дар Олмон, Чехия ва Лаҳистон

Ҳамкориҳои сиёсӣ

17 апрели соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Лаҳистонро ба ҳузур пазируфт ва зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

17 апрели соли 1998 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лаҳистон - ҷаноби Бронислав Геремек, ҳамчун Раиси САҲА аз Тоҷикистон боздиди корӣ ба амал овард. Дар рафти боздид ҷаноби Бронислав Геремек бо Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотҳо анҷом дод.

Заминаи рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд дар рафти мубодилаи сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон ба Душанбе моҳи октябри соли 2002 ва сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Варшава моҳи майи соли 2003 гузошта шуд. Дар чорчӯби сафарҳои мазкур 9 санади муҳими байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаҳои иқтисод, фарҳанг, илм, маориф ва мубориза бо ҷинояткорӣ, ки пояи қарордодӣ-ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Лаҳистонро ташкил медиҳанд, ба имзо расонида шудааст.

Суроғаи мо:

Perleberger Str. 43
D-10559 Berlin
Telefon: +49 30 347930-0
Telefax: +49 30 347930-29
info@botschaft-tadschikistan.de