дар Олмон, Чехия ва Лаҳистон

Ҳамкориҳои фарҳангӣ, маориф ва илм

Ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарӣ тибқи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва маориф ва Барномаи Ҳукумати Лаҳистон барои таҳсил дар Лаҳистон, ки соли 2003 ба имзо расиданд, ба роҳ монда шудаааст.

Тирамоҳи соли 2005 дар Душанбе намоиши филмҳои лаҳистонӣ баргузор гардида,  намояндагони санъати миллии тоҷик дар фестивал ва намоишгоҳҳое, ки дар Лаҳистон барпо мешаванд, иштирок менамоянд.

Моҳи сентябри соли 2007 барои идома додани омӯзиши илмӣ дар донишгоҳҳои Лаҳистон дар доираи барномаи Ҳукумати Лаҳистон ҳашт олими ҷавон аз Тоҷикистон интихоб шуданд. Дар доираи барномаи мубодилаи байни донишгоҳҳо омӯзгорони лаҳистонӣ ҷиҳати таълим додани донишҷӯёни тоҷик аз Лаҳистон ба Тоҷикистон сафар менамоянд.

15 ноябри соли 2010 бахшида ба рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Лаҳистон дар Консерваторияи миллии Душанбе консерти мусиқии классикии лаҳистонӣ пешкаш гардид.

Бо дастгирии Сафорати Лаҳистон дар Тошканд ва Донишгоҳи санъати синамои Лаҳистон, соли 2014 дар Хуҷанд кинофестивали лаҳистонӣ таҳти унвони “Висла” баргузор гашт. Ифтитоҳи фестивали мазкур 13 декабри соли 2014 дар кинотеатри “Ҷавонон”-и Хуҷанд бо иштироки намояндагони мақомотҳо ва  кинематографияи тоҷик барпо шуд. Фестивали зикргардида бо намоиши комедияи романтикии М. Окорна “Номаҳо ба М.” шурӯъ гардид.

16 июни соли 2015 дар Душанбе ва Хуҷанд фестивали филмҳои лаҳистонӣ баргузор гашт. Ба муносибати боздиди Ноиби Маршал- ҷаноби Ежи Вендерлих аз Тоҷикистон, 3 июли соли 2015 дар Консерваторияи давлатии Душанбе консерти мусиқии классикии лаҳистонӣ  пешкаш карда шуд.

Суроғаи мо:

Perleberger Str. 43
D-10559 Berlin
Telefon: +49 30 347930-0
Telefax: +49 30 347930-29
info@botschaft-tadschikistan.de