дар Олмон, Чехия ва Лаҳистон

Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

22 декабри соли 2016 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд. Дар рафти ин ҷаласа Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид. Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми имсола қайд намуд, ки Тоҷикистон то се соли оянда  ба истиқлоли энержӣ даст хоҳад ёфт. Дар ин замина сохтмони нерӯгоҳи Роғун лоиҳаи ҳаётан муҳим ба ҳисоб меравад. То ба имрӯз барои татбиқи НБО Роғун 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардидаанд. Дар соли 2017 барои пеш бурдани корҳои сохтмонии Роғун маблағи 2,16 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Қарор аст, чархаи нахустини нирӯгоҳ соли 2018 фаъол гардад. Гузашта аз ин, соли 2017 барои таҷдид ва азнавсозии НБО Норак ва Қайроқум 4 миллиард сомонӣ равона хоҳад шуд.

Бо назардошти муҳимияти бахши туризм барои кишвар соли 2017 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори нав таъсис дода мешавад. Ҷиҳати мусоидат дар таъсиси ин сохтор воридоти иншооту инфрасохторҳои муассиса аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз озод хоҳад буд. Ҳамчунин ширкатҳои туристӣ низ барои панҷ соли оянда аз супурдани андоз аз арзиши иловашуда озод хоҳанд шуд. Нуқтаи дигаре ки ба рушди соҳаи туризм бояд мусоидат расонад, роҳандозӣ кардани низоми нави электронии раводиди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Низоми нав, ки аз моҳи январи соли 2017 ба фаъолият шуруъ мекунад, ба шаҳрвандони хориҷӣ имкон медиҳад, ки бидуни душворӣ ва ҳар чи зудтар соҳиби раводиди Тоҷикистон гарданд.

Mehr…

Сарвари давлат аз Бонки миллӣ ва Вазорати молияи кишвар интиқод кард, ки дар назорати системаи бонкӣ ба камбудҳо роҳ додаанд. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар соли ҷорӣ мизони қарздиҳӣ аз бонкҳо 32 дарсад кам шудааст. Ин аст, ки ӯ гуфт, ҳукумат, Бонки миллӣ ва Вазорати молия муваззафанд, "фаъолияти бонкҳо, ташкилоти қарзӣ ва корхонаву муассисаҳои буҷавиро ба таври қатъӣ назорат намоянд ва дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиати қонунии амонатгузорон, пеш аз ҳама, нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ва иҷрои уҳдадориҳои бонкӣ, чораҳои фаврӣ андешанд." Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони кишвар итминон дод, ки пасандози онҳо аз бонкҳо ба таври пурра баргардонда мешавад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо, аз ҷумла аз ҳисоби лоиҳаҳои афзалиятнок барои рушди соҳаҳои энергетика, саноат, сохтмон, алоқа, инфрасохтор, маорифу тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ 88 миллиард сомонӣ равона гардид. Дар замони истиқлолият беш аз 2000 километр роҳи мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ба маблағи умумии 11,4 миллиард сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои рушди бахши хусусӣ ба вазорату идораҳои салоҳиятдори кишвар супориш дод, ки масъалаи мазкурро ҳаматарафа таҳлил карда, лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро оид ба кам кардани санҷишҳо ва боз ҳам шаффофу содда гардонидани онҳо ба Ҳукумат пешниҳод намоянд.

Бо назардошти шумораи қобили мулоҳизаи ҷавонон ва ҷиҳати боз ҳам хубтар ба роҳ мондани тарбия ва ташаккули насли ҷавон Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардад.

Ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷӣ, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои кушода» ташкил медиҳад, яке аз дастовардҳои бузурги давлати миллии мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Ба шарофати сиёсати хориҷии мутавозин дар ин давра Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намуда, муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ба роҳ монд. Ҳадафҳои аслии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоно бетағйир монда, ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори мамлакат ва мусоидат ба таҳкими пояҳои истиқлолу соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон нигаронида шудаанд. Тоҷикистон муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судмандро бо тамоми кишварҳои дунё ба роҳ монда, робитаҳои созандаи дӯстонаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар ва баробарӣ густариш медиҳад, изҳор дошт Президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи худ.

Weniger…

Гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон дар шаҳри Берлин

12-13 декабри соли 2016 дар шаҳри Берлин гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон оид ба ҳамкориҳо баҳри рушд  баргузор гардиданд. Зимни музокирот ҷониби Тоҷикистон таъкид намуд, ки Стратегияи нави миллии рушд барои давраи то соли 2030, ки бо принсипҳои Агенда 2030 мутобиқ аст, самтҳои асосии рушди Тоҷикистонро дар давраи баъд аз соли 2015 муқаррар месозад. Сохтани Тоҷикистони мустақил ва аз лиҳози иқтисодиву сиёсӣ бехатар ҳадафи асосӣ ва  муҳтавои самтгирии кишвар дар ин давра ба шумор меравад. Дар ин росто, Тоҷикистон ба принсипҳои ҳифзи ваҳдати миллӣ, таъмини амнияти миллӣ, татбиқи меъёрҳои адолати иҷтимоӣ ва самаранокии иқтисодӣ, инчунин беҳтарсозии некӯаҳволии аҳолӣ содиқ хоҳад монд.  Ҷониби Олмон  иброз дошт, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Стратегияи нави рушди миллӣ  минбаъд низ мусоидат расонад.  Ҳар ду ҷониб таваҷҷӯҳи худро баҳри амалисозии Агенда 2030 иброз доштанд.   Ҳамкориҳои молиявӣ ва техниӣ дар солҳои 2016-2017 низ дар бахшҳои рушди босуботи иқтисодӣ ва беҳдошти аҳолӣ идома дода мешаванд. Ҷониби Олмон ба Ҳукумати Тоҷикистон тавсия дод, ки ислоҳотҳои ба нақшагирифтаи худро бомуваффақият амалӣ созад ва изҳори омодагӣ намуд, ки ба кишвар дар самти вусъат додани низоми андозсупорӣ ва беҳтарсозии сарчашмаҳои андоз мусоидат кунад. Маблағҳои нав дар ҳаҷми 33,5 миллион евро баҳри беҳтар сохтани даромади аҳолии деҳот, фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ  бахусус барои  қишри ҷавони аҳолӣ, инчунин баҳри беҳбуд сохтани бахши тиб ва таъмини ҳифзи модару кудак равона хоҳанд шуд.

 

Вохӯрии Назризода бо Котиби давлатии парлумонии Олмон

Дар ҳошияи даври навбатии гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон дар таърихи 12 декабри соли ҷорӣ дар бинои Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон мулоқоти Роҳбари ҳайати Тоҷикистон Саидраҳмон Назризода бо Котиби давлатии парлумонӣ Ҳаннс Йоахим Фухтел баргузор гардид. Зимни мулоқот Муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдо Назризода қаноатмандии худро аз  сатҳи амалишавии лоиҳаҳое, ки дар доираи Ҳамкориҳои молиявию техникии Тоҷикистону Олмон баҳри рушд амалӣ мегарданд, иброз дошта, ҳамзамон таъкид намуд, ки қабули Стратегияи нави миллии рушд барои давраи то соли 2030, ки инъикосгари ҳадафҳои «Агенда 2030 баҳри рушди босубот» мебошад, барои рушди ин ҳамкориҳо имконоти наву мусоидро фароҳам месозад. Котиби давлатии парлумонӣ аз татбиқи муқаррароти Протоколи гуфтушунидҳои байниҳукуматии соли 2014 ибрози қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки Олмон ҳамчун шарики боэътимод дар оянда низ ба Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳояш баҳри рушди кишвар мусоидат хоҳад кард. Номбурда сайъу кушишҳои ҳамешагӣ ва боз ҳам бештари ҳар ду ҷонибро заминаи асосии вусъат додани ҳамкориҳои дуҷониба номид.

 

Мулоқоти Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Олмон

7 декабри соли 2016 дар шаҳри Ҳамбурги Олмон дар ҳошияи иҷлоси 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Волтер Штайнмайер баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба натиҷаҳои раёсати Олмон дар САҲА дар соли 2016, бандҳои асосии рӯзномаи иҷлоси Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, инчунин масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо САҲА ва кишварҳои ширкаткунандаи он мубодилаи афкор намуданд.

Маротибаи 23-юм Шӯрои Вазирони кишварҳои узви САҲА рӯзи 8 декабр ба кори худ шурӯъ кард. Раисии имсолаи ин созмонро Ҷумҳурии Федеролии Олмон ба ӯҳда дорад ва баргузор гардидани ҷаласа дар шаҳри Ҳамбург маҳз бо дархости бевоситаи Раисикунандаи он Ф-В. Штайнмайер ба роҳ монда шудааст. Соли оянда раисии САҲА ба Ҷумҳурии  Австрия дода мешавад.

Мулоқоти Сироҷидин Аслов бо Дабири кулли CАҲА

7 декабри соли 2016 дар шаҳри Ҳамбурги Олмон дар ҳошияи иҷлоси 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Дабири кулли созмони мазкур Ламберто Занниер баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо САҲА дар доираи се ченаки фаъолияти Созмон, аз ҷумла дар самтҳои вокуниш ба чолишҳои муосири амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, инчунин масъалаҳои умдаи рӯзномаи иҷлоси дарпешистодаи вазирон табодули афкор намуданд.

Ширкати Вазири корҳои хориҷӣ дар мулоқоти вазирони С5+1

7 декабри соли 2016 дар шаҳри Ҳамбурги Олмон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА дар сиғаи С5+1, ки бо ташаббуси Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри дар ҳошияи Иҷлоси 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи САҲА баргузор гардид, иштирок намуд. Зимни мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ роҷеъ ба роҳҳои беҳтари баҳрабардорӣ аз абзорҳои С5+1, инчунин масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои ҷорӣ ҷиҳати тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамоиши C5+1 минбаре ба ҳисоб меравад, ки дар ҳошияи он 5 кишвари Осиёи Марказӣ ва ИМА мулоқот анҷом медиҳанд, то ба таври дастаҷамъона роҷеъ ба масъалаҳо мубодилаи афкор анҷом диҳанд. Дар нахустин ҳамоиши C5+1, ки моҳи ноябри соли 2015 дар шаҳри Самарқанди Узбекистон баргузор гардид, вазирони корҳои хориҷии шаш кишвари Осиёи Марказӣ ва ИМА ба муоҳада расиданд, ки дар бобати беҳтарсозии амният дар минтақа, рушди робитаҳои иқтисодӣ ва рақобатпазирии кишварҳо нисбати  таъсирҳои тағйири муҳити зист лоиҳаҳои минтақавиро роҳандозӣ намоянд. Дар вохӯрие, ки моҳи августи соли 2016 дар Вашингтон баргузор гардид, вазирони шаш кишварҳо барои оғоз намудани 5 лоиҳа ба муоҳада расиданд.

 

Мулоқоти Пешвои миллат бо Сарвазири Ҷумҳурии Чехия Богуслав Соботка

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия бо Сарвазири ин кишвар Богуслав Соботка мулоқот карданд. Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунии ҳамкорӣ ва дарёфти роҳҳои нави рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чехия баррасӣ шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштанд, ки мо ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону ҷумҳурии ба мо дӯсти Чехия ва Иттиҳоди Аврупо баҳои баланд медиҳем. Мо аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупоро яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии худ пазируфтаем. Аз таҷрибаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Чехия изҳори қаноатмандӣ карда, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баргузории мулоқоту вохӯриҳо миёни доираҳои соҳибкории ду кишвар, иштирок дар чорабиниҳои иқтисодиву сармоягузорӣ ва роҳандозии тамосҳои мустақими корӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштаракро омили дигари таъмиқи равобити дӯстию ҳамкорӣ номиданд. Ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, технологияи нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, туризм ва ҷалби сармояи Чехия низ аз самтҳои афзалиятноки робитаҳои дуҷониба номида шуд.  Дар мулоқот оид ба вазъи минтақа ва ҷаҳон, масъалаи ҳалли қазияи сиёсию низомии Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Cанадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 2 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Нахуст Сарони давлатҳо Изҳороти муштараки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия оид ба таҳкими ҳамкориҳоро қабул карданд. Сипас дар ҳузури сарони давлатҳо Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Чехия оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид. Ҳамчунин дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чехия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Чехия аз ҷониби Прокуророни генералии ҳар ду кишвар имзо карда шуд. Баъди анҷоми расмиёти имзои санадҳои дуҷониба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма бо изҳороти матбуотӣ баромад карда, натиҷаҳои музокироту мулоқотҳои дуҷониба ва имзои санадҳои нави ҳамкориро дар таърихи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Чехия руйдоди пурарзиш маънидод намуданд. Ҳамчунин зимни Форуми соҳибкорон ва сармоягузорони Тоҷикистон ва Чехия боз ду санади нав — Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи саноатчиёни Ҷумҳурии Чехия ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Чехия ба имзо расиданд.

Мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Чехия

Баррасии масоили рушду густариши ҳамкорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Чехия дар мулоқоти хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан оғоз гардида, сипас дар музокироти сатҳи баланд бо иштироки ҳайатҳои расмӣ идома ёфт. Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки муносибатҳои Тоҷикистон бо Чехия аз афзалиятҳои сиёсати хориҷӣ ба шумор рафта, ҷониби Тоҷикистон ба дурнамои бобарори робитаҳои байнидавлатӣ, ки пояи ҳуқуқии онро 8 санади ҳамкорӣ ташкил медиҳад, эътимоди комил дорад. Таъкид гардид, ки наздикию мувофиқати мавқеъ ва нақши давлатҳо дар масъалаҳои калидии байналмилалӣ пояи боэътимоди тавсеаи ҳамкориҳо дар тамоми арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошанд. Ҳар ду ҷониб таъсиси Гурӯҳи доимии байнисоҳавии Тоҷикистону Чехия оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва саноатиро дар таърихи робитаҳои байнидавлатӣ иқдоми муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, аз имконияту иқтидорҳои истифоданашудаи зиёд дар муомилоти тиҷоративу иқтисодии ду кишвар ёдовар шуданд. Таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маъданҳои кӯҳӣ, сангу металлҳои қиматбаҳо, маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳо дар соҳаҳои саноати хурокворӣ ва истеҳсоли маводи рӯзғор аз алюминий, соҳаҳои фармасевтика, коммуникатсия ва сохтмони сардхонаву гармхонаҳо аз лоиҳаҳои манфиатовари Тоҷикистон арзёбӣ шуданд, ки доираи тоҷирону соҳибкорони Чехия метавонанд дар татбиқи онҳо фаъолона иштирок намоянд. Ҳамчунин барои тавсеаи бештари ҳамкориҳо дар соҳаи гидроэнергетика, аз ҷумла иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмони хаттҳои интиқоли барқ ва бунёди неругоҳҳои хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд. Ҷалби технологияҳои муосири Чехия барои бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири дар бозорҳои Осиёи Марказию Ҷанубӣ харидор дошта, аз воситаву имкониятҳои нави ҳамкории доираи тоҷирону соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия арзёбӣ гардид.

Суханронии Сарвари давлат дар Саммити Будапешт оид ба масъалаҳои об

28-уми ноябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлати ташаббускори бузург дар масоили байналмилалии марбут ба об дар Саммити оби Будапешт иштирок ва cуханронӣ намуданд. Президенти мамлакат баргузории Саммити оби Будапештро воситаи муҳими ҳамоҳангсозии талошҳои муштараки байналмилалӣ дар соҳаи об арзёбӣ карда, аз нақш ва мақоми устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили марбут ба об дар минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуданд. Тавре изҳор гардид, Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир масъалаҳои вобаста ба обро дар чорчӯбаи Рӯзномаи глобалӣ фаъолона пеш бурда бо ташаббуси он ва як қатор кишварҳои дигари ҷаҳон Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид солҳои гуногунро Соли байналмилалии оби тоза, Даҳсолаи байналмилалии амали “Об барои ҳаёт” барои солҳои 2005-2015 ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон кардааст. Дар баробари ин ташаббусҳои бузург имрӯз низ Тоҷикистон дар ҳалли масоили марбут ба об дар минтақа ва ҷаҳон фаъолона иштирок намуда иқдому ташаббусҳои наву муҳимро дар ин самт пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳонӣ менамояд. Барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор оид ба об Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани заминаи мусоид ва имконоти муосирро дар ин самт зарур шуморида ҷонибдории пешниҳодро доир ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалӣ таҳти унвони “Об барои рушди устувор” амали муҳими башардӯстона арзёбӣ карданд. Аз нигоҳи Сарвари давлати Тоҷикистон ин ташаббус заминаи мусоиди таҳкими нақши об дар раванди ноил гаштан ба дигар ҳадафу мақсадҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашударо фароҳам оварда ба ҳамкории бештару зичтари давлатҳо дар соҳаи об мусоидат менамояд.

Мулоқоти Президент бо Президенти Маҷористон

Дар ҳошияи Саммити об, ки 28-30 ноябри соли 2016 дар шаҳри Будапешт баргузор гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Маҷористон Янош Адер мулоқот намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат қайд карданд, ки “иқдоми навбатии мо оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии нав - “Об барои рушди устувор” ҷиҳати расидан ба Ҳадафи шашуми рушди устувор саҳми назаррас хоҳад гузошт” ва изҳори боварӣ намуданд, ки Маҷористон дар рӯҳияи анъанаҳои неки ҳамёрӣ ва чун аъзои фаъоли Панели сатҳи баланд оид ба об аз ин ташаббус ҷонибдорӣ хоҳад кард.  Дар мулоқот масоили рушду таҳкими муносибатҳои дарозмуддат ва ҳамкории мутақобилан судманди байнидавлатӣ баррасӣ шуд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар маҷмӯъ аз сатҳи кунунии равобити гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Маҷористон изҳори қаноатмандӣ намуда, хоҳони талошҳои бештар дар рушди минбаъдаи ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои дигари афзалиятнок, аз ҷумла дар бахшҳои сармоягузорӣ, ҷалби доираи соҳибкорону тоҷирони Маҷористон дар табиқи лоиҳаҳои коркарди алюминий, пахта, меваю сабзавот, истихроҷи маъдану сангҳои қиматбаҳо, истеҳсоли маводи сохтмон ва саноати кимиёи Тоҷикистон шуданд.  Масоили ҳамдастӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, таъмини амнияту суботи минтақа бо назардошти вазъи кунунии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз ҷумлаи мавзӯҳое буданд, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Даъвати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Маҷористон Янош Адер ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон бо камоли ризоият пазируфта шуд.

Истифодаи технологияҳои нав дар ҷамъоварии ҳосили пахта

Дар семинари омӯзишие, ки чанде қабл дар хоҷагии деҳқонии ба номи Эргаш Султони ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки доираҳои иқтисодӣ ва соҳибкории кишвар баргузор гардид, иштирокчиён оид ба самаранокии истифодаи мошинаҳои ҳосилғундории (пахтачинии)  истеҳсоли Ҷумҳурии Беларус мубодилаи афкор анҷом доданд.  Мошинаи пахтачинии ХНП-2,4 аввалин техникае мебошад, ки бо дархости пахтакорони Тоҷикистон сохта ва ворид гардидааст. Айни замон таҷҳизоти мазкур аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии «Стансияи давлатии озмоишҳои мошинҳои Тоҷикистон» мавриди санҷиш қарор гирифтанд. Мавриди зикр аст, ки соли равон Ҷамъияти Саҳҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Хатлон-Сен Селю» 10 адад мошинаи  пахтачинии тамғаи «Ҷон-Дир СР-90»-ро ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин истеҳсол мешаванд, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда, самаранокии кори онҳор мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Таҷҳизоти олмонӣ дар Тоҷикистон аз нирӯи офтоб барқ истеҳсол хоҳад кард

Моҳи августи соли ҷорӣ Донишкадаи энергетикии Точикистон дар нохияи Бохтари вилояти Хатлон бо иштироки Президенти Чумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. Ин донишкада дорои шароитҳои хуби таълимӣ буда,  бо технологияҳои муосир ҷиҳозонида шудааст.  Чунончи, бо ибтикори бевоситаи ширкати олмонии сармоягузории ДПУ Инвестмент ҶДММ (DPU Investment GmbH) ва Нетракон (Netracon) дар ҳавлии ин Донишкадаи энергетикӣ таҷҳизоти муосири фотоволтайк насб ва мавриди истифода қарор дода шудааст. Таҷҳизоти мазкур дар баробари истеҳсоли қувваи барқ, инчунин ба муҳассилини донишкада имкон медиҳад, ки бо тарзи истеҳсоли қувваи барқ аз нирӯи офтоб шинос шаванд.  Таҷҳизоти мазкур имкон дорад дар ҳаҷми 30 кватт қувваи барқ ҳосил намуда, донишкадаро бо қувваи барқи аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намояд.

Mehr…

Таҷҳизоти фотоволтайкро ширкати DPU Investment ва Netracon дар ҳамкорӣ бо ширкати mp-tec дар асоси модулҳои иқтидорашон 300 ватт-и ширкати aleo solar  ва таҷҳизоти ширкати SMA омода ва насб карданд. Таҷҳизоти васлгардидаи ширкати RiCo ҳаҷм ва равандҳои истеҳсоли барқ аз ҳисоби нирӯи офтобро дар шакли мониторинг ҳамчун маводи таълимӣ ба донишҷӯён муаррифӣ мекунад. Тавре роҳбари ширкати DPU Investment ҷаноби доктор Петер Урбан изҳор дошт: „Вусъати ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар бахши сарчашмаҳои таҷдидшавандаи энергия натиҷаи маҳз он таҷрибаҳои мусбии ҳамкориҳои самарабахши Тоҷикистону Олмон ба ҳисоб меравад, ки дар доираи  лоиҳаи «Ташаббусҳои содиротии энергияи таҷидидшаванда» ба даст омадаанд».  Дар доираи ин лоиҳаи мазкур, ки зери сарпарастии Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон, Агентии энергетикии Олмон, инчунин ширкати BAE Batterien GmBH амалӣ мегардад, аллакай соли 2013 дар бинои Вазорати энергетикаи Тоҷикистон таҷҳизоти истеҳсоли қувваи барқ аз нирӯи офтоб насб гардида буд. Ширкати DPU Investment ният дорад дар оянда дар ҳудуди Тоҷикистон як нирӯгоҳи офтобии истеҳсоли барқ бо иқтидори 100 мегаватт ва таъсиси як корхонаи истеҳсоли модулҳои фотоволтайкро таъсис диҳад.

Weniger…

Қабули Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

Ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул намуд. Ин дуюмин стратегияи дарозмуддати рушди кишвар буда, дар он ҳадафҳо, захираҳои мавҷуда, таъсири омилҳои беруна ба рушди кишвар ба инобат гирифта шудааст. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 давоми 15 соли оянда ҷиҳати муҳайё намудани зиндагии шоистаи мардум пешбинӣ гардидааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи ин ҳадафҳо якчанд омили муҳим, аз ҷумла рушди неруи инсонӣ, рақобатпазирии бахши иқтисод бо сатҳу сифати баланд, саҳми саноат дар рушди Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, аз кишвари аграрӣ ба индустриалӣ - аграрӣ табдил додани кишвар, се баробар аз 17 то 45 миллиард соат боло бурдани иқтидори энергетикии ҷумҳуриро, номбар карданд. Маълумотнок кардани аҳолӣ, боло бурдани сатҳи дарозумрии аҳолӣ, кам кардани шумораи фавти модару кудак, беҳтар кардани шароити зиндагӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани мардум, устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои рушди микро ва макроиқтисодии кишвар, аз омилҳои дигари татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маънидод гардид.


Низоми раводиди электронӣ ҷорӣ шуд.

Аз 1 июни соли 2016 дар Тоҷикистон портали нав барои судури раводиди электронӣ “e-Visa” (https://www.evisa.tj), ба кор шурӯъ намуд. Он ба шаҳрвандони хориҷӣ имконият медиҳад, ки барои бо мақсади сайёҳӣ ва корӣ ворид шудан ба кишвар дархости электронӣ хонапурӣ карда, бидуни ҳозир шудан ба муасссисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон раводиди  электронӣ ба даст оранд. Низоми нав барои он таҳия шудааст, ки раванди гирифтани раводиди Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ содда гардад, шумораи сайёҳонро ба Тоҷикистон зиёда гардонида, ҳамчунин, расмиёти раводидро барои тоҷирон содда намояд. Дархосткунандагон раводиди электронии худро тавассути почтаи электронӣ баъди пешниҳодҳои маълумотҳои зарурӣ ва пардохт бо корти бонкӣ онлайн дастрас менамоянд. Дархосткунандагон барои баррасии ариза ҷиҳати гирифтани раводиди электронӣ ӯҳдадор мегарданд, ки 50 доллари ШМА ба воситаи шабакаи электронии байналмилалӣ эътирофшуда пардохт намоянд. Дар ҳолати радд намудани дархост маблағи мазкур ба дархосткунанда баргардонида намешавад. Баъди пардохти хироҷ ва қонеъ кардани дархост, ба дархосткунанда бо почтаи электронӣ раводиди электронӣ дода мешавад, ки он ҳангоми убури сарҳади Тоҷикистон дар якҷогӣ бо ҳуҷҷати сафар бояд пешниҳод гардад.  Раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 90 рӯз эътибор дорад, вале дорандаи он метавонад дар қаламрави ҷумҳурӣ на зиёда аз 45 рӯзи тақвимӣ қарор дошта бошад. Раводиди электронӣ тамдид намешавад ва дорандагони он бояд дар мӯҳлати нишондодашуда қаламрави Тоҷикистонро  тарк кунанд.     


-1-   -2-    -3-

Тоҷикистон дар мавҷи HR Info


© Der Hessische Rundfunk

Савори қутосу хурҷини пурбор тавассути Помир

Таъини мулоқот (онлайн)

Қайди консулӣ (онлайн)

Cайтҳои муфид

Суроғаи мо:

Perleberger Str. 43
D-10559 Berlin
Telefon: +49 30 347930-0
Telefax: +49 30 347930-29
info@botschaft-tadschikistan.de