дар Олмон, Чехия ва Лаҳистон

Ҷамъияти тоҷикони Олмон

Боиси тазаккур аст, ки то солҳои 1990 дар ҳудуди Тоҷикистон тахминан 39000 нафар олмонитаборон зиндагӣ мекарданд. Айни ҳол ба истиснои ҳудуди 1000 нафар онҳо ба Олмон баргаштаанд.

Солҳои 1985 - 2000 аз қаламрави кишварҳои пасошӯравӣ зиёда аз 2 миллион аҳолии олмонитабор ва аъзоёни оилаи онҳо дар асоси як барномаи мукаммали федеролӣ ба Ҷумҳурии Федеролии Олмон сафар намуда, ин кишварро макони доимии зисти худ қарор доданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тибқи маълумоти оморӣ каме бештар аз 38.000 нафар ба Олмон сафар намудаанд. Бо гузаштани зиёда аз 30 сол, пазируфтани шаҳрвандии Олмон ва дигар омилҳо насли нави ин «муҳоҷирон» ба воя расида, аз нафарони дорои шаҳрвандии Тоҷикистон ва алоқамандони кишвар, ҳамчунин шаҳрвандони ҷиҳати таҳсил, кор ва ё бо сабабҳои оилавӣ ба Олмон сафаркарда тахминан  3000 нафар боқӣ мондааст. Ҷиҳати таъмини алоқамандии ин аққалият дар кишваре, ки аҳолиаш зиёда аз 87 миллион нафарро ташкил медиҳад, ҳанӯз соли 2001 бо ташаббуси бевоситаи Сафорати Тоҷикистон дар Берлин Ҷамъияти дӯстии Олмону Тоҷикистон таъсис дода шуда буд. 

Ҳадафи асосии ин Ҷамъият ҷонибдории тасмимҳои Сафорат дар самти таъмини робитаҳо бо собиқ шаҳвандони Тоҷикистон буда, то ин замон дар баргузории чорабиниҳои таблиғотиву муаррифӣ, мубодилаи донишҷӯёну мутахассисон, ироаи кӯмакҳо ба муассисаҳои илмӣ, ташкили чорабиниҳои илмӣ ва ғ. мусоидат намудааст. Дар Низомномаи ин Ҷамъият низ рушду таблиғ ва муаррифии фарҳангу тамаддуни тоҷикон дар Олмон ва густариши робитаҳои ҳар ду кишвар ҳамчун ҳадафи асосии он арзёбӣ гардидааст.

Суроғаи мо:

Perleberger Str. 43
D-10559 Berlin
Telefon: +49 30 347930-0
Telefax: +49 30 347930-29
info@botschaft-tadschikistan.de