дар холати октябри соли 2014
Нақш ва саҳми соҳаи кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, рушди соҳаҳои саноат, афзоиши имконияти содиротии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бисёр муассир мебошад. Баҳри таъмини саривақтии натиҷаҳои пешбинигардидаи «Стратегияи миллии рушд» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти замин бо суръат давом дода шуда, дар раванди он ба хоҷагиҳои деҳқонию (фермерӣ) озодии интихоби кишт ва фурўши маҳсулоти онҳо таъмин гардида, ҳалли қарзи хоҷагиҳои пахтакор барои рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидат намуд.
Барои рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ такмили ҳуқуқи истифодаи замин, таъсиси ассосиятсияҳои истеҳсолкунандагони соҳа, кам кардани монеъҳои маъмурӣ, беҳбуди ҷолибии инвеститсионӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ таъсири мусбии худро расонид. Дар натиҷа соли сипаригашта суръати афзоиши маҷмўъи умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 21 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2006 11,0 миллиард сомонӣ зиёд буда (нисбати соли 2013 461 млн. сомони зиёд) аз нишондиҳандаи макроиқтисодии Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардуми Тоҷикистон дар соли 2015 1,7 млрд. сомонӣ зиёд аст.
Вилояти Хатлон аз афзоиши содироти меваю сабзавоташ ба хориҷи кишвар, ба хусус Русия, Қазоқистон, Эрон, Афғонистон, Покистон ва Туркия хабар медиҳад. Тибқи иттилои масъулони Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон дар ду моҳи ахир аз вилояти Хатлон наздик ба 28 ҳазор тонна меваю сабзавот, бо шумули гелосу олу ва караму пиёзу картошкаи нав ба хориҷи кишвар содир шудааст. 80 дар сади ин маҳсулот аз роҳи вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия фиристода шуд. Дар ҷойи дуввум кишвари ҳамсояи Қазоқистон қарор дорад, ки меваҳои пешпазаки Тоҷикистонро харидорӣ мекунад. Қарор аст, то чанд моҳи дигар содироти меваю сабзавот аз ҷануби Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба 70 ҳазор тонна расонида шавад. Содироти меваву сабзавот ба хориҷи кишвар агар аз як сӯ буҷаи давлатро ғанӣ гардонад, аз сӯи дигар хоҷагиҳои деҳқониро, ки маҳсулоташонро бо нархи арзон дар сари замин ба меваҷаллобҳои дохилӣ супурда мешавад, пулдор мекунад.
Дар моҳҳои январ – сентябри соли 2013 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3807,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ - сентябри соли 2012-ум 4,2 фоиз ё 154,7 млн. доллар зиёд аст. Тарози савдо манфӣ буда, дар моҳҳои январ сентябри соли 2013-ум -2047,1 млн. долларро ташкил кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 96 мамлакат, аз он ҷумла бо 10 мамолики ИДМ ва бо 86 мамлакати хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дорад.
Mehr… Weniger…Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Иcтиқлолияти кишвар тавонист, ки иқтисодиёти мамлакатро эҳё намуда рӯ ба афзоиш ниҳояд. Асоси инкишофи механизми бозори хоҷагидорӣ ин санадҳои меъёриву ҳуқуқии қабул намуда ба ҳисоб мераванд. Аз соли 2002 то инҷониб дар қонунгузории Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани сармоягузорӣ дар иқтисодиёти кишвар як қатор ислоҳотҳо дароварда шудааст.
Яке аз мӯҳимтарини онҳо ин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сармоягузорӣ (инвеститсия)", ки ин Қонуни қаблан қабул намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба "Сармоягузории хориҷӣ"-ро иваз менамояд, ба шумор меравад. Дар Қонуни навқабулкардашуда на инки сармоягузорони хориҷӣ балки сармоягузорони ватанӣ барои рушди иқтисодӣ кишвар низ сармоягузорӣ карда метавонанд.
Mehr… Weniger…Дар тули солҳои истиқлолияти кишвар ва бо 9 моҳи соли 2013 сармоягузории мустақими хориҷӣ ба ҳаҷми 2271,6 млн.дол.ШМА ворид гашт, ки аз он аз давлатҳои ИДМ 855,9 млн.дол.ШМА (37,6%) ва кишварҳои хориҷи дур 1415,7 млн.дол ШМА (62,3%). Кишварҳои асосии сармоягузории мустақим ба иқтисодиёти кишвар: Россия – 827,1 млн.дол ШМА (36,4%), Хитой – 319,9 млн.дол ШМА (14,1%), Эрон – 302,4 млн.дол ШМА (13,3%), Британияи Кабир – 210,5 млн.дол ШМА (9,3%).
Mehr… Weniger…Бо максади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ, технология, махорати рохбари ва сохтани инфрасохтори замонави, ҳали проблемаҳои, ки ба сохтани ҷойҳои нави корӣ машғуланд, инчунин таъмин намудани бозори дохили бо маводҳо ва молҳои ниёзи, ки барои истеҳсолот ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳоли Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қарор оиди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардиданд. Дар ҳоли ҳозир дар қаламравии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 минтақаҳои озоди иқтисодӣ вучуд доранд - “Сугд”, “Панч”, “Дангара” ва “Ишкошим”.
Mehr… Weniger…2 марти соли 2013 баъд аз 11 соли давраи гуфтушунидҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон 159–ум узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) гардид. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои дуҷониба бо 13 узви СУС оид ба дастрасӣ ба бозори молҳо тарифи миёна барои тамоми молҳо 8%, барои молҳои хоҷагии қишлоқ 10,4% ва барои молҳои ғайри хоҷагии қишлоқ 7,6%-ро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гуфтушунидҳои дуҷониба бо 6 узви СУС оид ба дастрасӣ ба бозори хизматрасонӣ Тоҷикистон ӯҳдадориро дар 11 сектор ва 111 зерсектор ба дӯшгирифт.