Ҷумҳурии Федеративии Олмон

Муносибатҳои сиёсӣ

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон моҳи феврали соли 1992 барқарор шуданд. Олмон аз ҷумлаи нахустин кишварҳо ба ҳисоб меравад, ки истиқлолияти Тоҷикистонро соли 1992 эътироф намуда, худи ҳамин сол муносибатҳои дипломатии худро оғоз намудааст. То соли 2001 Олмон ягона кишвари узви Иттиҳоди Аврупо ба шумор мерафт, ки намояндагии дипломатии худро дар Тоҷикистон кушода буд. Шурӯъ аз соли 2001 Британияи Кабир, Фаронса ва Иттиҳоди Аврупо намояндагии дипломатии худро дар қаламрави Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 Сафоратхонаи худро ифтитоҳ намуд. Он сараввал дар шаҳри Бонни Олмон воқеъ буд ва соли 1999 ба пойтахти нав, шаҳри Берлин кучонида шуд. Тоҷикистон аз соли 2008 инҷониб Сафоратхонаи худро дорад.

Ҳукумати Олмон дар раванди сулҳи тоҷикон ва демократикунонӣ аз рӯзҳои нахустини истиқлолият Тоҷикистонро ҳамеша ҷонибдорӣ намуда, дар муколамаҳои ҳама ҷонибҳо, инчунин дар раванди таъсиси давлати ҳуқуқбунёд иштирок менамуд. Ҳамчунин дар чаҳорчӯбаи Ташаббуси Иттиҳоди Аврупо нисбати Осиёи Марказӣ, ки асосгузори он ҷониби Олмон ба ҳисоб  меравад, миёни ҳар ду кишвар муколамаҳои созанда ва ҳамкориҳои бисёрҷониба ба роҳ монда шудаанд. Олмон дар марҳалаҳои эътидолсозӣ баъди ҷанги шаҳрвандӣ ва равандҳои демократикунонии ҷомеа, таъсиси давлати ҳуқуқбунёд бо пешниҳоди кӯмакҳои моливу фаннӣ мусоидат намудааст. Миёни ҳар ду кишвар дар самти мубориза бар зидди терроризм ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ ҳамкориҳои густарда ба роҳ монда шудааст.

Абзорҳои робитаҳои дуҷонибаи ҳар ду кишварро гуфтушунидҳо ва машваратҳои байниҳукуматии ҳарсола, машваратҳои сиёсии байниидоравии вазоратҳои корҳои хориҷӣ, боздидҳои мутақобилаи сиёсатмадорон, намояндагони парлумон, вазоратҳои мудофиа, ниҳодҳои қудратӣ, ҳамоишҳои соҳибкорони ҳар ду кишвар, робитаҳои мустақими муассисаҳои пажӯҳишӣ-таълимӣ ва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ташкил медиҳанд.

25-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Олмон  моҳи феврали соли 2017 тавассути табодули табрикномаҳо ҷашн гирифта шуд.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найтҳарт Хёфер-Виссинг (2017) мебошад.  Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Ҷумҳурии Федеративии Олмон Соҳибназар Ғайратшо (2018) мебошад. Сафорати Олмон яке аз аввалин намояндагиҳои дипломатии кишвари хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро 10 июни соли 1993 оғоз намудааст. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 сентябри соли 1994 дар шаҳри Бонни Олмон кушода шуд. Он соли 1999 баъди пойтахт эълон шуданаш ба шаҳри Берлин кӯчид. Бинои Сафорати Тоҷикистон дар ноҳияи Тиргартени шаҳри Берлини Олмон қарор дорад. Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ҳамзамон масъули кишварҳои Лаҳистон ва Чехия мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар музофоти Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайни Олмон тавассути консулгарии фахрӣ намояндагӣ мегардад.

Ҳамкориҳои мухталифи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ, фаъолияти муассиса ва созмонҳои олмонӣ, аз қабили GIZ, KfW, Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон, Фонди Фридрих-Эберт, Фонди Ҳаннс-Зайдел ва сафоратҳои ҳар ду кишвар заминаи хуби густариши робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ба ҳисоб мераванд.


Таърихи муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Олмон

Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Олмон таърихи тӯлонӣ дошта, дар марҳалаҳои нахустини худ ҳамчун як шакли дипломатияи оммавӣ оғоз ва густариш ёфтааст. Шиносоии олмониҳо бо урфу одат, маданияту фарҳанги мардуми форс ҳанӯз дар охири асрҳои миёна оғоз ёфта, таҳияи асари Гёте мавсум ба «Девони Ғарб ва Шарқ» барои боз ҳам бештар шинос кардани мардумони кишварҳои қад-қади роҳи Абрешим такони ҷиддӣ додааст. Пешкаши ҳаводорони назм намудани дастхатҳои Гёте, ки соли 1819 дар матбааи Коттаи Штуттгарт дар шакли китоб чоп шуд, ба як навъ муаррифномаи мардуми бофарҳанги форсу тоҷик дар давраи ҳаракати адабии «туғёну таъзиқ» (Буря и Натиск) мубадал гардид ва муаллифро дар қатори Искандари мақдунӣ, Марко Поло ва дигарон ба нахустин намояндагони дипломатияи оммавӣ (public diplomacy) мартабагузорӣ намуд. Он замон Гётеи аз ашъори классикони форсу тоҷик ба ваҷдомада мардумро барои сафар ба зодгоҳи нобиғаҳои форсу тоҷик ташвиқ намуда буд.

Mehr…

Ҳануз соли 1894 соҳибкори сарватманди олмонӣ Вилли Рикмер Рикмерс ба Самарқанду Бухоро сафар намуда буд, то тиҷорати худро дар ин ҷо ба роҳ монда, минтақаро мавриди омӯзиш қарор диҳад. У соли 1896 дубора тавассути Душанбе, Кангурт, Балҷувон ва Ховалинг ба водии Яхсу расида, он ҷо соҳибкории худро дар қатори дигар аҷнабиён - истихроҷкунандагони тилло ба роҳ монд, то он даме ки императори рус шаҳрвандони хориҷиро аз содироти тилло маҳрум намуд.

Рикмерс дар ёддоштҳои худ дар бораи саёҳати омӯзишии як гурӯҳи олимону пажӯҳишгарон ва забоншиносони олмонӣ ба минтақаи  Бадахшони имрӯза, ки соли 1928 зери роҳбарии ӯ ва сарпарастии молиявии тоҷирон сурат гирифта буд, чунин нигошта аст: „Дар баробари харитакашӣ, заминшиносӣ ва обуҳавосанҷӣ зарур аст, табиат ва аҳолии Помир, инчунин забонҳои Эрони шарқӣ мавриди омӯзиш қарор ёбад, зеро «боқимондаҳои аҷдодони ориёнажоди мо, халқиятҳои кӯчаку фақири аз тӯфони муғулҳо гурехта ва дар шохаҳои кӯҳҳо овезон маҳз дар инҷо зиндагӣ мекунанду новобаста аз ин фарҳангу тамаддуни қадимаи худро нигоҳ доштаанд».

Пажуҳишгари мазкур дар солҳои минбаъда ба кӯҳҳои Фон, водии Зарафшон ва Қалъаи Хумб сафар карда, маълумотҳоеро гирд овардааст, ки дар соҳаи пиряхшиносӣ бебаҳо арзёбӣ мешаванд. Нахустин аксҳои қуллаи Исмоили Сомонӣ соли 1928 ҳангоми экспедитсияи гурӯҳи олимони олмониву рус аз ҷониби Рикмерс бардошта шуда, ҳамин тариқ сарзамини тоҷикон ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид. Натиҷаҳои таҳқиқотҳои ҷуғрофию табиатшиносии экспедитсияи иборат аз 22 нафар олимони олмониву рус дар асари шашҷилда зери унвони  Пажӯҳишҳои илмии экспедитсияи Алай-Помир соли 1929 гирд оварда шудаанд.

Олмон дар тӯли таърих борҳо барои дубора ба даст овардани эътимоди кишварҳои ҳамшарик кушишҳо кардааст. Баъди ҷанги якуми ҷаҳонӣ, то ин ки шубҳа миёни шарикони аврупоӣ ба вуҷуд наояд, олмониҳо ба чунин қарор омаданд, ки яке аз 50 экспедицияҳои илмии байни ду ҷанги ҷаҳониро, ки ба ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон нигаронида шуда буд, сараввал Экспедицияи Алай номгузорӣ намоянд. Маслиҳат шуда буд, ки баъди ба даст овардани «натиҷаҳои дилхоҳ»  номи он «Экспедицияи Помир-Алай» гузошта шавад.

Тавре бармеояд, пажӯҳишгарони муосири олмонӣ то ҳол маълумотҳои он замон ба даст омадаро бо тағйиротҳои кунунӣ муқоиса намуда хулосаҳои илмӣ мебароранд.  Аз эҳтимол дур нест, ки дар дастхатҳои мазкур ҳамчунин маълумотҳое мавҷуд бошанд, ки аз манфиат холӣ нахоҳанд буд.

Баъд аз хотимаи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва ба ду қисмат ҷудошавии Олмон низ омӯзиши тоҷикон ва Ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистон дар маркази диққати шарқшиносони Олмони шарқӣ қарор дошт. Муносибатҳо дар ин марҳала миёни Тоҷикистону Олмони шарқӣ бар пояи дӯстӣ ва шарикии мутақобила асос ёфта, солҳои 70-80 уми асри XX ба таври назаррас вусъат ёфта буд.  Албатта ин бесабаб набуд.

Бо вуҷуди тақсими Олмон ба ду қисмат (федеративӣ ва демократӣ) муттаҳидшавии Олмон яке аз ормонҳои сиёсатмадорони ҳар ду ҷониб ҳисоб меёфт ва сарфи назар аз идеологияҳои мавҷуда ҳамеша дар маърази диққати онҳо қарор дошта, интизори фурсати муносиб буд. Мутаносибан, баргардонидани олмониҳо дар ҳудуди кишварҳои пасошуравӣ, агарчанде он солҳо барои овози бештар ба даст овардани ҳукумати Ҳелмут Коҳл зарур буд, вале ҳадафи асосии он якпорчагии Олмон ва муттаҳидии олмониҳо буд, он тавре ки дар Сарқонуни Олмон зикр гардидааст. Аз ин рӯ, муносибатҳои нек бо ҳама кишварҳои собиқ шӯравӣ бо назардошти диаспораҳои олмонитаборон барои ҳукумати ҳар ду Олмон муҳим арзёбӣ мешуд. Ногуфта намонад, ки Олмон ифтитоҳи сафоратхонаи худ дар Тоҷикистонро соли 1993 ба нақша гирифта буд, вале бо назардошти бад шудани вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон ва ҳар чи зудтар фиристодани диаспораи олмонитаборон раванди кушодашавии намояндагии дипломатӣ тезонида шуд.

Бо вуҷуди ин, агар аз як тараф мавҷудияти тахминан 40.000 нафар диаспораи олмонитабор ба рушди муносибатҳои дуҷониба мусоидат карда бошад, аз ҷониби дигар Тоҷикистон ба туфайли боду ҳавои мусоид ва табиати худ яке аз мавзеъҳои саёҳатию кӯҳнавардии олмониҳо ҳисоб мерафт. Сайёҳе дар ёддоштҳои худ чунин нигошта буд:

„Дар доираҳои хубогоҳи Олмони шарқӣ ҳадди аққал маротибае ба саёҳати кӯҳҳои Фон баромадан ба як амри зарурӣ табдил ёфтааст. Боду ҳавои мусоиди тобистонӣ дар наздикиҳои биёбон, дастрасии бемамониат, даҳ баромадгоҳи панҷҳазорметрӣ дар як мавзеи хурд ва табиати нотакрору роҳҳои хуб аломати сифати олӣ доштани ин қаторкӯҳҳо мебошад“.

Бо назардошти рафтуомади олмониҳо ба Тоҷикистон, ҳамчунин сафарҳои омӯзишии хизматчиёни давлатии Тоҷикистони онвақта ба шаҳрҳои мухталифи Австрия ва Олмони шарқӣ имконияти бародаршаҳрии Душанбе бо Клагенфурт (1973) ва Ройтлинген (1990)-ро ба вуҷуд овард. Равобити расмии ҳукумати кишварҳо албатта ба таваҷҷӯҳи доираҳои мухталифи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ низ бетаъсир намонд. Ҳанӯз солҳои 60-70 уми асри гузашта гуруҳе аз шарқшиносони олмонӣ аз қабили Манфред Лоренс, Берт Фрагнер, Михаел Зундерманн, равияи наверо дар таҷрибаи шарқшиносии Олмон роҳандозӣ намуданд, ки ба омӯзиши фарҳангу адабиёти тоҷик рабт дошт. Дар баробари сафарҳои илмии шарқшиносон ба Тоҷикистон, баргузории таҷрибаомӯзӣ, ҳамчунин як қатор асарҳои нависандагони тоҷик ба олмонӣ тарҷума шуд, ки «Марги судхур» ва «Ёддоштҳои» -и Садриддин Айнӣ, «Дар он дунё» -и Фазлиддин Муҳаммадиев  ва чанд асарҳои дигар адибони тоҷик аз қабили онҳо буд. Авҷи муаррифии фарҳанги моро дар Олмон тарҷумаи ашъори классикони форсу тоҷик аз ҷониби шарқшинос Вернер Зундерманн зери унвони «Васфи ошиқон» ташкил медод.

Аз рӯзҳои нахустини истиқолият то ҳол миёни Тоҷикистону Олмон зиёда аз 40 қарордоду созишномаҳои дуҷониба ба имзо расидаанд, ки самтҳои мухталифи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҳар ду кишварро фаро мегиранд. Олмон то ба имрӯз зиёда аз 150 миллион евро маблағҳоро дар чаҳорчӯбаи кумакҳои молиявию техникӣ ба Тоҷикистон пешниҳод намудааст.

Ҳафтаҳои фарҳангии ҳар ду кишвар ки дар асоси Созишнома дар бораи ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни ҳар ду кишвар баргузор гардиданд, ҳусни таваҷҷӯҳи мутақобилаи кишварҳоро барои ҳамкориҳои судманд собит намуданд. Ҳамасола зиёда аз 50-70 нафар донишҷуёни точик ҷиҳати таҳсил ва такмили ихтисос ба Олмон сафар мекунанд. Тули 20 соли охир ҳазорҳо нафар донишҷуён дар Олмон таҳсил намуда, қисми аз онхо имрӯз ба халқу Ватани хеш хизмат карда истодаанд. Мутаносибан дар  донишгоҳҳои Ҳумболдти Берлин ва Отто-Фридрихи Бамберг забони тоҷикӣ ҳамчун як шохаи забонҳои нави эронӣ омӯзонида шуда донишҷӯёни олмонӣ ҷиҳати такмили донишҳои забонӣ ба Тоҷикистон сафар мекунанд.

Боздидҳои расмии Президенти Тоҷикистон, ки соли 2003 ва сипас моҳи декабри соли 2012 баргузор гардиданд, бори дигар собит сохтанд, ки Олмон нисбати Тоҷикистон бетавофут нест ва барои ҷоннок намудани сатҳи ҳамкориҳо имкониятҳо вуҷуд доранд. Ташаббуси Созмони Аврупо барои Осиёи Марказӣ аз соли 2007 ва идомаи он то соли 2020, Раванди Берлин, Дипломатияи об ва даҳҳо конфронсу симпозиумҳои баргузоргардида гувоҳи гуфтаҳои боло мебошад.

Weniger…