дар Олмон, Чехия ва Лаҳистон

Тартиби дархости раводиди Тоҷикистон

Шӯъбаи консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳангоми баррасии дархости шаҳрвандони хориҷӣ ҷиҳати гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи принсипи  „in dubio pro libertate“ амал намояд.  Ҳамзамон интизор меравад, ки  варақаҳои (анкетаҳои) лозимӣ ба таври возеҳ ва бо нишон додани маълумоти дархостшаванда хонапурӣ гарданд. Барои дарёфт кардани раводиди Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зерин заруранд:

1. Анкета барои дарёфти раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва як адад расми 3 х 4  (як нусха);

2.  Нусхаи саҳифаи аввали шиносномаи хориҷӣ;

3. Тасдиқномаи бонкӣ оид ба пардохти боҷи консулӣ;

4. Як дона лифофа бо маркаҳои почтавӣ ва бо нишон додани суроғаи худ. 

Шаҳрвандони  Лаҳистон, Чехия ва нафароне, ки берун аз қаламрави Олмон зиндагӣ мекунанду барои дарёфти раводид ба Сафорати ҶТ дар Берлин муроҷиат карданианд, метавонанд хароҷоти хизматрасониҳои почтаро дар якҷоягӣ бо арзиши раводид ба суратҳисоби консулӣ пардохт намоянд.

Дар ҳеҷ сурат хароҷоти раводид ва дигар хизматрасониҳои консулиро ба таври нақд ва тавассути почта ирсол накунед. Аз хизматрасониҳои бонкӣ, аз қабили пардохти ғайринақдӣ, интиқол тавассути почта (Deutsche Post)  ва судури чек истифода баред!

Пардохти боҷи консулӣ барои ҳар як нафар дархосткунанда ба таври алоҳида ва бо нишон додани мақсади интиқоли маблағ (Verwendungszweck: Visum für Hr…., Legalisierung …, neuer Pass usw.)  ба роҳ монда мешавад.

Суратҳисоби бонкӣ

Inhaber: Botschaft Tadschikistan
Konto: 23 9881 601 BLZ: 100 700 00 
Bank: Deutsche Bank Berlin 
IBAN: DE23 1007 0000 0239 8816 01
BIC (SWIFT): DEUTDEBBXXX

Робита

Телефон: +49 30 347930-17
Телефакс: +49 30 347930-29
konsulat_berlin(at)botschaft-tadschikistan.de