дар Олмон, Чехия ва Лаҳистон

Дипломатия/китобхона

Миёнаравони Шарқ. Ҳокимони асроромези Роҳи Абрешим  (тарҷумаи С. Ғайратшоев)

Касе онҳоро қариб ки намешиносаду аз мавҷудияти онҳо  маълумоти мушаххас надорад, агарчанде замонҳое буданд, ки онҳо, яъне қабилаи суғдҳо тоҷирону дипломатҳои барҷастаи водиҳои қад-қади Роҳи Абрешим ҳисобида мешуданд. Аз асри 6 то 8 намояндагони қабилае аз халқҳои Эрони шимолӣ ҳокимони империяи бузурги тиҷоратӣ буданду  шабакаи савдою тиҷорати онҳо аз Қрим то ба Корея доман паҳн карда буд. Танҳо баъд аз он ки онҳо ба  тахту тоҷи хитоӣ чашм дӯхтанд, ситораи дурахшони онҳо нопадид гаштМуфассал

 

«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ – инъикоскунандаи анъанаҳои дипломатӣ  (Д. Назриев)

Дар миёни чунин сарчашмаҳо «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ (934-1020) яке аз намунаҳои беҳтарин аст. Дар ин асар, ки ба давлатдории чандин сулолаи ориёинажод (чи ривоятӣ ва чи таърихӣ) бахшида шудааст, муносибатҳои байни кишварҳо дар ҳолатҳои гуногун - ҳамкорӣ, сулҳ, ҷанг, ҷӯстани иттифоқчӣ бар зидди давлати сеюм, мукотибаи давлатдорон, фиристодани сафир, пазироии меҳмонони хориҷӣ, оростани гуфтушунид ва дигар роҳу усулҳои тадбирҳои дипломатӣ қисми ҷудонопазири инъикоси воқеаҳоба шумор мераванд. Мазмуни «Шоҳкитоб»-и назм (ибораи И. Брагинский) шаҳодати равшани он аст, ки Фирдавсӣ донандаи хуби анъанаҳои дарбори шоҳон буд ва ин аз аввал то ба охири шоҳасар ба мушоҳида мерасад. Аз ин лиҳоз, ба пуррагӣ фаро гирифтани ин мавзӯъ дар «Шоҳнома» эҷоди асари алоҳидаеро тақозо дорад.Ба ин сабаб ва маҳдудияти дар ин мақола равшанӣ андохтан ба мавзӯъ, танҳо бо овардани баъзе мавридҳо иктифо мекунем, ки то ба имрӯз моҳияти худро аз даст надодаанд. Муфассал

 

Нақши сафир дар «Сиёсатнома»-и Низомулмулк  ва «Таърихи Масъудӣ»-и Байҳақӣ  (Д. Назриев)

Дипломатияи тоҷик таърихи тӯлонӣ ва рангин, расму анъанаҳои бойи худро дорад. Яке аз сарчашмаҳои муҳими омӯзиши таърихи дипломатияи тоҷик асарҳое мебошанд, ки дар давраҳои гуногун ба забони форсӣ-тоҷикӣ эҷод шуда, дар барбари дигар масъалаҳо ин мавзӯъро низ дар бар гирифтаанд. Ин асарҳо дар баробари равшанӣ андохтан ба мавзӯъҳои таърихӣ барои омӯзиши расмияту анъанаҳо ва тадбиру иқдомҳои дипломатӣ хизмати арзандае карда метавонанд. Чунин асарҳо аз нигоҳи жанр ва услуб хусусиятҳои хоси худро дошта, дар инъикоси мавзӯъ аз ҳар ҷониб мусоидат мекунанд. Дар миёни чунин асарҳо рӯ овардан ба ду асар - «Сиёсатнома»-и Низомулмулк ва  Таърихи Масъудӣ»-и Байҳақӣ бамаврид аст, зеро дар ҳардуи он дар бораи сафир – яке аз мансабҳои муҳимтарин ва калидӣ дар ривоҷ додани робитаҳои хориҷӣ маълумоти ҷолиб пешкаш гардида, то кадом дараҷа муҳим будани ваколату рисолат ва шахсияти фиристодаи давлат барҷаста инъикос ёфтааст. Муфассал

 

Инструкции посольствам и миссиям в Среднюю Азию в XVIII-XIX вв. как исторический источник по русско-среднеазиатским отношениям (Виктор Дубовицкий)

Дипломатические отношения между Россией и среднеазиатскими  осударствами были одной из постоянных тем исследований для выдающегося таджикского востоковеда, академика АН Таджикской ССР А. А. Семенова. Этой теме была посвящена одна из работ ученого – «Некоторые данные о сношениях среднеазиатских государств с Москвою XV-XVIII столетий», описывающая несколько дипломатических миссий в Хиву и Бухару из Московской Руси, а также ответную дипломатическую и торговую активность среднеазиатских государств. Насколько серьезно А. А. Семенов относился к этой теме показывает и документ, подготовленный этим ученым для Президиума АН СССР – «О письме главного архивного управления о разработке архивных материалов, касающихся истории сношений России с Востоком», относящийся к 1943 г. Подробнее

 

Аз шукӯҳи Сомониён то шукуфоии даврони истиқлол (Алиасғари Шеърдӯст)

Таърихдонон Тоҷикистонро модари Эронзамин ба шумор меоваранд, зеро ки на танҳо эрониён, балки ориёниён аз он ҷо бархостаанд. Муаррихони коршиноси даврони бостон ва эроншиносон навиштаанд, ки тоҷикҳои ҳазораи пеш аз мелод як тоифаи эронӣ ба номи Комбуҷо (Kambojas) буданд, ки ба забоне наздик ба авестоӣ сухан мегуфтанд ва Боктриё (Балх) ва Тахор бахше аз қаламрави густурдаи онон буд, ки умдатан мобайни ду рӯди бузург – Амударё ва Сирдарё мезистанд. Муаррихон ашкониён (портиён)-ро бархоста аз миёни онон навиштаанд ва муаррихони румиву аврупоӣ хуросониҳо ва табаристониҳоро аз ҳамон тоифаи эронӣ донистаанд. Муфассал

 

Фардои ободи минтақа имрӯз ниёз ба стратегияи превентивӣ дорад (Э. Раҳматуллоев)

Яқин аст, ки огоҳии аҳли ҷомеа аз ҷузъиёти нишастҳову ҳамоишҳои байналмилалӣ бо ширкати сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар он дар вақтҳои охир номи Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивӣ (пешгирикунанда) такрор ба такрор зикр мегардад, ҳанӯз комилу фарогир нест. Иштироки мунтазами ниҳоди мазкури Созмони Милал дар он нишастҳо, бидуни шак, гувоҳи аҳамияти хоссаи рисолати ӯст, ҳарчанд набудани иттилооти мушаххас пиромуни татбиқи он дар зеҳнҳо суолҳое бармеангезад. Пас иллати созмон додани чунин ниҳоди вижаи СММ дар минтақа, тафсири вазифаҳои он ва якояк баррасӣ намудани заминаҳои назариявӣ ва амалии фаъолияташ ниёзманди шарҳу тафсилоти бештарест, ки огаҳӣ аз умқи таърих, диди жарфи геополитикӣ ва таҳлили мӯшикофонае мехоҳад, ки ин мавзӯи баҳси муфассали дигарест. Муфассал

 

Цифровая дипломатия: понятие, история развития и значение (Ф. Саидов)

В период становления нового международного информационного порядка и глобализационных процессов в мире слова, произнесенные почти четыре столетия назад известным англий- ским философом Френсисом Бэконом «кто владеет информацией - владеет миром», приобретают качественно новый смысл. Мы являемся не только пассивными свидетелями, но и зачастую активными участниками процесса формирования и развития рынка информации и знаний как факторов производства, в до- полнение к традиционным рынкам природных ресурсов. Подробнее

Ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Олмон бо рушди устувори минтақа созгор аст. Имомиддин Сатторов

Дар муддати 21 соли сипаришуда аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Олмон ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илму маориф бомуваффақият рушд меёбанд. Дар пешбурди ин раванд боздиду музокироти мақомоти олирутба ва ташки- ли вохӯриҳои соҳибкорони ду кишвар дар шаҳрҳои Душанбе ва Берлин таъсири мусбате бар ҷой гузоштаанд.  Муфассал

 

Ключевые проблемы развития  туристско – рекреационного комплекса Таджикистана (Рухшона Одилова)

Мировой опыт свидетельствует, что туризм, в различных его формах, озитивно воздействует на национальную экономику посредством увеличения вклада в ВВП, формирования платежного баланса, роста занятости населения, развития экономики регионов, имеющих туристско-рекреационные объекты, и др. Республика Таджикистан располагает большими ресурсами для развития туризма и рекреации. «В Таджикистане имеются ресурсы, благоприятствующие крупномасштабному развитию горного и лечебного туризма и альпинизма. Рекреационные ресурсы Таджикистана благоприятствуют тому, чтобы ежегодно до 400-600 тыс. человек вовлекались в русло горного тренинга, 70-80 тыс. человек восстанавливали свое здоровье в санаториях и лечебницах, 2,5-3,0 тыс. человек были вовлечены в альпинизм» . Подробнее

Суроғаи мо:

Perleberger Str. 43
D-10559 Berlin
Telefon: +49 30 347930-0
Telefax: +49 30 347930-29
info@botschaft-tadschikistan.de