Ҷумҳурии Федеративии Олмон

Илм, фарҳанг ва диаспора

Ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳоро Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба муносибатҳои фарҳангӣ ба танзим медарорад, ки 22 августи соли 1997 ба имзо расида, 18 июни соли 2003 қувваи эътибор пайдо намуд. Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Олмон дар давраи истиқлолият ҳанӯз соли 1997 ва сипас дар доираи Намоишгоҳи EXPO 2000 баргузор гардида буд.

Миёни Тоҷикистону Олмон дар самти омӯзиши забонҳои олмонӣ ва тоҷикӣ, рушди ҳамкориҳо бо донишгоҳҳо ва мактабҳои миёна ҳамкории зич ба роҳ монда шудааст. Аз соли 2010 инҷониб дар шаҳри Душанбе Маркази омӯзиши забони олмонӣ (Sprachlernzentrum) фаъолият мекунад, ки ба ҳаводорони забони олмонӣ, инчунин хонандагони гимназияҳои махсус дар Душанбе ва  Хуҷанд курсҳои забономӯзӣ пешниҳод менамояд. Хадамоти мубодилаи академии Олмон (ДААД), Институти Гёте ва Хадамоти мубодилаи педагогӣ ҳамасола барои таҳсили кутоҳмуддати донишҷӯёни тоҷик дар Олмон стипендияҳо пешниҳод менамоянд.  

Осорхонаи бостоншиносии Душанбе ва  Институти таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Институти  бостоншиносии Олмон (DAI) дар асоси Ёддошти тафоҳум солҳо боз дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон  кофтукобҳои бостоншиносӣ анҷом медиҳанд. То хол бостоншиносони олмонӣ дар навоҳии Данғара, Ховалинг ва Восеъ кофтукобҳои бостоншиносӣ анҷом додаанд.

Институти ҳамкориҳои байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои мардумии Олмон (DVV International) ва Фонди олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқ (IRZ) аз ҷумлаи дигар муассисаҳои Олмон ба ҳисоб меравад, ки бо Тоҷикистон ҳамкориҳои доимиро ба роҳ мондаанд.

11 апрели соли 2015 корӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Филиппси ш. Марбурги Олмон” Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Миёни  Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айни ва Донишгоҳи Ҳумболдти шаҳри Берлин дар самти омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва олмонӣ, инчунин мубодилаи забономӯзон ҳамкориҳои хуб ба роҳ монда шудаанд. 

Миёни шаҳрҳои Душанбе ва Ройтлингени Олмон аз соли 1990 инҷониб қарордод дар бораи бародаршаҳрӣ вуҷуд дорад. Шаҳри Ройтлинген тӯли солҳои охир бо баргузории маъракаҳои хайриявӣ  маводҳои тиббӣ ва эмгузаронӣ ҷамъоварӣ намуда, ба Тоҷикистон фиристодааст. Дар доираи ин қарордод шаҳри Ройтлинген ба якчанд беморхонаҳо ва мактабҳо дар шаҳри Душанбе ҷонибдории молиявӣ мерасонад.

Аз 39.00 нафар диаспораи олмонизабонон, ки замоне дар қаламрави Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд, айни замон тахминан 500 нафар боқӣ мондааст. Дар қаламрави Олмон Ҷамъияти дӯстии Олмону Тоҷикистон фаъолият дорад, ки ҳадафи асосии он аз тарғиби фарҳанги тоҷикон, баргузории сафарҳои омӯзишӣ-таълимӣ ва чорабиниҳои иттилоотӣ иборат аст. Диаспораи нави донишҷӯёну толибилмони тоҷик дар Олмон дар ҳоли ташаккулёбист. Дар пойтахти Олмон чойхонае мавсум ба Чойхонаи тоҷикӣ  (Tadschikische Teestube) фаъолият дорад, ки бо тарзу усули тоҷиконa ороиш дода шуда, ҳамарӯза ба мизоҷон хизмат мерасонад.

 

Дар ҳолати 01 октябри соли 2018


Масоили ҳуқуқи оила

Суроғаи мо:

Perleberger Str. 43
D-10559 Berlin
Telefon: +49 30 347930-0
Telefax: +49 30 347930-29
info@botschaft-tadschikistan.de