дар Олмон, Чехия ва Лаҳистон

Талaботҳо ва ҳуҷҷатҳои лозима барои таҳияи шиносномаи биометрӣ

 

  1. Шинсономаи хориҷӣ ва ё дохилӣ
  2. Қайди консулӣ (бе қайди консулӣ шиноснома таҳия карда намешавад)
  3. Шаҳодатномаи таваллуд (нусха ё аслӣ)
  4. Маълумотнома аз ҷойи истиқомат дар хориҷа.
  5. Шаҳодатномаи ақди никоҳ (нусха ё аслӣ)
  6. Дафтарчаи ҳарбӣ (барои мардон, дар сурати мавҷуд будан)
  7. Нусхаи квитантсияи пардохт
  8. Суратҳоисобе ки бояд пул гузаронида шавад:                                            
    IBAN:   DE76100700000239881617;    BIG:  DEUTDEBB.
  9. Гурӯҳи хун (дар сурати мавҷуд будан)
  10. Барои ноболиғон нусхаи шиносномаи волидайн.
  11. Маълумот доири ҷойи кор (ё таҳсил) барои 5 соли охир
  12. Маълумотнома доири парастори қонунӣ (барои шахсони бепарастор)

Эзоҳ: барои кӯдакони то панҷсола шиносномаи хориҷӣ барои 3 сол таҳия карда мешавад.

  • аз 5 сола то 10 сола барои 4 сол;
  • аз 10 сола то 16 сола барои 5 сол;
  • аз 16 сола боло барои 10 сол.

Ба инобат гирифта шавад, ки вақти қабул барои ҷамъоварии маълумот барои таҳияи шиносномаи биометрӣ баъд аз соати 1400  ва танҳо баъди мувофиқаи қаблӣ тариқи онлайн сурат мегирад.

 

 

Барои гирифтани шиносномаи биометрӣ шаҳрванди Тоҷикистон бояд ба шӯъбаи консулии Сафорат дар Берлин муроҷиат намояд. Дар сурати ҷамъ кардани ҳама ҳуҷҷатҳои дар боло нишондодашуда, лутфан бо мо дар тамос шавед.  Барои муқаррар кардани вақти мулоқот бо корманди консулӣ ва ҷамъоварии маълумотҳои биометрӣ аз низоми автоматикии кабули мулоқот истифода баред. Лутфан ба саволҳои варақа ҷавоб дода, иддаои худро изҳор намоед. Корманди мутассадии Сафорат баъди ворид шудани дархост ҷиҳати мулоқот фавран бо Шумо дар тамос гардида, пешниҳоди Шуморо тасдиқ ва дар сурати ғайриимкон будан вақту соати дигарро барои вохӯрӣ дар Сафорат пешниҳод менамояд. Ҳозир шудани шумо барои ҷамъоварии маълумотҳои биометрӣ бе мувофиқаи қаблӣ  дар бисёр ҳолатҳо  вақти дарозро талаб хоҳад кард. Телефон барои тамос: 030 34793017

Лутфан ба ин чо ангушт занед.

Суратҳисоб барои bio-pass

Botschaft Tadschikistan
IBAN: DE76 1007 0000 0239 8816 17
BIC DEUTDEBB; Deutsche Bank
baroi shinosnomai bio