дар Олмон, Чехия ва Лаҳистон

Набзи сайёра

Тағйирёбии иқлим ба некӯаҳволии инсоният таъсири манфӣ мерасонад

Моҳи декабри соли равон намояндагони 195 кишварҳои ҷаҳон ҷиҳати иштирок дар саммити СММ оид ба масоили иқлим дар шаҳри Парижи Фаронса ҷамъ хоҳанд шуд. Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш коркард ва қабули санади нави умуиҷаҳонӣ оид ба маҳдуд кардани партовҳои гулхонаӣ ба ҳисоб меравад. Иштироки намояндагони кишварҳои дар ҳоли гузариш ва давлатҳои рӯ ба тараққӣ дар ин ҳамоиш ва ҳамзамон муваззаф кардани онҳо барои иҷрои ӯҳдадориҳои худ нисбати ҳифзи муҳити зист низ дар назар дошта шудааст. Санади ниҳоии ин ҷаласа бояд шурӯъ аз соли 2020 бо бекор кардани шартномаи Киото ба ҳукми эътибор дарояд.  Дар пешманзари баргузории ин ҳамоиш Бонки ҷаҳонӣ бо як муроҷиат ба иштирокчиён зарурати муоҳадаро таъкид намудааст, дар акси ҳол тағйири иқлим ба баланд рафтани нархи озуқа ва коҳиш ёфтани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ оварда мерасонад.  Гармшавии иқлим бахусус ба қораи Африко, ки аҳолии он зиёда аз 60 фоизи даромади худро сарфи озуқа мекунанд, паёмадҳои нохуш оварда метавонад. Кишварҳои Осиёи ҷанубӣ, назири Ҳиндустон низ метавонанд дар натиҷаи гармшавии иқлим хисороти бузург бинанд. Тибқи ақидаи мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ гармшавии иқлим метавонад  ба харобшавии соҳаи кишоварзӣ, хурӯҷи бемориҳо ва дар анҷом ба бенаво гардидани зиёда аз 45 миллион нафар аҳолӣ дар Осиёи ҷанубӣ оварда расонад.

Ҳадафи Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он иборат аст, ки раванди гармшавии глобалиро  то ду дараҷаи ҳарорати миёнаи давраҳои то саноатикунонӣ маҳдуд созанд. Дар акси ҳол ба инсоният обшавии пиряхҳо, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо, инчунин зиёд шудани бӯронҳо ва дигар зуҳуроти номатлуби табиӣ таҳдид хоҳанд кард.

Тибқи натиҷаҳои пажӯҳиши муассисаи тадқиқотии Climate Central ҳатто дар сурати ба даст овардани ҳадафҳои гузошта низ ба шаҳрҳои бузург аз қабили Шанхай, Ҳонконг ва Мумбай дар ояндаи дур хатарӣ зери об мондан таҳдид мекунад. То ду дараҷа баланд шудани ҳарорати замин маънои онро дорад, ки бисёр шаҳрҳо ва минтақаҳои наздисоҳилӣ қисман зери об монда ва ё пурра нобуд хоҳанд шуд.  Ин шаҳрҳо ва минтақаҳое, ки айни ҳол дар  онҳо 280 миллион нафар зиндагӣ мекунанд метавонанд қисман зери об монда ва ё дар натиҷаи баландшавии об  нобуд гарданд. Дар сурати то 4 дараҷа гарм шудани Кураи Замин мавҷудияти зиёда аз 600 миллион нафар аҳолӣ зери хатар хоҳад буд.

Бонки ҷаҳонӣ бар он аст, ки агар Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз гармшавии Кураи Замин аз иқдомҳои мушаххас кор нагирад, пас имкон дорад, ки то 100 миллион  нафар аҳолии ҷаҳон ба вартаи фақру нодорӣ мубтало гардад.

Мутахассисон ва коршиносон дар бобати мӯҳлати баланд шудани сатҳи оби дарёҳо то ҳол рақамҳои мушаххасро пешниҳод накардаанд. Ин метавонад зуд е дер ба вуҷуъ ояд. Замони вуқуи ин ҳодисаҳо аз он вобаста хоҳад буд, ки инсоният барои кам кардани партовҳои гулхонаӣ ва пешгирии гармшавии иқлим аз кадом тасмимҳо кор хоҳанд гирифт. Паҳн шудани масоҳати уқёнусу дарёҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати об ва ё об шудани пиряхҳо сабабҳои асосии нобудшавии шаҳру минтақаҳо хоҳанд буд.

Spiegel online.

Рушди бомароми иқтисод дар сиёсати нав нисбати Осиё

Дар чаҳорчӯбаи чорабинии Сиёсати нав нисбати Осиё Вазири ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон Герд Мюллер рӯзи 17 июн самтҳои асосии сиёсати баҳри рушд равонагардидаи Олмон бо кишварҳои минтақаи Осиёро муаррифӣ намуд. "Бо назардошти ҳалли душвориҳои глобалӣ ҳамкорӣ бо кишварҳои рӯ ба тараққӣ бояд густариш дода шаванд. Дар маърази диққати ин ҳамкориҳо мавзӯҳои ҳифзи муҳити зист ва нигоҳдории гуногунии табиат, таъсиси иқтисоди бозаргонии аз лиҳози иҷтимоӣ ва экологӣ муносиб ва ҷилавгирӣ аз омилҳое хоҳанд буд, ки ба паст шудани мавҷи гурезагон мусоидат мекунанд. Ҳалли масоили тағйири иқлим ва тиҷорати одилонаи ҷаҳонӣ, инчунин иҷрои вазифаҳои бузурги ояндаи Кураи Заминро имрӯзҳо бидуни минтақаи Осиё тасаввур кардан имкон надорад", изхор дошт Герд Мюллер. Бисёре аз кишварҳои Осиё ба таври босуръат рушд карда истодаанд, вале фарқият миёни сарватмандону камбағалон дар бисёр кишварҳои ин қора мутаассифона, дар ҳоли афзоиш аст.  Дар робита ба ин, рушди босуботи иқтисод бо ҷалби хама қишри ҷомеа ва ҳифзи зисти муҳит аз ҷумлаи вазифаҳое хоҳад буд, ки дар назди кишварҳои рӯ ба тараққии қораи Осиё истодаанд.

Mehr…

Барои расидан ба ин ҳадаф Олмон омода аст, тамоми таҷриба ва донишҳои Know-how-и дар ихтиёрдоштаи худро ба ихтиёри ин кишварҳо гузорад, кайд кард Герд Мюллер. Дар доираи ин барномаи нав Олмон тасмим дорад бо кишварҳои Осиё ҳамкориҳо дар шакли пешниҳоди қарзҳои камфоиз, ҷонибдории соҳаҳои иҷтимоӣ ва ба ҳифзи зисти муҳит нигаронидашуда, инчунин таҷрибаи бои худро густариш диҳад. Дар ин самт Олмон бо Тоҷикистон аллакай лоиҳаҳо дар бобати рушди хоҷагии ҷангалпарвариро амалӣ карда истодаст. Ҳамчунин дар оянда ба кишварҳои истеҳсолкунандагону содиркунандагони маводҳои матогин кӯмаки бештар расонида мешавад. Ҳадаф аз барномаи мазкур кам кардани сатҳи камбизоатӣ, дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, беҳтар кардани шароити кории коргарон ва коҳиш додани шумораи гурезагону муҳоҷирон мебошад.

Weniger…

Выступление Министра иностранных дел Сироджидина Аслова на двадцать первом заседании Совета министров иностранных дел ОБСЕ, Базель, 4 декабря 2014 года

Уважаемый господин Председатель, 
Уважаемые коллеги, Дамы и господа,

Позвольте выразить признательность Правительству Швейцарской Конфедерации и лично Действующему Председателю ОБСЕ, Министру иностранных дел господину Дидье Буркхальтеру за созданные приятные условия, хорошую организацию заседания и неустанные усилия в течении прошедшего года по достижению намеченных целей и задач Организации.

Передаю также поздравления Е.П. господину Ивице Дачич, Первому заместителю Премьер-министра, Министру иностранных дел Республики Сербия в связи с его избранием на высокий пост будущего Действующего председателя нашей Организации и желаю ему  успехов в его предстоящей многоплановой работе. 

Господин Председатель,

В течении 2014 года Швейцария в качестве председателя ОБСЕ приложила большие усилия для эффективной деятельности Организации и нахождения путей решения имеющихся на ее пространстве проблем и кризисов. Нам необходимо продолжить принятие усилий, направленных на дипломатическое разрешение кризиса в Украине и необходимо не допустить дальнейшей эскалации ситуации в этой стране. На наш взгляд, диалог сторон на всех уровнях является единственным путем продвижения вперед.

Mehr…

Уважаемые коллеги,

Сегодня среди государств-членов ОБСЕ имеется понимание, что Организация, как важнейший международный институт безопасности, должна выйти на новый, более высокий уровень своего функционирования. Несмотря на достигнутые успехи, ОБСЕ нуждается в дальнейшем развитии в различных областях.

Считаем, что предложенная швейцарским председательством так называемая "дорожная карта 2015", включит в себя разработку основных стратегических подходов, долгосрочных перспектив и продолжение совместной работы к сообществу безопасности. Выражаем надежду на то, что этот поможет выработать будущее видение роли и деятельности ОБСЕ.

Полагаем, что несмотря на сложившуюся ситуацию и необходимость концентрирования сил и средств на решение украинской проблемы, работу в рамках процесса "Хельсинки+40" надо продолжить. Надеемся, что наши сербские коллеги в период своего председательствования в Организации в будущем году приложат усилия по продвижение процесса и реализации "дорожной карты". Со своей стороны  выражаем готовность активно содействовать этому процессу.

Уважаемые коллеги,

Таджикистан рассматривая ОБСЕ как важную платформу для равноправного диалога по существующим вопросам безопасности, приветствует усилия по институциональному укреплению Организации. Хотелось бы надеяться, что к 2015 году, когда будет отмечаться 40-летний юбилей принятия Хельсинского заключительного акта, удастся выработать действительно общую повестку дня, отражающую не обмен претензиями и критику в адрес друг друга, а решимость всех нас сосредоточиться на решении стратегических общих задач на основе воплощения на практике принципа неделимости безопасности.

В деле проведения реформы Организации одним из важных элементов является оптимизация деятельности полевых миссий, как важного инструмента­рия ОБСЕ.

Мы в целом позитивно оцениваем деятельность Офиса ОБСЕ в Таджикистане. Приветствуем предпринимаемые шаги по повышению эффективности ее работы. Особо подчеркиваем, что наряду с другими проектами и программами необходимо уделять больше внимания повышению роли и значимости экономического и экологического измерения, которые всё еще недостаточно эффективны и полезны.

Представляется, что необходимо наладить прагматичное сотрудничество и взаимодействие в  рамках «второй корзины» ОБСЕ, включая решение энергетических и водно-экологических проблем, надлежащее управление и борьбу с коррупцией.

В этой связи приветствуем инициативу Генерального секретаря ОБСЕ, провести в июле нынешнего года в Вене мероприятия в рамках дней безопасности, посвященного теме "Укрепление безопасности через водную дипломатию". Полагаем полезным продолжить проведение подобных мероприятий и уверены, что проведение в 2015 году 23-го Экономического и Экологического Форума ОБСЕ по водной тематике, предложенного нашими сербскими коллегами, послужит платформой для обсуждения вопросов, связанных с повышением безопасности и укреплением устойчивого развития через сотрудничество.

Господин Председатель,

В связи с выводом в 2014 году коалиционных сил из Афганистана, афганская тематика приобретает первостепенное значение для международного сообщества, в частности для стран Центральной Азии. Так как ключом к обеспечению прочного мира в Афганистане является социально-экономическое развитие этой страны, считаем, что необходимо наращивать усилия международного сообщества по оказанию Афганистану финансовой, материальной и технической помощи по утвержденным целевым программам. Важным фактором в этом направлении считаем вовлечение Афганистана в процесс региональной интеграции через экономическое и торговое сотрудничество. В этой связи Таджикистан придает важное значение осуществлению энергетических и транспортно-коммуникационных проектов, способствующих  участию Афганистана в развитии межрегиональных экономических связей.

На наш взгляд, необходимо исходить из понимания, что границы сопредельных с Афганистаном стран являются передним рубежом борьбы с наркотрафиком. В этой связи необходимо наращивать усилия по их материально-техническому укреплению, а также созданию современной дееспособной афганской пограничной службы.

Правительство Таджикистана выражает признательность ОБСЕ за поддержку усилий страны в укреплении государственной границыи противостоянию таким серьезным вызовам как незаконный оборот наркотиков, оружия, торговля людьми. Надеемся на дальнейшее сотрудничество и помощь в этом направлении.

В заключение хотел бы выразить надежду на дальнейшее тесное и плодотворное сотрудничество в рамках нашей Организации и пожелать нашим сербским коллегам всяческих успехов в их деятельности в период председательствования в ОБСЕ в 2015 году.         

Благодарю за внимание!

   

Weniger…

Баромади Франк-Валтер Штайнмайер дар Ботшафтсконференц 2014

Меҳмонони азиз, сафирони арҷманд, муҳтарам ҳамкорон.

Ҷаҳони имрӯза тӯли ҳафтаҳои охир мубталои бӯҳронҳои мухталиф гардида, кас ба андеша фурӯ меравад, ки кадоме аз онҳоро мавриди баррасӣ қарор диҳад. 

Мавридҳое вуҷуд доранд, ки дар онҳо ашёҳои моро иҳотакарда назар ба таҳлилҳои дурудароз оид ба вазъи ҷаҳони имрӯза манзараи мушаххастар ато менамоянд. Чанде пеш ашёи хурдеро ба даст гирифтам. Мутмаин бошед, ки он ашёро шумо намедонед. Як пора оҳани аълосифат, андозааш тахминан 10 см, нӯгаш борик ба мисли найза ва дамаш тез ба мисли корд. Агар шумо донистан хоҳед, ки ин чи ашёест, пас ба саҳифаи интернетии истеҳсолкунандаи он дароед. Он ҷо маҳсулоти ширкати Кент Спайк Студ таблиғ мегардад. Тавассути ин пораи оҳан одамон аз «иқомати бидуни хоҳиш дар қабати болои замин» нигоҳ дошта мешаванд. Дар ҷомеа ин олот унвони «симхори зидди мардуми бе ҷои истиқомат»-ро гирифтааст. Дар шаҳрҳои бузурги Аврупо чунин симхорҳоро дар гирдогирди утоқҳои қимматбаҳо ва мағозаҳои пурҳашаммат ҳамчун тавора мекашанд, то ин ки дунёи одамони зебову сарватмандро беғам сохта, онҳоро аз ҳаёти ҳаррӯзаи ташвишсоз ҳифз кунанд. Ин ашёи хурд аз он сабаб дар хотирам нақш бастааст, ки ман онро на танҳо ҳамчун як элементи бағоят бадбахт, ҳатто нанговари шаҳрсозӣ меҳисобам. На, ин ашё инъикосгари бисёр чизҳои дигар ҳам ҳаст.

Mehr…

Маҳз ҳамин ашёи хурд дар чашмони ман ду чизи муҳимро роҷеъ ба вазъи кунунии ҷамъияти Ғарб дар рӯи ҷаҳон инъикос менамояд. Аз як тараф, ваҳми таҳдиди ҳамешагӣ тавассути хатаре, ки Маартен Ҳарт онро «хашми ҷаҳони беруна» номидааст, аз ҷониби дигар беэътиноӣ ва эътимоди ночиз нисбати он омилҳои зиддахле, ки мо дар ихтиёр дорем.  Ва маҳз ин ду таассуроти худро мехоҳам дар баромади худ шарҳ диҳам. Ба ҳар ҳол, агарчанде ашёҳо назар ба таҳлилҳо шаҳодати аёнӣ диҳанд ҳам, зарур мешуморам, вазъи имрӯзаро то андозае ба риштаи таҳлил бигирам.

Таҳлили ман аз худи Олмон оғоз мегардад. Шумо бо фарзияҳои ман аз оғози фаъолиятам огоҳ ҳастед: „Олмон бояд дар самти сиёсати хориҷӣ аз масъулияти бештар кор гирад».

Имрӯз, баъд аз гузаштани 9 моҳи сиёсати бӯҳронҳо мехоҳам дар мадди аввал зарурати ин фарзияро дубора равшан намоям. Сиёсати хориҷии фаъолонаи Олмонро зарур аст, на дар шакли „nice to have“, ба роҳ монд, , балки он бояд ҳамчун як зарурати ҳаётан муҳим ҳисобида шавад.  Имрӯзҳо дар бораи Олмон дар бисёр мавридҳо ақидаи зерин  навишта ва ё иброз карда мешавад: „Вазъи Олмон хуб аст“. Ин бешубҳа дуруст ва боиси хушҳолист.

Аммо пушти ин гуфтаҳо як маназари фиребкунандаи нисбӣ нисбати сиёсати хориҷии мо ба вуҷуд меояд. Олмон дигар саҳифаҳои тираву тори таърихи гузаштаи худро варақ зада пӯшондааст. Имрӯз кишвар дубора муттаҳид ва узви ҷудонашавандаи Аврупо ҳисобида мешавад. Аз лиҳози иқтисодӣ мустаҳкам, дорои некуаҳволии баланд ва амнияти иҷтимоӣ, ҳатто чемпионӣ ҷаҳон оид ба футбол гардидааст. Бо ибораи дигар, як ҷазираи хушбахтӣ, ки аз мавҷҳои баланди уқёнус ба хубӣ ҳифз гардидааст.

Шояд Олмон барои бисёриҳо чунин ба назар намояд. Вале метарсам, ки ин аз хаёлоти хом дида чизи бештаре нест. Назарсанҷие ки Бунёди Кёрбер Штифтунг бо дархости Вазорати  корҳои хориҷӣ анҷом дод, нишон медиҳад, ки 30 фоизи пурсидашудагон (олмониҳо) тарафдори ба ӯҳда гирифтани масъулияти бештар мебошанд. 70 фоизи дигар бошад ба ин масъала бо шубҳа менигаранд. Натиҷаи назарсанҷиҳо миёни омодагӣ ва интизориҳои олами беруна нисбат ба мо тарқиши бузургеро нишон медиҳад, ки барои мо бешубҳа қобили қабул нест. Мавҷудияти чунин фарқият бояд бартараф карда шавад. Ва маҳз ана ҳамин ғояи асосии Раванди Ревю 2014 (Review-Prozess 2014) мебошад, ки аз ҷониби ВКХ Олмон роҳандозӣ гардида, дар моҳҳои оянда бисёре аз шумоёнро ҷалб хоҳад кард.

Айни замон мо саргарми бӯҳронҳои хатарнок ҳастем. Ин бӯҳронҳо таҷассуми таҳовулотҳои фундаменталӣ, ҳамзамон падидаҳои номатлуби нав мебошанд. Танҳо як чиз мусаллам аст: таъсири оташдони ин бӯҳронҳо торафт наздики мо шуда истодааст ва Олмон бо ҷаҳони беруна, аз он ҷумла бо минтақаҳои даргир аз пештара дида робитаи зичтару густарда дорад.

Бо сарзадани бӯҳрони Украина, масъалаи ҷангу сулҳ бо ҳама мавҷҳои аз ҷиҳати сиёсӣ воқеонааш ба минтақаи Аврупо баргашт, ва маҳз дар як шаклу сурате, ки ба иддаои бисёриҳо онро Аврупо фаромӯш карда буд. Дар асл гирем, тамоман ғайри қобили қабул аст, ки  Руссия бо гузаштани 70 сол аз анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва 25 сол аз хотимаи Ҷанги Сард бо он машғул гардидааст, ки марзҳои мавҷударо дар минтақаи мо зери суол гузорад.

Ин категорияи, ба қавле дахолати зӯроварона ба умури дохилии як кишвар, моро маҷбур месозад, ки мавқеи худро таҷдиди назар намоем. Албатта,  мавриди таҷдиди назар кардани муносибатҳои бисёрсола бо Россия кори осон нахоҳад буд.  Аммо  зарур ва ҳатмӣ будани боқӣ хоҳад монд, зеро мо агарчи мо ҳамшарикем ва ё душман, бузургтарин ҳамсояи мо баъд аз бӯҳрон низ Руссия боқӣ хоҳад монд.

Дар Ироқи Шимолӣ артиши курдҳо бар зидди террористони Созмони «Давлати исломии Ироқ ва Сурияи Кабир (ДИИСК)» мубориза мебаранд. Ин ҳам бошад дар паҳлӯи марзҳои берунии НАТО ва Аврупо.

Агар ин  фарзия ба касе аз лиҳози шарҳи геополитикӣ абстракт ба назар намояд, пас бояд ба ӯ ёдрас кард, ки то чи андоза Олмон ва олмониҳо аз ин муноқишаҳо зарар дидаанд: Дар толори тайёраи МҲ17 миёни садҳо қурбоншудагон олмониҳо низ буданд. Дар натиҷаи задухӯрдҳо дар камарбанди Ғаза то ба имрӯз аллакай 7 нафар шаҳрвандони Олмон қурбон гардидаанд.  Ва баръакс, миёни муҷоҳидони хориҷии гурӯҳҳои одамкуши Созмони ДИИСК нафароне ҳам ҳастанд, ки баромадашон аз Олмон буда, мутаносибан хавфи дубора баргаштани онҳо низ вуҷуд дорад. Агар бо мисоли дигар мушаххас намоем, дар таркише, ки тобистони имсол дар яке аз осорхонаҳои ҷуҳудони Белгия баргузор гардида, бар асари он чор нафар қурбон шуданд, маҳз нафаре даст дошт, ки корҳои нопоки худро сараввал дар Сурия анҷом дода, сипас тариқи Олмон ба Брюссел рафта буд.

Аз ин  расмҳои ҷудогона манзараи ташвишоваре ба даст омада истодааст. Ҷаҳон дар ҳоли аз даст додани сохторҳои қадимаи худ қарор дорад, саҳнае, ки рӯи он шумораи бузурги бозигарони ғайридавлатӣ истода, таҳдидҳои бузургу печдарпечро ба бор оварда истодааст.

Агар нафаре 25 сол қабл баъди пош хурдани деворҳо дар Олмон иддао дошт, ки «ҳамакнун  фурсати ғолибияти  демократияи либаралӣ» фаро расида, ҳаводисҳои рухдода ҳамчун «анҷоми таърих» қаламдод мегардад, пас ӯ куллан иштибоҳ намудаст.  Дуруст аст, ки сохти куҳнаи дуқутба дар рӯи замин фурӯ рафт. Аммо ҷаҳон то ҳол сохти навро пайдо накардааст. Ҷаҳон дар ҷустуҷӯи сохти нав аст.  Ва низоми мо, демократияи либералӣ  дар ин такопуҳо ба рақобати сахту рӯ ба афзоиш дучор гардидааст.

Дар даҳсолаи оянда Ҷумҳурии Чин ба  бузургтарин абарқудрати иқтисодӣ дар миқёси ҷаҳон табдил хоҳад ёфт. Ба қавли Кевин Руд, ин нахустин миллати ғайриғарбӣ, ғайри англисзабон ва ғайридемократӣ хоҳад буд, ки баъд аз нишасти Фридрихи Кабир дар тахти Пруссия (яъне садсолаҳо баъд) соҳиби чунин унвон мегардад.

Ва ҳатто дар дохили Иттиҳоди Аврупо қувваҳое мавҷуданд, ки бо садои сусти демократия овоз баланд мекунанд. Мутаассифона, ин падида низ ҳамакнун ба як таҳлили мунсифона ниёз дорад.

На танҳо сохти махсуси давлатдории мо, яъне демократияи либералӣ, дар ҷаҳони имрӯза ба маърази санҷиш гузошта шудааст, балки идеяи давлатдорӣ дар баъзе минтақаҳо дар маҷмӯъ дучори лағжиш гардида истодаанд. Нотавонии кишварҳои дар ҳошияи варшикастагӣ қарордошта ҳамакнун падидаест, ки на танҳо Ховари Миёнаро фаро гирифта мардумони ҳавзаи Сурия ва Ироқро  мубталои зуроварию таҷовуз гардонидааст. Таҳдиди боз ҳам фарохтаре дар Африқо ин минтақаро ба  зоишгоҳи бӯҳронҳои нав дар оянда мубаддал кардааст.

Ва маҳз дар чунин вазъият, дар ҳоле ки бисёре аз ҳамшарикон ҷониби Олмон бо ангушти ишора менигаранд, ин бешубаҳа аз сабаби мутаҳайир шудани онҳо  аз «намунаи олмонӣ» нест, балки онҳо ташаббуси бештареро аз ҷониби мо  интизоранд, ташаббусе ки бо андозаи рушдёфтаи мо муносиб бошад.  Ва маҳз аз он сабаб онҳо аз ҷониби мо ташаббус талаб доранд, чунки дигарон аз по афтодаанд.

Шарикони аврупоии мо машғули бӯҳрони иқисодӣ ва паёмади онҳо мебошанд. ШМА ягона абарқудрат боқӣ мондаанд, вале онҳо низ айни замон пайхас намуда истодаанд, ки дар Ховари Миёна онҳоро гӯш намедиҳанду айни замон ба оташдонҳои бӯҳронҳо нуфузи маҳдуд доранд.

Олмонро, тавре баъзеҳо ба қалам додаанд, даҳсолаҳо инҷониб дар оғӯши гарми Ғарб ҳамакнун ба воя расид ва бояд ба воя мерасид. То соли 1990 мо ҳамчун кишвари ба ду қисмат тақсимшуда ва пушти пардаҳои оҳанин дар баррасии бӯҳронҳои бузурги байналмилалӣ он қадар ҷалб намегардидем. Баъд аз баҳамоӣ мо омӯхтем, ки дар арсаи байналмилалӣ бояд ҳамчун дорандагони ҳуқуқҳои баробар, ҳамзамон дорандагони ӯҳдадориҳои баробар пазируфта шавем.

Муноқишаи Балкан дар солҳои 90-уми асри гузашта, Афғонистон ва Ироқ аз ҷумлаи марҳалаҳои омӯзишӣ ба ҳисоб мерафтанд. Қарори қатъии Олмон нисбати ҷанг дар Ироқ нишон дод, ки мо қудрати «не» гуфтанро низ дорем. Аммо як чиз торафт равшан шуда истодааст. Худро  аз «хашми ҷаҳон» дар канор гирифтан дигар ба кор нахоҳад рафт.

Имрӯзҳо пиёдасозии сиёсати хориҷии оқилона ва фаъол дигар на муолиҷа, балки вазифаи мо ҳисоб меёбад. Ин масъулиятро мо дар қиболи ҳамшарикони худ дар доираи вазифаҳои  муштарак ҳамчун қарз ҳисоб мекунем, ончуноне ки ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар ин ҷаҳони хатарнокгардида вазифаи мо ҳисоб меёбад.

Ҳамкорони азиз, шояд суханронии ман ба мисли субҳонаи вазнине дар ин рӯзи душанбе ба назар намояд. Аммо ба таври дигар инро иброз дошта наметавонам ва фикр мекунам шумо низ, ҳамкорони азиз, ки ҳамарӯза дар  чор тарафи дунё бо баррасӣ ва ҳалли муноқишаҳо сарукор доред, бешубҳа медонед, ки «кучиши (эрозияи) давлатдорӣ, бозгашт ва эҳёи дубораи тахайюлотҳои муътақиди геостратегӣ, ноамн кардани дигар қитъаҳои дунё ва дар натиҷаи он ба вуҷуд омадани нобоварию таҳдидҳо хусусияти воқеӣ касб намуда истодааст.

Аммо танҳо як чиз қатъӣ аст:  Даст бардоштану худро пушти деворҳо пинҳон кардан, гиряву нола ва доду ғиреву беҳушӣ дигар роҳи антернативӣ ҳисоб намеёбад. Ва барои интихоби ин роҳ низ дигар баҳонае вуҷуд надорад. Он чи ки ба мо лозим аст, ҷасорат ва омодагӣ мебошад. Омодагӣ барои тасмимҳои бештар, бештар аз он ки мо дар борааш фикр мекунем.

Шумо ҳамчун роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва роҳбарони раёсатҳои Дастгоҳи марказӣ дорои беҳтарин захираҳое мебошед, ки хадамоти сиёсати хориҷӣ дар ихтиёр доранд: ин ҳам бошад коргарону коргарзанони шумо.  Аз мағзҳои онҳо, малакаву маҳорат ва кордонии онҳо мо бояд тамоми имкониятҳоро бардорем, то олотҳои нави дипломатияро кӯфта сайқал диҳем.

Ҷанобон, маҳз ана ҳамин, яъне истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ғояи асосии лоиҳаи «Review 2014 - сиёсати хориҷӣ. Барои андешаи бештар» мебошад, ки ман дар ҳамкорӣ бо шумо ва тамоми кормандони ВКХ оғоз намудаам.

Ҷомадони олотҳои дипломатия хеле ғанӣ мебошад, ғанитар аз он ки мардум дар ҷомеа дар борааш ақида доранд.  Бо амалисозии ин лоиҳа мо тасмим дорем, ҷомадони олотҳои дипломатияро бо тамоми имкониятҳои доштааш шарҳ диҳем, ва мӯҳтавои онро ҳадалимкон ба ҳолати кунунӣ оварда, дорои имкониятҳои бештар гардонда,  манфиатнок созем.

Тӯли ним сол мо дар доираи амалисозии ин лоиҳа бо як қатор мутахассисони ҷомеа, бо олмониҳо ва ғайриолмониҳо дар бораи сиёсати хориҷӣ баҳсу мунозира анҷом додем. Он чи ки ман дар тӯли ним сол дар бобати роҳнамоии стратегӣ ва мӯҳтавои ҷомадони олотҳоямон бардоштаам, мехоҳам ба таври фишурда баён намоям.

Фарзияи якум. Агар мо дипломатҳо диққати асосиро ба он чизе ки аз ӯҳдааш мебароем, равона кунем, пас дар мадди аввал ин чунин маъно дорад, ки мо бояд душвориҳоро ҳал кунем. Купрукҳо созем, олотҳои нав сайқал диҳем ва дар дигар сарчашмаҳо ва миёни ҳамшарикони байналмилалӣ ҷӯёи  ҳарифон бошем, даст диҳем. Ҳамаи ин тасмимҳоро мо иҷро мекунем, то барои боз ҳам осоишта намудани ҷаҳон роҳи ҳал пешниҳод намоем.

Масъулияти бештар – ин на даъвате аст ба юришҳои ҳарбӣ ва ё иқтибос барои сӯҳбатҳои бегоҳи якшанбе. Масъулият бояд ҳамеш мушаххас бошад. Ин муроҷиати ҳамарӯза барои ман аст ва ман ин муроҷиатро ба шумо, мӯҳтарам роҳбарони намондагиҳо иброз медорам.

Дилпур бошед, ки ман аз ҳама гуна ахбороти шумо, ки ин ё он проблемаро ба таври оқилона  ба риштаи таҳлил кашидааст, хушҳол хоҳам шуд. Аммо аз ҳама бештар аз ташаббусҳое истиқбол хоҳам кард, ки ҳамчунин пешниҳод ва роҳҳои гуфтушунидро низ дар бар мегиранд. Ташаббусҳое, ки омилҳоро рӯи даст мегиранд ва ё дар ҷустуҷуи олотҳои нав бошанд. Тавсияҳое, ки Вазири корҳои хориҷиро водор намояд, ки даст ба гӯшаки телефон барад. Гуфтугуҳои телефонӣ танҳо барои исботи фаъолияти худ ба ҷомеаро ман таҳаммул карда наметавонам. Чун барои сӯҳбати телефонӣ бо якдигар маслиҳат намудем, пас бояд дорои пешниҳодоте бошем, ки тавонанд барои пеш бурдани тасмими гирифташуда ва бо роҳҳои сиёсӣ ҳал намудани қазиҳо мусоидат намоянд.

Дипломатияи амалӣ бешубҳа ҳеҷ гоҳ аз рискҳо холӣ нест ва он бояд ҳамеша товони бардоштани зарбаҳои ҷавобиро дошта бошад. Дар муноқишаи Украина барои мисол, мо аз омилҳои мухталиф, аз қабили гуфтушунидҳои даврӣ, миссияҳои назоратчиён, пешниҳодҳо ҷиҳати ба ӯҳда гирифтани нақши воситачӣ ва дар сурати зарур ҳатто аз фишангҳо ва таҳримро истифода мебарем.

Аммо маҳз вақте ки зарбаҳои ҷавобӣ ба вуҷуд меоянд, ман инро дар мисоли ҳама гуна омилҳо дар назар дорам, бахусус дар бобати ҷорӣ намудани таҳримҳо, ҳеҷ яке аз ин тасмимҳо бо мақсадҳои хусусӣ, ва ё озмудани қувваи худ равона карда намешаванд.  Балки ҳама гуна тасмимҳо танҳо ба он мақсад равона мегарданд, ки роҳҳои ҳалли сиёсии муноқишаҳо тарҳрезӣ гарданд ва дар расидани ҳадаф қадаме ба пеш партофта шавад, ҳатто агар он ба қадри ночиз ҳам бошад, зеро ҳадаф маҳз пайдо кардани ҳалли сиёсии масъала мебошад, то аз сар задани ҷангу муноқиша ҷилавгирӣ карда шавад.

Аз ин рӯ хоҳишмандам, новобаста аз ҳама гуна таҳдидҳо ба сулҳу амният, демократия ва давлатдорӣ мо бояд бар он бошем, ки набояд аз фурурехтани ҷаҳон шиква намуда, арзишҳои ғарбии худро мадҳ намоем. Балки мо бояд остин барзанем. Чунки мо дипломатҳо, миссионер не, балки усто ҳастем.  Ва боварӣ дорам ки устоҳои ҳассос ва зиёманд.

Фарзияи дуюм. Тохтутози низомҳо дар рӯи дунё дар авҷои аъло қарор дорад. Бозигарони нав ба рӯи саҳна омада истодаанд, ки қонунҳои сиёсии онҳо на ҳамеша ба идеали як вазири Ғарб оид ба демократияи аврупоӣ мувофиқанд.

Ба ҳар ҳол, дар яке аз нуктаҳо демократияи ғарбӣ бартарӣ дорад: маҳорати зери суол гузоштану таҷдид намудани худ. Ва маҳз ҳамин омил пурқувватии мо дар ҷаҳони имрӯза ҳисобида мешавад. Ҷаҳоне, ки бо суръати фалокатбор тағири шакл намуда истодааст, ҷаҳоне ки қобилияти омӯзишу дарси ибратгирӣ ва мутобиқшавию тағйирпазириро талаб мекунад.

Демократия танҳо дар он сурат пурқувват аст, ки агар он худро пойбанди идеология насозад, балки проблемаҳоро ба таври воқеӣ баррасӣ намуда, ҷиҳати ҳалли онҳо фазои озоду мусоид фароҳам орад.

Олмон дар қалби худ маҳз ин гуфтаҳоро ба даст овардааст. Мо худро аз ҷиҳати сиёсати иқтисодӣ такмил додем (ислоҳот гузаронидем), аз лиҳози сиёсат нисбати ҷомеа бошад мо худро кушодем, агарчанде ин кори саҳл набуд. Олмон имрӯз аз лиҳози иқтисодӣ қавӣ ва аз лиҳози ҷомеавӣ кушод аст, на аз он сабаб ки мо ҳамеша аз худ розӣ будем, балки мо қобилияти бардоштани танқидро низ доштем.

Ва маҳз ана ҳамин нуктаро низ мо бояд дар сиёсати хориҷиамон ба даст орем. Маҳз ҳамин шабаҳ пушти раванди лоиҳаи мо (Rewiev 2014)  истодааст, яъне ба худ савол додан, бо якдигар бовиҷдонона будан.

Мо бояд ба худ ҳамеша саволҳои зеринро гузорем:

·        Дар фаъолияти мо кадом омил аз ҳама муҳиммтар ва кадоме нисбатан муҳим ҳисобида мешавад?

·        Олмон кадом корро метавонист ба сомон расонад ва аз ӯҳдаи кадом корҳо баромада наметавонад?

·        Чи тавр мо метавонем боз ҳам тезтар ба бӯҳронҳо вокуниш нишон диҳем?

·         Бо кадом тарз мо метавонем аз омилҳои самаранок истифода барем, то бӯҳронҳоро маҳз дар минтақаҳое рафъ созем, ки дар он хатари аз байн рафтани давлатдорӣ таҳдид мекунад?

·        Бо кадом роҳу восита мо метавонем бахшҳои нави сиёсати хориҷиро ба якдигар васл созем, масалан „дигитализация“ бо маблағҳои сиёсати хориҷӣ назири  фарҳанг бо маориф?

·        Ин тасмимҳоро дар буҷа чи тавр инъикос хоҳем кард? Ин масъала низ хеле муҳим мебошад.

Ин маҷмуъи масоилро мо дар ин конфронси сафирон ва дар марҳалаи сеюми лоиҳаи Review Prozess хоҳем гузошт. Фарзияи ман шояд парадокс ба назар намояд, аммо ман боварии комил дорам, ки  дар ниҳояти кор  демократияи либералии мо дар омодагии он барои худтанқидӣ ва худтаҷдидсозӣ афзалиятнок будани худро исбот хоҳад кард.

Фарзияи сеюми ман «Агар проблемаро ҳал кардан хоҳӣ, пас ба эътирозҳо омода бош! Бешубҳа, мо асосҳои сиёсати хориҷии худро пайгирӣ хоҳем кард. Аммо вақте ки асосҳо бо якдигар мухолифат мекунанду воқеият моро дар пешорӯи имкониятҳои душвортар мегузорад, дар ин сурат сиёати хориҷӣ ба тарозубаркашиҳо дучор мешавад.

Қазияи Ироқ моро бо чунин вазнбаркашиҳо рӯ ба рӯ намуд. Аз як ҷониб принсипи «интиқол надодани яроқу муҳимоти ҷангӣ ба мавзеҳои даргир». Бешубҳа, яроқи бештар таҷовузи бештарро ба бор меорад. Ва аққалиятҳои курдҳо бошад манфиатҳоеро пайгирӣ намуда истодаанд, ки на ҳамеша манфиати мо мебошанд. Вале аз ҷониби дигар принсипи «ҳимояи ҳаёти инсон» истодааст. Курдҳо дар минтақа муҳимтарин истеҳком бар зидди роҳзанони  «Давлати Исломӣ дар Ироқ ва Сурияи Бузург» мебошанд. Дар сурати нобуд гардидани ин истеҳком аз ҷониби ин Созмон на танҳо ҳаёти ҳазорон нафар аҳолии осоишта, балки амнияти тамоми минтақа зери хатар хоҳад шуд.

Ва нафаре, ки аз қабули чунин қарорҳо худдорӣ мекунад, ӯ на ин принсипҳоро боло медонад, балки ҳатто каме пушти ин принсипҳо пинҳон шудан мехоҳад. Ва дар ниҳояти кор, мо ҷавобгариро барои  беамалиамон ба монанди амалкарданамон ба дӯш  хоҳем дошт.

Аз ин рӯ мо дар ҳукумати федеролӣ бо назардошти хавфҳои мавҷуда иброз намудем, ки тохтутози «Созмони Давлати исломӣ  дар Ироқу Сурияи Бузург  бояд нигоҳ дошта шавад ва мо метавонем ба муборизони Пешмерга (яъне курдҳо) на танҳо бо изҳори эътироф ба пушташон даст занем, балки дар якҷоягӣ бо ҳамшарикони аврупоии худ ба ин муборизон муҳимоти ҷангии лозимӣ фиристем, то курдҳо тавонанд дар қиболи гурӯҳҳои роҳзани СДИИС муқовимат нишон диҳанд.

Фарзияи чоруми ман заминаи асосии ҳама он гуфтаҳое мебошад ки дар боло оид ба дипломатияи фаъол изҳор доштам: Сиёсати хориҷии фаъоли Олмон танҳо дар Аврупо ва тавассути Аврупо вуҷуд дошта метавонад.

Агар ҳатто як нафар ҳам иддао дошта бошад, ки Олмон дар ин дунё ҳатто як проблемаро дар танҳоӣ ҳал карда метавонад, пас ӯ хато мекунад. Мо танҳо бо ҳамшарикони худ ва дар Иттиҳоди худ метавонем дорои вазни хос бошем.

Аммо маҳз ҳамин принсип низ худро ба таври мушаххас исбот менамояд. Нисбат ба ҳавзаҳои ба бӯҳрон дучоргардида Аврупо новобаста аз баҳсу мунозира ва назарҳои мухталиф якдилона вокуниш нишон дод, чунончи дар бӯҳрони Украина. Албатта муносиботи таърихӣ бо Россия дар қаламрави Аврупо гуногунанд. Барои баъзе кишварҳои Ғарб Россия як шарики тиҷорат ба шумор меравад, ки чақримҳо аз Аврупо дур мебошад.  Аммо Россия барои мардумони Аврупои Шарқӣ ҳамчун як зулмгар боқӣ мондааст. Ва дар Олмон бошад бо назардошти таърихи қаблиаш аз ҳар дуи ин гуфтаҳо каме вуҷуд доранд.  Новобаста аз ин дидҳои гуногун ба мо муяссар гардид, ки ба як мавқеи муштараки аврупоӣ бирасем. Бахусус бо ҳамшарикамон Фаронса мо ҳамеша ба пеш ҳаракат дорем.

Агар мо ин роҳро дар оянда низ ба таври муштарак тай кунем, пас бӯҳронҳои имрӯз сарзада метавонистанд дар ниҳояти кор барои ҳамгироии (интегратсияи) Аврупо дар бахши сиёсати хориҷӣ такони нав бахшанд.

Шумо низ, ҳамкорони азиз, ки дар гӯшаву канори дунё фаъолит доред, бояд сиёсати хориҷии Аврупоро мушаххас созед. Аз ин рӯ хоҳишмандам, дар кишварҳои иқомати худ аврупоиҳои беҳтарин бошед! Агар шумо дар маҳалли фаъолият проблемаеро рӯи даст гиред ва иттифоқчиён пайдо кардан хоҳед, пас бигузор нахустин занги шумо ба ҳамтоёни аврупоии худ ва ҳамшарикони тарнсатлантикиамон бошад. Фаъолият бидуни ШМА номумкин аст, аз ин рӯ моро зарур аст, ки боз ҳам ҷиддитар ва аз рӯи виҷдон  оид ба проблемаҳое ҳарф занем, ки миёни мо вуҷуд доранд.

Ин ҷо мехостам боз қадаме ба пеш гузорам, зеро ман чунин ақида дорам: Агар мо ҳамчун сиёсатмадорони  хориҷӣ Аврупоро дар ҷаҳон бештар талқин кардан хоҳем, пас бояд худамон ин талабро ба дохил, яъне ба Аврупо низ ворид карда тавонем.

Дар ин ҳолат месазад гуфт, Аврупо бояд дар дохили худ ончунон сохта шуда бошад, ки ӯ тавони дар берун музокирот карданро дошта бошад. Ин чунин маъно дорад, ки Аврупо бояд дар дохили худ он чизро ҳифз намояд, ки он «Модели Аврупо»-ро дар чашми ҷаҳониён пурқувват ва қобили ҳусн мегардонад., яъне озодӣ ва ҳамкорӣ, иқтисоди бозаргонӣ ва давлати иҷтимоӣ, қобилияти рақобатпазирӣ ва баробарии иҷтимоӣ. Инҳо ду тарафи як нишони сарисинагӣ дар Аврупо мебошанд. Ва маҳз ин мувозинатро нигоҳ доштан яке аз вазифаҳои марказии комиссияи оянда хоҳад буд.

Ҳеҷ як таътили тобистана ба ин таътил монанд набуд. Тобистоне аст бидуни холигӣ, ва касе инро то ҳол пайхас накардааст, шояд акнун дарк хоҳад кард, ки ин тобистон ҳеҷ як баҳсу мунозираҳои хоси ин давраи холигӣ баргузор нагардиданд. Ҳеҷ як баҳсу мунозира сари нафақаи хизматчиёни давлатӣ, ва ё  ӯҳдадориҳои ронандагони дучархаҳо барои пушидани каллапуш, ҳатто боре ҳам дар бобати боҷ барои шоҳроҳҳои Олмон низ мавзӯи баҳсу мунозираҳои тобистонӣ нагардиданд.  Дар ҳама ҷо баҳсу мунозира роҷеъ ба сиёсати хориҷӣ!

Агар шумо дар ёд дошта бошед, мо ҳанӯз 9 моҳ қабл лоиҳаи Review 2014 –ро шурӯъ кардем, чунки мо иддао доштем, ки «Олмон бояд бештар дар бобати сиёсати хориҷӣ ҳарф занад. Имрӯз мо дигар дар бобати камбуди он ҳарфи гуфтание надорем.

Ман медонам, ки тӯли ин ҳафтаҳо барои корхонаи мо (яъне ВКХ Олмон) корҳои бисёре истодаанд, бисёре аз шумо шояд бо тамоми қувва ва бидни истироҳат андармони корҳо ҳастед.

Аммо маҳз аз он сабаб, ки имрӯз нисбати  мо эҳтиёҷ ба миён омадааст.  Мо бояд ҳамаи ин серкориҳоро ҳамчун як шонс барои худ эътироф намоем. Аз ин рӯ, аз ҳамаи шумо хоҳишмандам, Биёед ин шонсро ҷиддӣ қабул намуда, дасту остин барзанем, масъулиятро бештар ҳис намоем ва олотҳои дипломатии худро дар ҳама бахшҳое, ки истифода бурданаш имкон дорад, воқеан мавриди истифода қарор диҳем.

Дар ҳар сурат он симхореро ки ман дар оғози суханрониам ёдрас карда будам, мехостам об карда аз он мурувват ва сим тайёр намоям, маводе, ки барои сохтани купрукҳо дар ин дунё заруранд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Берлин 2014

Weniger…

Сиёсати яккачинии муҳоҷирон дар Олмон ва бозгашти «мағзҳои беҳтарин»

Олмон солҳои дароз инҷониб дар бобати равандҳои демографӣ ва аз байн бурдани камбуди мутахассисон  андеша дорад.  Соли 2012 дар қаламрави Олмон 80,3 миллион нафар аҳолӣ зиндагӣ мекард. Тибқи пешгӯиҳои  Хадамоти федеролии омор то соли 2050 аҳолии Олмон ба 69,4 миллион нафар коҳиш хоҳад ёфт. Ин ҳам танҳо дар сурате, ки, ки агар ҳамасола ба Олмон 100 ҳазор нафар муҳоҷир ворид шаванд. Сабаби асосии коҳиш ёфтани аҳолӣ дароз шудани умри миёнаи аҳолӣ (89,2 сол ) ва аз ҳама муҳим кам шудани коеффициенти зоиш миёни занон мебошад. Ба ҳисоби миёна ҳар як зани олмонӣ ҳамагӣ 1,4 кӯдак ба дунё меорад, ҳоло он ки ин рақам соли 1970 ба 2,7 нафар мерасид.  Таносуби нобаробари аҳолии қобили кор ва афзудани аҳолии ниёзманд ба кумакҳои иҷтимоӣ (нафақахӯрону бознишастагон) аз ҳисоби дарозумрӣ ниҳодҳои давлатии Олмонро ба он водор намудааст, ки аз тасмимҳои ҷиддӣ кор гиранд, то холигии ба вуҷудояндаро бидуни душворӣ пур кунанд. Бо назардошти нигоҳ доштани стандартҳои ҷорӣ, таъмини сатҳи некӯаҳволӣ, ва рақобатпазирӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ Олмон кушиш намуда истодааст, аз сиёсати муҳоҷирати селективӣ кор гирад.

Mehr…

Пажӯҳишгарони соҳа кайҳо боз бар он назаранд, ки муҳоҷирати яккачинкунӣ (селективӣ) яке аз нуқтаҳои асосии рӯзномаи сиёсати демографӣ дар ҳоли ҳозир ба ҳисоб меравад. Мутаносибан, Олмон солҳои охир як  қатор  тасмимҳои либераликунониро рӯи даст гирифтааст, то шаҳрвандони хориҷии дар Олмон таҳсилнамударо нигоҳ дошта, ва ё мутахассисони навро ҷиҳати фаъолият дар Олмон ҷалб намояд.  Дар ин замина, кор бо донишҷӯёни хориҷӣ мавқеи хос доранд, зеро донишҷӯён ба қавли пажӯҳишгари масоили муҳоҷират Клаус Баде (Klaus Bade), «муҳоҷирони идеалӣ» ҳисобида мешаванд. Онҳо на танҳо ҷавону болаёқат ва дорои маълумоти олӣ, балки инчунин донандагони хуби забони олмонӣ буда, кишвар ва урфу одатҳои онро аз худ намуда, бо шарту шароитҳои кор дар Олмон шиносоӣ доранд.

«Аммо тарафи дигар масъала ин аст, ки шумораи зиёди донишҷӯён аз кишварҳои сеюм ва кишварҳои рӯ ба тараққӣ баъди таҳcил дар Олмон нияти бозгашт ба Ватанро надоранд, аниқтараш онҳо мехоҳанд баъди хатми донишгоҳ дар Олмон монда, барои худ шуғл пайдо намоянд. Ин вазъ кишварҳои онҳоро ба проблематикаи BRAIN DRAIN ва ё худ „фирори ақлҳо“ рӯ ба рӯ кардааст»,  менависад маҷаллаи Маркази Пажӯҳиши кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шумораи охирин худ.

Содда намудани раванди гирифтани иҷозаи иқомат ҷиҳати таҳсил  Олмонро низ дар рӯ ба рӯи масъалаи дигар гузоштааст, ки ҳалли он нозукбиниву мушикофии хоссаро талаб дорад. Тавре маълум, Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон бо як қатор кишварҳо, аз ҷумла бо минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамшарикӣ баҳри рушдро ба роҳ мондааст, ки ҷонибдорӣ ва дастгирии молии хатмкардагони донишгоҳҳои Олмон барои бозгашт ба Ватан (реинтеграция специалистов) як ҷузъи таркибии ҳамкориҳои молиявию техникӣ ба ҳисоб меравад.

Тибқи маълумоти омории ЮНЕСКО минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҳисоби чандирии (мобильность) донишҷӯён яке аз ҷойҳои аввалинро дар миқёси ҷаҳон мегирад. Барои мисол, аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Узбекистон танҳо дар Олмон то 1200 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд.  Минтақа аз лиҳози шумораи донишҷӯёни худ  дар хориҷи кишвар ҷои сеюмро ишғол менамояд. Ва тенденсияи баъди таҳсил Олмонро ҳамчун иқомати доимии худ қарор додани донишҷӯёни ин минтақа дар ҳоли болоравист.

Натиҷаи пажӯҳиши яке аз кормандони Донишгоҳи Ҳумболдти Берлин дар мавзӯи муҳоҷирати таҳсилии донишҷӯёни Осиёи Марказӣ, ангезаҳое мебошанд, ки бояд ҷониби Олмонро ба бозбинии мушикофонаи сиёсати кунунии худ баҳри рушд  далолат намуда, аз ҷониби дигар муассисаҳои мутассадии кишварҳои Осиёи Марказиро низ ба он водор намоянд, ки оид ба ҷилавгирӣ аз «реҳлати бемамонияти ақлҳо» ва ҷалби сармояи гуманитарии худ андеша намоянд.

Бинобар маълумотҳои САҲА  шумораи донишҷӯёни байналмилалӣ дар даҳсолаи қарни XXI ба 4,5 миллион нафар расида, интизор меравад, ки ин рақам то соли 2025 ба 8 миллион рафта расад. Олмон бо доштани 6,3 фоиз аз шумораи умум баъди ШМА(16,5%)  ва Британия (13%)  дар ҷои сеюм меистад.  Ба таври дигар гуем, Олмон дар мусобиқаҳои умумиҷаҳонӣ баҳри ба даст овардани «мағзҳои беҳтарин» шароитҳои таҳсил ва будубоши донишҷӯёни хориҷиро беҳтар ва осонтар намуда, ҳамин тариқ раванди ҷаҳонисозии (интернатсионализатисякунии) пажӯҳиш ва таълимро ба даст гирифтааст.  Олмон солҳо инҷониб маблағҳои бузург ба харҷ медиҳад, то донишгоҳҳои худро бо таҷҳизоти муосир таъмин намуда, истиқболи муҳассилин ва нафарони баландихтисосро ба як рукни фарҳангӣ табдил диҳад.  Дар ин замина, аз соли 2005 инҷониб аллакай як қатор тасмимҳои ҳадафмандона гирифта шудаанд.

Чунончи, аз 1 августи соли 2012 қонун дар бораи татбиқи «Самтҳои Созмони Аврупо нисбати мутахассисони баландихтисос» ба қувваи эътибор даромад, ки дар самти иҷозаи истиқомати донишҷӯёну муҳассилин тағйироту иловаҳо ворид намуд. Тибқи ин қонун ҳамакунун донишҷӯёни баромадашон аз кишварҳои хориҷӣ ҳуқуқ доранд, дар тӯли таҳсили худ дар Олмон солона то 120 рӯзи пурра ва ё 240 рӯзи рӯзи нопурра иҷозаи кор дарёфт кунанд. Ин рақам пештар ҳамагӣ 90 рӯзро ташкил медод. Баъди хатми яке аз донишгоҳҳои Олмон донишҷӯи хориҷӣ акнун имкон дорад, муддати 18 моҳ дар қаламрави ин кишвар истода, ба таври бемаҳдуд кору фаъолият намояд. Агар қаблан шаҳрванди хориҷӣ, ки дар Олмон таҳсил намудааст, барои ба кор қабул шудан, иҷозати Агентии федеролии корро дастрас мекард, акнун зарурати гирифтани ин иҷозатнома аз байн бурда шуд. Ҳамчунин раванди гирифтани иҷозати иқомат барои муддати муайян (Niederlassungsrecht) барои хатмкардагони хориҷии донишгоҳҳои Олмон осон карда шуд.

Олмон дар доираи тасмими  Иттиҳоди Аврупо зери унвони «Корти кабуди Созмони Аврупо» кушиш ба харҷ дода истодааст, мутахассисони баландкасбро аз дигар кишварҳо ба Олмон ҷалб намояд. Тибқи муқаррарот ҳамон нафаре метавонад иҷозаи иқомати Олмонро дастрас намояд, ки  дорои маълумоти олӣ буда, дар қаламрави ин кишвар ҷои кори даромадаш солона 47000 евро пайдо кунад. Ин маблағи шартӣ барои бахшҳое, ки Олмон ба онҳо эҳтиёҷи бештар дорад (математикҳо, информатикҳо, мутахассисони илмҳои табиатшиносӣ ва касбҳои техникӣ), метавонад аз ин ҳам камтар бошад. Бо дарёфти корти мазкур шаҳрванди хориҷӣ имкон дорад дар қаламрави Олмон кору фаъолият намояд. 

Барои Олмон, ки дар гузашта ҳамчун кишвари нисбати муҳоҷир номеҳрубон ҳисоб меёфт, ин тасмимҳо қадаме дар самти сиёсати либераликунонии муҳоҷират дониста шуда, кишвар миёни «муҳоҷирони баландихтисос» маҳбубияти касб намуда истодааст. Гувоҳи ин гуфтаҳо назарсанҷие буда метавонад, ки  Шӯрои мутахассисони фондҳои олмонӣ барои миграция ва интеграция соли 2012, яъне ҳанӯз қабл аз қабули қонунҳои нав миёни 6200 нафар донишҷӯёни хориҷӣ гузаронида буд. Дар рафти ин назарсанҷӣ аз се ду ҳиссаи донишҷӯёни пурсидашуда хоҳиши иқомат дар Олмон баъд аз таҳсилро кардаанд, агар шароитҳои будубош осонтар гарданд.

Маркази пажӯҳиши кишварҳои Осиёи Марказӣ (Länderanalyse) бо такя ба маълумотҳои оморӣ ва натиҷаи омӯзишҳо муҳоҷирати мутахассисони баландихтисосро мояи ташвиш ҳисобида, иддао дорад, ки барнагаштани донишҷӯён ба Ватан маънои аз даст додани сармояи гуманитарӣ мебошад, ки метавонад барои кишварҳои Осиёи Марказӣ  паёмадҳои манфӣ дошта бошад. Ин марказ чунин мешуморад, ки мусоидат дар бозгашти «мағзҳои беҳтарин» ба кишварҳои худ баъди хатми донишгоҳҳои Олмон аз саҳмҳои бузурги ҳамкориҳо баҳри рушд миёни Олмон ва кишварҳои ҳамшарик буда метавонад.

Мутаносибан Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон, ки мутасаддии ҳамкориҳо дуҷониба баҳри рушд мебошад, дар баъзе кишварҳо лоиҳаи вижаро ба мақсади содда намудани раванди бозгашти муҳассилин аз хориҷи кишвар ва реинтегратсияи онҳо роҳандозӣ намудааст.  Чунин лоиҳа аллакай аз ҷониби кишварҳои Муғулистон, Молдова, Озарбойҷон амалӣ шуда истодааст. Бахусус таҷрибаи Муғулистон дар ин бобат шоистаи омӯзиш аст. Ҳукумати Муғулистон дар доираи барномаи «Бозгашти мутахассисон» ва бо маблағгузории Вазорати ҳамкориҳои иқттисодӣ ва рушди Олмон ҳадафмандона  хатмкардагони донишгоҳҳои Олмон ва нафаронеро ки таҷрибаи на кам аз ду соли корӣ доранд, тавассути пешниҳод кардани ҷойҳои корӣ дар бахшҳои мухталифи давлативу хусусӣ, бахусус дар бахшҳои ба сиёсати рушд равонгардида ҷонибдорӣ менамояд. Ин ҷонибдорӣ тавассути иловапулиҳо, фароҳам овардани ҷой кор, муҷаҳҳаз кардани утоқи корӣ, хароҷоти сафар  ва интиқоли молу амвол ҳангоми баргашт, инчунин маош сурат мегиранд.  Гузашта аз ин, баргузорӣ ва таблиғи пайвастаи лоиҳа ба ҷалби хатмкардагони нав мусоидат менамояд.

Weniger…

Сарвазир Расулзода Ҷомеаи ҷаҳониро ба наҷоти пиряхҳои Тоҷикистон даъват кард

Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар нишасти СММ оид ба тағйири иқлим дар Ню-Йорк назди 126 нафар сарони кишварҳои дунё суханронӣ намуд.  Зимни суханронӣ Қоҳир Расулзода кишварҳои ҷаҳонро ба дастгирии ташаббуси Тоҷикистон бобати таъсиси Хазинаи байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо даъват кард.

Нахуствазири Тоҷикистон таъкид дошт, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ баргузор намудани мониторинги вазъи пиряхҳои ҷаҳон зарур аст. «Дар натиҷаи гармшавии иқлим, афзоиши ҳаҷми партоби газҳои гулхонаӣ ба фазо, аз соли 1995 то соли 1990 масоҳати пиряхҳо дар Тоҷикистон се маротиба хурд шуда, тибқи пешгӯиҳо, тайи даҳсолаи наздик боз ба андозаи 30 фоиз коҳиш меёбанд», - гуфтааст ӯ.

Қоҳир Расулзода ҳамчунин зикр кардааст, ки давоми шаст соли ахир ҳарорати миёнаи ҳаво дар Тоҷикистон як дараҷа боло рафта, дар ҳамин ҳол, рӯзҳои боронӣ ҳам зиёд шудаанд. Ба гуфтаи нахуствазири ҶТ, аз рӯи сатҳи хориҷ кардани газҳои гулхонаӣ ба фазо миёни кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистон мақоми 150-ум ва дар байни давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ зинаи охирро ишғол мекунад.

Суроғаи мо:

Perleberger Str. 43
D-10559 Berlin
Telefon: +49 30 347930-0
Telefax: +49 30 347930-29
info@botschaft-tadschikistan.de