давлати Исроил ширкат варзиданд. Дар кори Конфронс ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим иштирок дошт. Боиси тазаккур аст, ки ин раванд аз соли 2008 оғоз гардида, то ин дам ду марҳалаи он тай гардидааст. Дар ҷараёни Конфронси навбатӣ масъалаҳои вобаста ба марҳалаи саввуми  “Раванди Берлин” мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Вохӯрии Азим Иброҳим бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Берлин

7 cентябри соли равон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Азим Иброҳим дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар доираи Конфронси «Об ва муносибатҳои накӯҳамсоягӣ дар Осиёи Марказӣ» бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Абдураҳмон Маматалиев вохӯрӣ баргузор намуд. Ҷонибҳо доир ба ҳалли мушкилоти марбут ба об дар минтақаи Осиёи Марказӣ табодули назар намуда, нақши конфронси мазкурро, ки дар чаҳорчӯбаи ташаббуси Олмон бо номи «Раванди Берлин» доир мешавад, дар ҳамкориҳои минтақавӣ ҷиҳати ҳалли масоили об муҳим арзёбӣ намуданд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин таваҷҷӯҳи зиёд ба баррасии масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба зоҳир гардид. Ҷонибҳо зарурати рушди рӯзафзуни муносибатҳоро дар партави мувофиқатҳои роҳбарони олии ду кишвар таъкид намуда, онро ҷавобгӯи манфиатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон арзёбӣ намуданд.

Конфронси Об ва муносибатҳои ҳамҷаворӣ дар Осиси Марказӣ

Имрӯз дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Олмон конфронси об ва муносибатҳои ҳамҷаворӣ дар Осиёи Марказӣ ба кори худ шурӯъ мекунад. Дар ин чорабинӣ, ки то 8 сентябри соли 2015 идома хоҳад ёфт, ҳайатҳои баландпояи ҳукуматӣ аз 5 кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок мекунанд.  Ҳамчунин қабули «Эъломияи муштарак» дар анҷоми конфронс низ ба нақша гирифта шудааст. Вазири корҳои хориҷии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер, ки раисии конфронсро ба ӯҳда гирифтааст, субҳи имрӯз зимни нишасти матбуотӣ чунин изҳор дошт:

„Мафҳуми ´об ҳаёт аст´, ҳазорсолаҳо инҷониб ҳамчун  андарзи ҳаётии инсоният шинохта шудааст. Аммо дар миқёси ҷаҳон  то ҳол дар  муносибат бо истифодаи об ба таври дуруст рафтор карда намешавад. Ва табиист, ки бӯҳрон сари истифодаи об аз ҷумлаи  бузургтарин таҳид ва хавфҳо ҳисобида мешавад.  Камбуди об на танҳо ба кишварҳои алоҳида зарар мерасонад, балки сари роҳи рушди иқтисодӣ дар тамоми минтақаро мегирад. Ва чунин амал метавонад ба шиддатҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ расонида, ба сулҳу субот таҳдид намояд.

Таъмини аҳолӣ бо об яке аз мавзӯҳои асри 21 ва вазифаи сиёсати хориҷии пешбиникунанда ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, Олмон дар бахши дипломатияи об ташаббус нишон дода, дар ҳамкорӣ бо панҷ кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамкориҳои минтақавиро дар масоили об ҷонибдорӣ мекунад.  Мо акнун ба таври муштарак тасмим дорем, марҳалаи сеюми «Раванди Берлин»-ро оғоз намоем.  Мо Аврупоиҳо, баъди хотимаи ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар интихоби роҳи ояндаи худ ба хулосае омадем, ки, ҳангоми истифодаи захираҳои кам ва аз лиҳози стратегӣ муҳим тавассути ҳамкориҳои минтақавӣ ба сулҳу субот ва рушди иқтисодӣ мусоидат кунем. Ва мо ин таҷрибаи худро бо камоли майл бо дигарон тавсия хоҳем дод. Ҳамкориҳои минтақавӣ дар бобати масоили об метавонад ҳамчунин дар Осиёи Марказӣ низ заминаҳои ҳамкориҳои эътимодбахш барои субот ва рушдро ба вуҷуд орад“, изхор дошт Ф-В. Штайнмайер.

Таҷлили ҷашни истиқлол дар Олмон

Дирӯз дар толори муассисаи бонкии Дойче Банк-и шаҳри Берлин бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон чорабинии тантанавӣ бахшида ба 24-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои федеролӣ, корпуси дипломатӣ, доираҳои иқтисодиву фарҳангии кишвари иқомат ва ҷамъияти тоҷикони муқими Олмон иштирок доштанд.

Дар ин чорабинии ҷашнӣ Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов баромад намуда, ҳозиринро бо дастовардҳои кишвар дар тӯли 24 сол шинос намуд ва нақшаҳои Ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати рушди устувор ва таъмини ҳадафҳои стратегии кишвар муаррифӣ намуд. Дар ин робита Сафири Тоҷикистон ҳамшарикӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва кишвари Олмонро барои Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуд. 

Ҳамчунин Директори иҷроияи Кумитаи Шарқи Иқтисоди Олмон доктор Райнер Линдер зимни баромади худ мардуми Тоҷикистонро бо ҷашни истиқлолият табрик намуд ва изҳор дошт, ки равобити иқтисодиву тиҷоратии ҳар ду кишвар метавонанд дар ояндаи наздик сатҳу сифати нав ба худ касб намоянд.

Барномаи фарҳангӣ зери унвони «Ҷашни истиқлол муборак, Тоҷикистонам» бо иштироки овозхони тоҷик Фахриддини Малик, инчунин пешниҳоди хӯрокҳои миллӣ ва сӯҳбатҳои хоса чорабиниро хотирмон намуд.

Муаррифии Тоҷикистон дар чорабинии Рӯзи дарҳои кушоди Ҳукумати Олмон

29-30 августи соли 2015 дар шаҳри Берлини Олмон рӯзи дарҳои кушоди Вазорату идораҳои федеролии Олмон баргузор гардид. Дар ин рӯзҳо аҳолии кишвар-андозсупорандагон имкон доштанд, ки ба фаъолияти ҳукумат ва идораҳои федеролии Олмон назаре андохта, бо механизмҳои идоракунии давлатӣ аз наздик шинос шаванд. Дар доираи ин чорабинии анъанавӣ рӯзи дарҳои кушоди Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон, ки шарики муҳими кишвари Тоҷикистон дар пиёдасозии cиёсати рушди Олмон нисбати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, баргузор гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҳамшарик иштирок намуд. Дар қатори зиёда 50 сафоратхонаҳо ва 60 созмонҳои ғайридавлатӣ Сафорати Тоҷикистон дар Берлин бо таъсис додани павилиони иттилоотӣ-маърифатӣ имкониятҳои иқтисодӣ ва сайёҳии кишварро ба маърази диққати иштирокчиён ва меҳмонон гардонд. Аз павилиони Тоҷикистон Котибони давлатии парлумонии Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдо Ҳаннс Фухтел ва Томас Зилберҳорн дидан намуданд.

Mehr…

Дар чорабинии мазкур, ки имсол зери унвони «Таъмини босуботи маводҳои текстилӣ» баргузор гардид, кишварҳои иштирокчӣ иқтидорҳои истеҳсолии худро муаррифӣ намуда, ҳавасмандии худро барои ҳамкориҳои бештар бо Олмон изҳор доштанд. Олмон ҳамчун узви Иттиҳоди Аврупо ӯҳдадор шудааст, ки 0,7 фоизи буҷаи худро барои ҳамкориҳо бо мақсади рушд равона намояд. Дар буҷаи давлатии чанде пеш қабулгардидаи Ҳукумати Олмон барои ҳамкориҳои минбаъда дар бахши рушд бо кишварҳои рӯ ба тараққӣ 7,5 миллиард евро пешбинӣ гардидааст. 

Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо, бахусус таъмини босуботи Олмон бо интиқоли матоъ ва либосворӣ ҳанӯз моҳи июни соли гузашта консепсияи нави худро зери унвони «Сиёсати нав нисбати Осиё» муаррифӣ намуда буд.  Тоҷикистону Олмон аз соли 2003 инҷониб дар самти сиёсати рушд ҳамкориҳоро ба роҳ мондаанд. Олмон дар ин муддат дар бахшҳои мухталифи ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 254 миллион евро кӯмакҳои молиявӣ ва техникӣ расонидааст.  Сафорати  Тоҷикистон дар чорабинии мазкур ба иштирокчиён ва меҳмонон маводҳои таблиғотӣ, презентатсияҳо, сабтҳои аудиовизуалӣ пешниҳод намуд. Ҳамчунин баромади овозхони тоҷик Фахридини Малик дар ин чорабинӣ ва шиносоӣ бо фарҳанги омодасозии таомҳои миллӣ аз ҷониби ҳозирин бо самимияти хоса ва таваҷҷӯҳи беандоза пазируфта шуд.

Weniger…

Дилшод Назаров соҳиби ордени Шараф гардид

Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гурзандозӣ 23 август дар Пекин медали нуқра ба даст овард, аз ҷониби Президент Тоҷикистон бо ордени Шараф дараҷаи дувум мукофотонида шуд. Дилшод Назаров бо натиҷаи 78 метру 55 сантиметр баъд аз варзишгарони лаҳистонӣ Петер Файдек (80,88) ва  Войчих Новички(78,55) соҳиби ҷои дувум гардид.  Ӯ барои аввалин бор дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ба чунин комёбӣ мушарраф шуда, соҳиби медал гардидааст. Гурзандози маъруфи тоҷик барои медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон дар навъи олимпӣ бо 150 ҳазор сомонӣ ҷоизаи Раисиҷумҳур мукофотонида хоҳад шуд. Ба ҷуз ин, Дилшод Назаров барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи соли 2016 бо ҷоизаи сарпарасти кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон – ҷамъият ҶДММ “Ғаюр” сарфароз мегардад. Дар ҳоли ҳозир Дилшод Назаров аз нахустин варзишгарони Тоҷикистон аст, ки бори чорум ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифтааст. Ӯ тобистони соли 2016 ба шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия сафар хоҳад кард.

НБО Оқсу-1 бо кӯмаки Олмон навсозӣ мешавад

Нерӯгоҳи барқии обии «Оқсу-1» дар ноҳияи Мурғоб, ки бо сабаби офати табиӣ аз кор монда буд, дубора ба кор даромад.  Бино ба иттилои сардори КЭМ-и  ноҳияи Мурғоб Исмоил Шогунов пас аз 20-рӯзи қатъи фаъолият, агрегати якум ба кор даромада, пас аз  чанд муддат агрегати дуюм низ фаъол хоҳад шуд. Ёдрас мешавем, обхезии рӯзҳои аввали моҳи август сарбанди  ҳавзи танзими оби нерӯгоҳро шуста бурда, маҷрои дарёро дигар кард ва НБО-и  «Оқсу-1» пурра аз фаъолият боз монд. Мутахассисони ширкати хориҷии суғуртавӣ, ки аз мавзеи  офати табиӣ боздид карданд, ҳаҷми  зарари аз обхезӣ ба нерӯгоҳ расидаро ба андозаи 70-ҳазор доллари амрикоӣ баробар донистанд. Неругоҳи «Оқсу-1» дар даврони собиқ шӯравӣ сохта шуда, ду агрегати он  720 киловат барқ истеҳсол мекард. Бинобар кӯҳнашавии агрегатҳо ва пайдо шудани шикофиҳо дар канали обгузар иқтидори тавлидоти нерӯгоҳ бамаротиб  коҳиш ёфта, акнун нерӯгоҳ дар тобистон ҳамагӣ то 340 киловат ва зимистон то 160 киловат барқ медод. Дар асоси шартномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон  ва Олмон қарор аст, ки НБО-и «Оқсу-1» пурра навсозӣ шуда, ду агрегати он 800 киловатт барқ бидиҳанд. Ба ин мақсад Олмон зиёда аз 5 миллион евро ихтисос дода , интизор меравад, ки таҷдиди неругоҳ моҳҳои наздик шурӯъ шавад.

Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва форуми соҳибкорон дар Тоҷикистон

Рӯзҳои 14-16 октябри соли 2015 дар бинои Кохи Борбади шаҳри Душанбе сеюмин Намоишгоҳи байналмилалии кишоварзӣ, саноати озуқаворӣ ва бастабандӣ зери унвони «Agro Food Tajikistan-2015“ баргузор мегардад.  Дар ин намоишгоҳ, ки бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати намоишгоҳии Expo Central Asia ташкил карда мешавад, маҳсулоти ғизоӣ, нӯшокиҳо ва ашё барои истеҳсоли онҳо, маҳсулоти гуштӣ, консерва, маҳсулоти ғалла, меваю сабзавот, меваи хушк, инчунин бастабандии маҳсулоти озуқаворӣ, коркарди меваю сабзавот, соҳаи чорводорӣ, техника ва технологияи истеҳсолӣ, техникаи кишоварзӣ ва ғ. ба маърази диққати иштирокчиёни намоишгоҳ гузошта хоҳанд шуд. Интизор меравад, ки дар намоишгоҳи имсола  намояндагони ширкатҳои ватанӣ ва зиёда аз 100 ширкат аз 20 давлати дунё иштирок ва маҳсулоти худро муаррифӣ намоянд.

Mehr…

Дар ҳошияи намоишгоҳ баргузории якчанд форуму мизҳои мудаввар низ пешбинӣ гардидааст. Аз он ҷумла, ба муносибати таҷлили Рӯзи соҳибкорон Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе 2015 «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» дар назар дошта шудааст. Дар форуми мазкур имкониятҳои нави ҳамкориҳо миёни ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ-соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор гардида, проблемаҳои мавҷуда ва шонсҳои нави рушди босуботи сохтори хусусӣ, инчунин дурнамои сармоягузориҳои хусусӣ аз ҷумлаи мавзӯҳои ин ҳамоиш ба ҳисоб мераванд. Дар ин росто, нақши давлат дар ҷоннок намудани робитаҳои ҳамшарикӣ (Public Private Partnership) баррасӣ хоҳад шуд.

Хоҳишмандон метавонанд ҷиҳати иштирок ба кумитаи тадорукотӣ бо суроғаи мазкур дар тамос шаванд  (www.forumtajikistan.tj) ва ё ба Сафорати Тоҷикистон дар Берлин муроҷиат намоянд.

Weniger…

Тоҷикистон Сoca-Cola истеҳсол хоҳад кард

Ширкати Coca Cola Beverages Tajikistan тасмим дорад, бо истифода аз қарзи Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд ва таъсиси корхона ба истеҳсоли нӯшокиҳои ғайримашруботӣ шурӯъ кунад. Таъсиси корхонаи истеҳсоли Кока-Кола дар Тоҷикистон имкон медиҳад, воридоти ин нӯшоба аз берун камтар шавад ва истеҳсоли маҳсулот дар дохили Тоҷикистон афзоиш ёбад. Корхона бо истифодаи технологияҳои муосиртарин сохта шуда, имкони тавлиди 100 миллион литр нӯшокӣ дар як солро дорад.

Бо вуҷуди рушди муназзами саноати тавлиди нӯшокӣ дар Тоҷикистон дар вақтҳои ахир ин бахши иқтисоди кишвар дорои имконоти васеи ҳамкорӣ мебошад. Созишнома дар бораи таъсиси корхонаи Кока-Кола дар Тоҷикистон моҳи январи имсол миёни Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ва ширкати Кока Кола Ичечеки Туркия баста шуда буд. Ба гуфтаи кумита, баъди мавриди баҳрабардории комил қарор гирифтани корхона дар инҷо бештар аз 600 ҷойҳои корӣ ҳам дар корхона ва ҳам муассисаҳои кӯмакрасон ба вуҷуд меоянд.

Мусоидати EBRD дар татбиқи лоиҳаи CASA 1000

Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд барои иҷрои тарҳи CASA-1000 (Central Asia South Asia Electricity Transmission), ки интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро дар назар дорад, ба Душанбе 110 миллион доллар медиҳад. Ин санади ҳамкориро Абдусалом Қурбониён, вазири молия, Рустам Раҳматзода - раиси ширкати "Барқи тоҷик" ва Ричард Ҷонс - раҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд ба имзо расондаанд.  Чунин созишномаҳо қаблан  бо Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки сармоягузории Аврупоро имзо гардида буданд. Содироти нерӯи барқи тавлидии изофӣ дар фасли тобистон аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Покистон ва Афғонистон ҳадафи аслии тарҳи CASA - 1000 унвон мешавад. Бо амалишавии ин лоиҳа  имкон медиҳад, ки солона то 1300 мегаватт аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистону Афғонистон таҳвил ёбад. Лоиҳаи мазкур дар доираи ҳадафҳои стратегии кишвар омода гардида, дар самти истиқолияти энергетикии кишвар қадами муҳим арзёбӣ мегардад.

Бахши „Амнияти иттилоотӣ» дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ

Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар магистратураи худ ихтисоси амнияти иттилоотиро ифтитоҳ намуда, довталабонро ба таҳсил даъват кард. «Таъсиси ин риштаи нав бо назардошти афзоиши теъдоди расонаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин чолишҳои замони муосир ва муқовимат бар зидди онҳо ба миён омада, зарурати омода кардани мутахассисони ватаниро ба вуҷуд овардааст», изҳор дошт Лутфия Абдухолиқзода, ректори Донишкадаи идоракунии давлат. "Амнияти иттилоотӣ" дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон, ки қаблан ҳамчун як фанни алоҳида таълим дода мешуд, акнун дар шакли ихтисос пешниҳод мегардад. Донишкадаи идоракунии давлатӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон ҳамкориҳои зич ва судмандро ба роҳ мондааст. Айни замон як гурӯҳи хизматчиёни давлатӣ аз Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо таҷрибаи идоракунии маъмурӣ дар сохторҳои давлатӣ, федеролӣ ва музофотӣ дар музофоти Баварияи Олмон ҳузур доранд. Онҳо бо татбиқи амалии донишҳои назариявие шинос хоҳанд шуд, ки дар рафти семинару лексияҳо ба даст оварда буданд.

Қодири Қосим: Барои ҳамкорӣ омодаем.

Қодири Қосим, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни форуми соҳибкорони Тоҷикистону Олмон ба сатҳи муносибатҳои дуҷониба баҳои мусбӣ дода, ҳамзамон мавҷудияти имконоти фаровонро барои вусъати ҳакориҳо таъкид намуд.  Ӯ аз ҷумла изҳор дошт, ки миёни ҳар ду кишвар аз даврони соҳибистиқлолӣ инҷониб муносибатҳои хуби иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дар сатҳи байниҳукуматӣ вуҷуд дорад. Танҳо соли сипаришуда дар асоси маълумотҳои оморӣ гардиши мол байни Тоҷикистону Олмон 38,9 млн доллари амрикоиро ташкил дод. Ин рақам дар 4 моҳи аввали соли 2015 аллакай 18,2 миллион евроро ташкил медиҳад.  Дар давраи солҳои 2007-2014 аз ҷониби сармоягузории Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 159,8 млн. долл. ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст.  Муфассал инҷо.

Муаррифии Тоҷикистон дар чорабинии Рӯзи дарҳои кушоди Ҳукумати Олмон

29-30 августи соли 2015 дар шаҳри Берлини Олмон рӯзи дарҳои кушоди Вазорату идораҳои федеролии Олмон баргузор гардид. Дар ин рӯзҳо аҳолии кишвар-андозсупорандагон имкон доштанд, ки ба фаъолияти ҳукумат ва идораҳои федеролии Олмон назаре андохта, бо механизмҳои идоракунии давлатӣ аз наздик шинос шаванд. Дар доираи ин чорабинии анъанавӣ рӯзи дарҳои кушоди Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон, ки шарики муҳими кишвари Тоҷикистон дар пиёдасозии cиёсати рушди Олмон нисбати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, баргузор гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҳамшарик иштирок намуд. Дар қатори зиёда 50 сафоратхонаҳо ва 60 созмонҳои ғайридавлатӣ Сафорати Тоҷикистон дар Берлин бо таъсис додани павилиони иттилоотӣ-маърифатӣ имкониятҳои иқтисодӣ ва сайёҳии кишварро ба маърази диққати иштирокчиён ва меҳмонон гардонд. Аз павилиони Тоҷикистон Котибони давлатии парлумонии Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдо Ҳаннс Фухтел ва Томас Зилберҳорн дидан намуданд.

Mehr…

Дар чорабинии мазкур, ки имсол зери унвони «Таъмини босуботи маводҳои текстилӣ» баргузор гардид, кишварҳои иштирокчӣ иқтидорҳои истеҳсолии худро муаррифӣ намуда, ҳавасмандии худро барои ҳамкориҳои бештар бо Олмон изҳор доштанд. Олмон ҳамчун узви Иттиҳоди Аврупо ӯҳдадор шудааст, ки 0,7 фоизи буҷаи худро барои ҳамкориҳо бо мақсади рушд равона намояд. Дар буҷаи давлатии чанде пеш қабулгардидаи Ҳукумати Олмон барои ҳамкориҳои минбаъда дар бахши рушд бо кишварҳои рӯ ба тараққӣ 7,5 миллиард евро пешбинӣ гардидааст. 

Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо, бахусус таъмини босуботи Олмон бо интиқоли матоъ ва либосворӣ ҳанӯз моҳи июни соли гузашта консепсияи нави худро зери унвони «Сиёсати нав нисбати Осиё» муаррифӣ намуда буд.  Тоҷикистону Олмон аз соли 2003 инҷониб дар самти сиёсати рушд ҳамкориҳоро ба роҳ мондаанд. Олмон дар ин муддат дар бахшҳои мухталифи ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 254 миллион евро кӯмакҳои молиявӣ ва техникӣ расонидааст.  Сафорати  Тоҷикистон дар чорабинии мазкур ба иштирокчиён ва меҳмонон маводҳои таблиғотӣ, презентатсияҳо, сабтҳои аудиовизуалӣ пешниҳод намуд. Ҳамчунин баромади овозхони тоҷик Фахридини Малик дар ин чорабинӣ ва шиносоӣ бо фарҳанги омодасозии таомҳои миллӣ аз ҷониби ҳозирин бо самимияти хоса ва таваҷҷӯҳи беандоза пазируфта шуд.

Weniger…

Тоҷикистон дар Рӯзи дарҳои кушоди Ҳукумати Олмон муаррифӣ мегардад

29-30 августи соли ҷорӣ дар пойтахти Олмон шаҳри Берлин чорабинии анъанавии Рӯзи дарҳои кушоди Ҳукумати федеролӣ баргузор мегардад. Тӯли ду рӯз вазорату идораҳои давлатӣ, аз ҷумла Дастгоҳи канcлери федеролӣ ва Хадамоти матбуотии он дарҳои худро ба рӯи  андозсупорандагони Олмон кушода, имкон медиҳанд, ки аҳолӣ ва меҳмонони шаҳри Берлин бо фаъолияти механизмҳои идоракунии давлатӣ аз наздик шинос шаванд. Дар доираи ин чорабинӣ Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон ба намояндагиҳои дипломатии муқими кишвар имкон медиҳад, ки кишварҳои худро дар ин рӯзҳо муаррифӣ намоянд. Боиси тазаккур аст, ки ин Вазорати федеролӣ шарики асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ҳамкориҳо баҳри рушд ҳисоб меёбад, ки аз соли 2003 инҷониб ба кишвари мо зиёда аз 200 миллион евро кӯмакҳои молиявӣ ва техникӣ ироа намудааст. Муфассал инҷо.

Таъмини амнияти озуқаворӣ-ҳадафи асосии бахши кишоварзӣ аст

Нақш ва саҳми соҳаи кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, рушди соҳаҳои саноат, афзоиши имконияти содиротии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бисёр муассир мебошад. Баҳри таъмини саривақтии натиҷаҳои пешбинигардидаи «Стратегияи миллии рушд» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти замин бо суръат давом дода шуда, дар раванди он ба хоҷагиҳои деҳқонию (фермерӣ) озодии интихоби кишт ва фурўши маҳсулоти онҳо таъмин гардида, ҳалли қарзи хоҷагиҳои пахтакор барои рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидат намуд.  Муфассал ин ҷо

Санади қутбнамои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сироҷиддин Аслов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақолаи худ таҳия ва қабули Консепсияи сиёсати хориҷии кишварро санади қутбнамои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон номида изҳор доштааст, ки таҳаввулоти манзараи геополитикии ҷаҳони муосир ва рушди босуръати равандҳои байналмилалӣ боиси таҳия ва қабул гардидани Консепсияи нави сиёсати хориҷӣ гардидааст. Қабули ин санади муҳим на маънои тағйири бунёдии сиёсати хориҷии Тоҷикистон, балки идомаи арзишҳо, унсурҳои зотӣ, ҳадафҳо ва самтҳои озмудашудаи ин сиёсатро дар назар дорад. Муфассал инҷо. 

Нишасти қарибулвуқуъи ҳамкориҳои масоили об дар Берлини Олмон

14 июли соли ҷорӣ дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Олмон мулоқоти кории Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо Ваколатдор оид ба ҷаҳонишавӣ, сиёсати энергетикӣ ва иқлими ВКХ-и Олмон ҷаноби Петер Фишер баргузор гардид. Зимни сӯҳбат Петер Фишер оид ба иштироки ҳайати Олмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷагирӣ аз Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015» дар шаҳри Душанбе маълумот дода, ба сатҳи баргузории конфронс ва натиҷаҳои он баҳои баланд дод. Зимни сӯҳбат пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълони Даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори «Об барои рушди устувор» саривақтӣ ва муҳим арзёби гардид.  Муфассал инҷо.

Кишвари бойи сарватҳои табиӣ

Тоҷикистон дар баробари аз лиҳози ҷуғрофӣ дар саргаҳи тамаддунҳои ҷаҳонӣ ҷойгир буданаш, минтақаи дорои сарватҳои бойи табиӣ ва зеризаминӣ ба ҳисоб меравад, ки интизори коркарду истихроҷ ва истифодабарӣ қарор доранд. Ин кишвари болооб воқеан сарчашмаи шоҳрагҳои обгарди минтақаи Осиёи Миёна буда, сохтмони нирӯгоҳҳои барқи обӣ аз ҷумлаи омилҳои муҳими саноатикунонӣ, ғанигардонии буҷаи кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми сарзамин ба ҳисоб меравад. Муфассал инҷо.

Иттиҳоди Аврупо ва Олмон дар Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Президенти Тоҷикистон 27 январи соли 2015 консепияи нави сиёсати хориҷии  Тоҷикистонро имзо намуд. Ин санади сиёсӣ принисипҳои асосӣ, ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо назардошти манфиатҳои миллии дарозмуддати кишвар муайян ва танзим менамояд. Заминаи ҳуқуқии консепсияро Сарқонун, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти мақомоти давлатии кишвар дар соҳаи сиёсати хориҷӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад. Дар робита бо муносибатҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар консепсияи мазкур чунин зикр шудааст: «Аз оғози асри 21 дар муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо тағироти куллии мусбат ба вуқуъ пайваст ва ин тамоюл тақвият меёбад. Муфассал инҷо.

«Филми коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи шаҳри Тирол гардид

Дар 24-умин ҷашнвораи кинофестивали IFFI Инсбрюк 2015 филми коргардони маъруфи тоҷик Носир Саидов «Муаллим» соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин филми байналмилалӣ»-и музофоти Тирол гардид. Ин филм аз сӯи киностудияи “Тоҷикфилм” таҳия шуда ва нақшҳои асосиро Марат Орифов, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва Маҳнози Афшор, ҳунарманди эронӣ, иҷро кардаанд. Абдулкарим Машрабов ва Фаридун Раҳматов аз бозигарони дигар дар ин филм ҳастанд.

Филми мазкур моҳи сентябри соли гузашта дар Душанбе ба намоиш даромад ва аз тарафи мунаққидон баҳои баланд гирифт. Достони филм, зиндагии душвори омӯзгорони тоҷикро дар охири солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон дар симои  як нафар омӯзгори ҷавон тасвир кардааст. Ҷашнвораи IFFI Insbruck аз 2 то 7 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Тироли Австрия баргузор гардида, дар он ҳунарпешагон аз кишварҳои мухталифи дунё иштирок доштанд. Боиси тазаккур аст, ки филми дигари ин коргардони тоҷик «Қиёми рӯз» низ дар ин кинофестивал соҳиби ҷоиза гардида буд.

Рушди бомароми иқтисод дар сиёсати нав нисбати Осиё

Дар чаҳорчӯбаи чорабинии Сиёсати нав нисбати Осиё Вазири ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон Герд Мюллер рӯзи 17 июн самтҳои асосии сиёсати баҳри рушд равонагардидаи Олмон бо кишварҳои минтақаи Осиёро муаррифӣ намуд. "Бо назардошти ҳалли душвориҳои глобалӣ ҳамкорӣ бо кишварҳои рӯ ба тараққӣ бояд густариш дода шаванд. Дар маърази диққати ин ҳамкориҳо мавзӯҳои ҳифзи муҳити зист ва нигоҳдории гуногунии табиат, таъсиси иқтисоди бозаргонии аз лиҳози иҷтимоӣ ва экологӣ муносиб ва ҷилавгирӣ аз омилҳое хоҳанд буд, ки ба паст шудани мавҷи гурезагон мусоидат мекунанд. Ҳалли масоили тағйири иқлим ва тиҷорати одилонаи ҷаҳонӣ, инчунин иҷрои вазифаҳои бузурги ояндаи Кураи Заминро имрӯзҳо бидуни минтақаи Осиё тасаввур кардан имкон надорад", изхор дошт Герд Мюллер. Бисёре аз кишварҳои Осиё ба таври босуръат рушд карда истодаанд, вале фарқият миёни сарватмандону камбағалон дар бисёр кишварҳои ин қора мутаассифона, дар ҳоли афзоиш аст.  Дар робита ба ин, рушди босуботи иқтисод бо ҷалби хама қишри ҷомеа ва ҳифзи зисти муҳит аз ҷумлаи вазифаҳое хоҳад буд, ки дар назди кишварҳои рӯ ба тараққии қораи Осиё истодаанд.

Mehr…

Барои расидан ба ин ҳадаф Олмон омода аст, тамоми таҷриба ва донишҳои Know-how-и дар ихтиёрдоштаи худро ба ихтиёри ин кишварҳо гузорад, кайд кард Герд Мюллер. Дар доираи ин барномаи нав Олмон тасмим дорад бо кишварҳои Осиё ҳамкориҳо дар шакли пешниҳоди қарзҳои камфоиз, ҷонибдории соҳаҳои иҷтимоӣ ва ба ҳифзи зисти муҳит нигаронидашуда, инчунин таҷрибаи бои худро густариш диҳад. Дар ин самт Олмон бо Тоҷикистон аллакай лоиҳаҳо дар бобати рушди хоҷагии ҷангалпарвариро амалӣ карда истодаст. Ҳамчунин дар оянда ба кишварҳои истеҳсолкунандагону содиркунандагони маводҳои матогин кӯмаки бештар расонида мешавад. Ҳадаф аз барномаи мазкур кам кардани сатҳи камбизоатӣ, дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, беҳтар кардани шароити кории коргарон ва коҳиш додани шумораи гурезагону муҳоҷирон мебошад.

Weniger…

Деҳқонон дар ҷануби кишвар аз ҳосили фаровон дарак доданд

Вилояти Хатлон аз афзоиши содироти меваю сабзавоташ ба хориҷи кишвар, ба хусус Русия, Қазоқистон, Эрон, Афғонистон, Покистон ва Туркия хабар медиҳад. Тибқи иттилои масъулони Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон  дар ду моҳи ахир аз вилояти Хатлон наздик ба 28 ҳазор тонна меваю сабзавот, бо шумули гелосу олу ва караму пиёзу картошкаи нав ба хориҷи кишвар содир шудааст. 80 дар сади ин маҳсулот аз роҳи вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия фиристода шуд. Дар ҷойи дуввум кишвари ҳамсояи Қазоқистон қарор дорад, ки меваҳои пешпазаки Тоҷикистонро харидорӣ мекунад. Қарор аст, то чанд моҳи дигар содироти меваю сабзавот аз ҷануби Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба 70 ҳазор тонна расонида шавад. Содироти меваву сабзавот ба хориҷи кишвар агар аз як сӯ буҷаи давлатро ғанӣ гардонад, аз сӯи дигар хоҷагиҳои деҳқониро, ки маҳсулоташонро бо нархи арзон дар сари замин ба меваҷаллобҳои дохилӣ супурда мешавад, пулдор мекунад.

Бизнес-форуми Тоҷикистону Олмон

18 май дар бинои “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” нахустин Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Олмон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 нафар соҳибкорони Олмон, инчунин зиёда аз 100 нафар соҳибкорони ватанӣ ширкат варзиданд. Мақсади баргузории бизнес-форум мустаҳкам гардонидани ҳамкориҳои судманди тиҷоратии ду кишвар, ҷалби сармоя ва дарёфти шарикон, муҳокимаи масъалаҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар раванди соҳаҳои афзалиятнок мебошад.

Чорабинии мазкурро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ифтитоҳ намуда, аз ҷониби директори Кумитаи шарқии Олмон Линдер Райнер имкониятҳои сармоягузории Олмон муарифӣ гардиданд.

Mehr…

Ҳамзамон аз ҷониби Директори генералии КВД “Тоҷинвест”-и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Забирзода дар мавзӯи “Имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз ҷониби намояндаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Манучеҳр дар мавзӯи “Стратегияи энергетикии кишвар, зарурияти татбиқи тарҳҳои гидроэнергетикӣ ва сохтмони хатҳои интиқоли барқ”, сардори Шуъбаи сиёсати аграрӣ ва дастгирии бахши хусусии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров Баҳодур дар мавзӯи “Муарифии тарҳҳои соҳаи кишоварзӣ” муовини Раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо дар бораи имкониятҳои туристӣ ва татбиқи тарҳҳои инфрасохтории соҳа дар кишвар баромад намуданд.

Инчунин дар ҷараёни муҳокимарониҳо як қатор масъалаҳои гуногуни имкониятҳои иқтисодии ҳарду кишвар баррасӣ шуданд.

Дар рафти форум Меморандум байни ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ва DPU investment GmbH оид ба сохтани маркази логистикӣ дар фурудгоҳи пойтахт ва байни КВД “Тоҷинвест”-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва DPU investment GmbH Олмон оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории бахши хусусӣ ба имзо расид.

Баъд аз ҷамъбасти қисмати расмии бизнес-форум бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди тиҷоратӣ нишастҳои дуҷониба байни соҳибкорони Тоҷикистону Олмон баргузор гардид.

Weniger…

Консепсияи сиёсати хориҷӣ

Таъини мулоқот (онлайн)

Қайди консулӣ (онлайн)

Cайтҳои муфид

Суроғаи мо:

Perleberger Str. 43
D-10559 Berlin
Telefon: +49 30 347930-0
Telefax: +49 30 347930-29
info@(at)botschaft-tadschikistan.de