дар Олмон, Чехия ва Лаҳистон

Низоми нави электронии барасмиятдарорӣ ва судури раводид

Шурӯъ аз моҳи январи соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд низоми нави электронии барасмиятдарорӣ ва судури раводид дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва фурудгоҳҳои Тоҷикистон ҷорӣ мегардад.

Низоми нав ба соддагардонии барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, қадами навбатӣ барои электроникунонии хизматрасониҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад. Минбаъд, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва тамдиди раводид дар Сарраёсати консулии Вазорати коҳои хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон бояд ҳуҷҷатҳои заруриро тавассути шабакаи интернетии www.visa.gov.tj пешниҳод намоянд. Дар натиҷаи баррасии пешакӣ, дархосткунанда тариқи почтаи электронӣ ба назди корманди консулӣ барои барасмиятдарории корҳои лозима даъват хоҳад шуд.

Бояд қайд кард, ки барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ низ тавассути шабакаи интернетии www.visa.gov.tj сурат хоҳад гирифт. Дар натиҷаи баррасии пешакӣ, низоми электронӣ ба дархосткунанда тариқи почтаи электронӣ тасдиқи даъватро ирсол мекунад, ки он бояд ҳангоми парвоз ва дар бюроҳои консулии Сарраёсати консулӣ дар фурудгоҳҳо ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунанда барои дастрас намудани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардад.

Бо мақсади пешгирии нофаҳмӣ, ба маълумот мерасонем, ки низоми нави электронии барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми “Раводиди электронӣ”-и Ҷумҳурии Точикистон вобастагӣ надорад. Чуноне, ки маълум аст, “Раводиди электронӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути шабакаи интернетии алоҳида - www.evisa.tj сурат гирифта, яккарата мебошад ва ба муҳлати 90 руз амал мекунад, лекин дорандаи он метавонад дар каламрави кишвар аз санаи воридшавӣ на зиёда аз 45 рӯз қарор дошта бошад. “Раводиди электронӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тамдид карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳои форс-мажорӣ.

Низоми раводиди электронӣ ҷорӣ шуд.

Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa” (https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ба шаҳрвандони хориҷӣ имконият медиҳад, ки барои бо мақсади сайёҳӣ ва корӣ ворид шудан ба кишвар дархости электронӣ хонапурӣ карда, бидуни ҳозир шудан ба муасссисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон раводиди  электронӣ ба даст оранд. Низоми нав барои он таҳия шудааст, ки раванди гирифтани раводиди Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ содда гардад, шумораи сайёҳонро ба Тоҷикистон зиёда гардонида, ҳамчунин, расмиёти раводидро барои тоҷирон содда намояд. Дархосткунандагон раводиди электронии худро тавассути почтаи электронӣ баъди пешниҳодҳои маълумотҳои зарурӣ ва пардохт бо корти бонкӣ онлайн дастрас менамоянд. Дархосткунандагон барои баррасии ариза ҷиҳати гирифтани раводиди электронӣ ӯҳдадор мегарданд, ки 50 доллари ШМА ба воситаи шабакаи электронии байналмилалӣ эътирофшуда пардохт намоянд. Дар ҳолати радд намудани дархост маблағи мазкур ба дархосткунанда баргардонида намешавад. Баъди пардохти хироҷ ва қонеъ кардани дархост, ба дархосткунанда бо почтаи электронӣ раводиди электронӣ дода мешавад, ки он ҳангоми убури сарҳади Тоҷикистон дар якҷогӣ бо ҳуҷҷати сафар бояд пешниҳод гардад.  Раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 90 рӯз эътибор дорад, вале дорандаи он метавонад дар қаламрави ҷумҳурӣ на зиёда аз 45 рӯзи тақвимӣ қарор дошта бошад. Раводиди электронӣ тамдид намешавад ва дорандагони он бояд дар мӯҳлати нишондодашуда қаламрави Тоҷикистонро  тарк кунанд.     


Маълумотҳои умумӣ

Шӯъбаи консулӣ сохтори таркибии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон мебошад.  Шӯъбаи консулӣ  дар доираи ваколатҳои худ хизматрасониҳои зеринро иҷро менамояд:

  • Барасмиятдарорӣ ва таҳия, намудани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ;
  • Барасмиятдарорӣ, таҳия, тамдид, бекор ва иваз намудани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Баррасии ариза ва муроҷиати шаҳрвандон нисбати дархости аснодҳо;
  • Хизматрасонии иттилоотӣ-машваратӣ;
  • Масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Барасмиятдарории шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Таъйиди консулии ҳуҷҷатҳо ва санадҳо;
  • Гузоштани мӯҳри иҷозати сафар ба минтақаи наздисарҳадии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шиносномаҳои хориҷии кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;

Ҳамаи дархост ва аснодҳое, ки ба хизматрасонии консулӣ вобаста мебошанд, бевосита дар Шуъбаи консулӣ дар суроғаи кӯчаи Перлебергерштр. 43, аз соати 9:30 то 12:00 дар рӯзҳои корӣ қабул карда мешаванд.       


Суратҳисоби бонкӣ

Inhaber: Botschaft Tadschikistan
Konto: 23 9881 601 BLZ: 100 700 00 
Bank: Deutsche Bank Berlin 
IBAN: DE23 1007 0000 0239 8816 01
BIC (SWIFT): DEUTDEBBXXX

Робита

Телефон: +49 30 347930-17
Телефакс: +49 30 347930-29
konsulat_berlin(at)botschaft-tadschikistan.de