дар Олмон, Чехия ва Лаҳистон

Муносибатҳои байнипарлумонӣ

Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Олмон ҳанӯз соли 2005 оғоз гардида буданд.  Дар мулоқоте, ки 31 январ то 3 феврали соли 2005 дар ш. Душанбе миёни вакилони Бундестаги Олмон ва аъзоёни Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, пешниҳод гардид, ки гурӯҳи дӯстии парлумонии Тоҷикистон-Олмон таъсис дода шавад. 6 феврали соли 2005 бо даъвати Фонди Фридрих Эберт дар ш. Душанбе Сардори гурӯҳи парламенти Олмон-Осиёи Марказӣ, аъзои Бундестаги Олмон хонум Ҳеди Вегенер ҳузур дошт.

Инчунин, 9-11 июли 2009 ҳайати ҳукуматии Олмон бо роҳбарии Котиби давлатии Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд хонум Карин Кортманн, Сардори гурўҳи Олмон-Осиёи Марказӣ хонум Хади Вегенер ва дигар намояндагони Парламенти Олмон ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар зимни сафари худ ҳайат бо Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва намояндагони Маҷлиси Олӣ мулоқот доштанд.

Аз 1 то 4 октябри соли 2013 ба ш.Душанбе аъзои Кумитаи корҳои хориҷии Бундестаги Олмон (собиқ Вазири Федералии Олмон оид ба масъалаҳои иқтисод ва технология) ҷаноби Михаэл Глос сафари корӣ анҷом дод. Зимни сафари мазкур мулоқоти Михаэл Глос бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки атрофи муҳимтарин самтҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ ва иқтисодӣ, ба хусус ҷалби доираҳои иқтисодию саноатии Олмон ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва робитаҳои рушдёбанда миёни парлумонҳои ду кишвар, табодули назар карда шуд.

Моҳи августи соли 2014 вохӯрии Сафири Тоҷикистон Маликшо Неъматов бо роҳбари гурӯҳи навтаъсиси парлумонии Олмон ва Осиёи Марказӣ Манфред Грунд ва аъзоёни ин гурӯҳ мулоқоти корӣ анҷом дод. Намояндагони парлумон зимни вохӯрӣ аз сатҳи робитаҳои байнипарлумонии ҳар ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, хостори иттилои бештар роҷеъ ба вазъи сарҳадот ва ҳамкориҳои банимарзӣ гардиданд. Манфред Грунд дар доираи интихоботҳои имсола ба Тоҷикистон сафар намуда буд ва натиҷаи интихоботҳои парлумониро бо чопи як гузориш дар рӯзномаи маҳаллӣ мусбӣ арзёбӣ намуд. Гурӯҳи парлумонии Олмон ва Осиёи Марказӣ тасмим дорад, дар нимсолаи якуми соли 2016 ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом диҳад.

Гурӯҳи парлумонии Олмон ва Осиёи Марказӣ дар 18-умин даъвати Бундестаги Олмон аз 10 нафар вакилони ҳизби масеҳӣ-демократӣ ва масеҳӣ-иҷтимоӣ (CDU/CSU), 5 нафар вакилони Ҳизби сотсиал-демократҳо (SPD), 1 нафар вакил аз Ҳизби чапҳо (die Linke) ва 1 нафар вакил аз фраксияи Иттиҳод 90/Сабзҳо (Bündnis 90/die Grünen)  иборат аст. Роҳбарии гурӯҳи мазкурро вакили ҳизби CDU/CSU Манфред Грунд ба ӯҳда дорад.

Тибқи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №87 аз 27.04.2015 дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси Намояндагон бо Бундестаги Олмон таъсиси дода шудааст. Ба ҳайати ин гурӯҳ Л. Раҷабова-Раиси кумитаи МН оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, Н. Оқилзода-муовини раиси ҳамин кумита, Т.Азимзода-узви кумитаи МН оид ба масоили иқтисод ва молия ва Б. Сафаров-узви Кумитаи МН оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон шомиланд. Роҳбарии гурӯҳро Лутфия Раҷабова ба ӯҳда дорад.

Дар ҳолати 1 октябри 2015

Суроғаи мо:

Perleberger Str. 43
D-10559 Berlin
Telefon: +49 30 347930-0
Telefax: +49 30 347930-29
info@botschaft-tadschikistan.de