дар Олмон, Чехия ва Лаҳистон

Канданиҳои фоиданок

Кишвари бойи сарватҳои табиӣ

Тоҷикистон дар баробари аз лиҳози ҷуғрофӣ дар саргаҳи тамаддунҳои ҷаҳонӣ ҷойгир буданаш, минтақаи дорои сарватҳои бойи табиӣ ва зеризаминӣ ба ҳисоб меравад, ки интизори коркарду истихроҷ ва истифодабарӣ қарор доранд. Ин кишвари болооб воқеан сарчашмаи шоҳрагҳои обгарди минтақаи Осиёи Миёна буда, сохтмони нирӯгоҳҳои барқи обӣ аз ҷумлаи омилҳои муҳими саноатикунонӣ, ғанигардонии буҷаи кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми сарзамин ба ҳисоб меравад. Бахшҳои саноати коркарди маъданҳои кӯҳӣ, нахи пахта, маҳсулоти сохтмонӣ, саноати сабук ва коркарди мева ва арзиз аз ҷумлаи муҳимтарин соҳаҳои иқтисоди кишвар ба ҳисоб мераванд. Заминаҳои табиӣ ва шароитҳои мусоиди кишвар, қувваи корӣ ва нирӯи барқи арзон имкони  парвариши меваю сабзавоти хуштаъму босифат ва коркарди саноатии онҳоро муҳайё мекунад. Бо назардошти табиати нотакрор Тоҷикистон метавонад яке аз марказҳои кӯҳнавардӣ ва макони истироҳати ҳазорҳо нафар сайёҳони ҷаҳон гардад. Маълумотномаи интерактивӣ оид ба фазои сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ дар Тоҷикистон имкониятҳои воқеии ҳамкориву ҳамшарикии мутақобила дар бахшҳои дар боло зикршударо инъикос менамояд. Сармоягузорӣ ба ин ганҷҳои нуҳуфта дар Тоҷикистон гарави тиҷорати бобарори шумо дар оянда хоҳад буд.

Канданиҳои фоиданок

Зиёда аз 25 фоизи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро (34 ҳазору 600  км2) заминҳое ташкил медиҳад, ки барои ҷустуҷўи нафту газ мавриди таваҷҷўҳ мебошанд. Рушди ин захираҳо сармоягузории ҷиддии иловагиро тақозо дорад ва то имрўз дар ҷумҳурӣ аллакай ширкатҳои бузург ва маъруф, ба монанди ҶСК «Газпром»-и Федератсияи Русия, «Тетис Петролиум Лимитед»-и ИМА ва Канада, «Сомон Ойл»-и Швейтсария, инчунин зиёда аз 10 ширкати ватанӣ ва хориҷии дигар барои омўзиш ва азхудкунии майдонҳои ояндадори нафту газ иҷозатнома ба даст оварда, фаъолият намуда истодаанд.

То имрўз 25 кони нафту газ кашф карда шудааст. Ба ѓайр аз ин дар ҳудуди Тоҷикистон дар сатҳи омодагӣ зиёда аз 40 таркибҳои ояндадор, ки ба омўзиши дақиқ ниёз доранд, кашф карда шудаанд. Тоҷикистон дорои захираҳои азими канданиҳои фоиданок аст, ки метавонанд барои рушди  бисьёр соҳаҳои саноат ҳамчун сарчашмаи боэътимоди ашёи хом хизмат намояд. Имрўз дар қаламрави ҷумҳурӣ беш аз 600 конҳои сарватҳои зеризаминӣ ошкор, иктишоф ва барои азхудкунӣ омода гардидаанд.

Бояд хотиррасон намуд, ки дар Тоҷикистон захираҳои канданиҳои фоиданок моликияти истисноии давлат ба шумор меравад. Аз ин рў, ҷустуҷў, иктишоф ва истихроҷи онҳо тавассути гирифтани иҷозатнома амалӣ карда шуда, иҷозатномаҳо ба ширкатҳои довталаб аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон тариқи озмун ва гуфтушуниди мустақим дода мешавад.

Ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, ки солҳои наздик барои азхудкунии захираҳои якчанд конҳои азими канданиҳои фоиданок, аз ҷумла захираҳои тилло, сурма, нуқра ва дигар маъданҳои кўҳӣ тариқи тендерҳои байналмилалӣ сармоягузоронро ҷалб намояд. 

Фаъолияти Корхонаи муштараки «Зарафшон» бо саҳмдории ширкати «Зиҷин Майнинг» оид ба истихроҷ ва коркарди тилло, фаъолияти ширкати «Газпром», «Тетис Петролиум»  оид ба кашф ва истихроҷи нафту гази табиӣ ва як қатор лоиҳаҳои дигар метавонанд намунаҳои ҳамкории бомуваффақият дар соҳаи азхуд намудани сарватҳои табиӣ дар Тоҷикистон бошанд.

Пўшида нест, ки рушди минбаъдаи соҳаи энергетикӣ ва саноат дар кишвар ба ангишт ва гидрокарбонҳо талаботи рўзафзун дорад. Ѓайр аз ин наздикии бозорҳои азими истеъмолии ин намуди сўзишвориҳо барои сармоягузориҳои боэътимоду самаранок заминаи хуб фароҳам овардааст.

Рушди босуръати сохтмони иншооти энергетикӣ ва инфрасохтор, рушди сохтмони хонаҳои истиқоматӣ пояи мусоидро барои тараққиёти истеҳсоли маводи сохтмон ташкил медиҳанд. Дар кишвар захираҳои зиёди табиӣ, аз ҷумла сангҳои ороишии сохтмонӣ мавҷуданд, ки дар сохтмон аз онҳо метавон васеъ истифода бурд. Масалан, дар Тоҷикистон истеҳсоли семент бахши афзалиятнок ба ҳисоб рафта, аз ҳисоби захираҳои маҳаллӣ рушд ёфта истодааст ва ба сармоягузорӣ ниёз дорад. 

Cарчашма: gki.

Садо ва симо (онлайн)

Суроғаи мо:

Perleberger Str. 43
D-10559 Berlin
Telefon: +49 30 347930-0
Telefax: +49 30 347930-29
info@botschaft-tadschikistan.de