Ҷумҳурии Федеративии Олмон

«Чакан» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид

ЮНЕСКО чакани Тоҷикистонро ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид намуд.  Қарор дар бораи ворид намудани чакан ба Феҳристи ЮНЕСКО дар рафти  ҷаласаи Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Порт-Луи Ҷумҳурии Маврикий баргузор гардид, қабул шуд. 

Санъати чакандӯзӣ навъе аз тарзҳои дӯхтани гулҳо, нақшу нигор ва тасвирҳои рамзнок бо риштаҳои ранга дар матои пахтагин мебошад. Одатан, гулдузии чакан дар курта, сӯзанӣ, болишт, ҷойпӯш, бардеворӣ, тоқӣ, гаҳворапӯш, камарбанд, рӯмол ва ғайра истифода мешавад. Ҳар нақши дар болои матоъ дӯхташуда ном дорад, чунончи: косагул, гули анор, барги бед, моҳу ситора, офтоб, абр ва монанди инҳо. Куртаи чакан махсус барои занҳову духтарон дӯхта мешавад. Дар ҷашнҳои расмӣ ва идҳои халқӣ духтарон ҳатман куртаи чакан ба бар мекунанд. Се навъи унсури матлуби фарҳангии тоҷик, аз ҷумла шоҳасари мусиқии «Шашмақом»  иди Наврӯз, хӯроки миллӣ “Оши палов” дар  Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО қарор доранд. Чанд сол қабл Шаҳркадаи Саразм ва куҳҳои Помир низ ба Феҳристи мероси фарҳанги моддии ЮНЕСКО ворид гардиданд.  

Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО имруз 21 унсури фарҳангии як қатор кишварҳоро, аз ҷумла мусиқии регии Ямайка, тартиби идоракунии таҳдиди вулқонҳои Австрия ва Швейтсария ва варзиши ҳурлинги Ирландия, ба Феҳрист ворид намуд. Айни замон дар  Феҳристи мероси фарҳанги ЮНЕСКО зиёда аз 430 унсурҳои фарҳангии кишварҳо қарор доранд. Мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон бой ва рангин аст ва ворид гардидани расму оинҳои тоҷик ба Феҳристи ЮНЕСКО боиси шарафмандӣ мебошад.

Садо ва симо (онлайн)

Суроғаи мо:

Perleberger Str. 43
D-10559 Berlin
Telefon: +49 30 347930-0
Telefax: +49 30 347930-29
info@botschaft-tadschikistan.de