дар Олмон, Чехия ва Лаҳистон

Супоридани эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Чехия

23 августи соли 2016 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чехия Маликшо Неъматов эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан супорид. Зимни суҳбати баъд аз маросими қабули эътимоднома доиргашта, Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан М. Неъматовро ба муносибати оғози рисолати дипломатиаш дар Ҷумҳурии Чехия табрик намуда, ба ӯ баҳри иҷрои фаъолияти пурсамар ҷиҳати густариши муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чехия комёбиҳо таманно намуд. Дар навбати худ М. Неъматов паёму дуруд ва таманнои неки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Чехия расонида, иброз намуд, ки барои рушд ва тавсеаи босамари муносибатҳои дуҷонибаи ҳарду кишвар ва мардумони дӯст тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод.


Чехия

Дар ҳолати омодашавӣ қарор дорад.

Суроғаи мо:

Perleberger Str. 43
D-10559 Berlin
Telefon: +49 30 347930-0
Telefax: +49 30 347930-29
info@botschaft-tadschikistan.de