дар Олмон, Чехия ва Лаҳистон

Супоридани эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон

28 сентябри соли 2016 дар қасри президентии Белведер дар шаҳри Варшава маросими супоридани эътимодномаҳои Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон Маликшо Неъматов ба Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон Анжей Дуда баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон Маликшо Неъматовро ба муносибати оғози расмии рисолати дипломатиаш дар Ҷумҳурии Лаҳистон табрик намуда, ба ӯ баҳри иҷрои фаъолияти пурсамар ҷиҳати густариши муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Лаҳистон комёбиҳо таманно намуд. Дар навбати худ Сафири Точикистон паёму дуруд ва таманниёти неки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Лаҳистон расонид. Дар рафти сӯҳбати хоса Анжей Дуда ба муносибатҳои анъанавии дӯстонаи ҳарду кишвар таъкид намуда, омодагии кишварашро баҳри вусъати ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Лаҳистону Тоҷикистон иброз дошт.


Мулоқоти Сафир бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лаҳистон

Дар ҳошияи сафар ба Ҷумҳурии Лаҳистон ҷиҳати супуроридани эътимоднома ба Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон Маликшо Неъматов бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лаҳистон ҷаноби Марек Сиолковский мулоқот намуд. Зимни вохӯрӣ оид ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Лаҳистон ва дурнамои онхо мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо баргузории давраи навбатии ҷаласаи комиссияи байнихукуматии Точикистону Лахистон оид ба хамкорихои иктисодиро мухим арзебӣ карда, хостори идомаи машваратҳои сиёсӣ байни вазоратхои корҳои хориҷии ҳарду кишвар гардиданд. Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лаҳистон Марек Сиолковский ба Сафири навтаьини кишвар дар Ҷумҳурии Лаҳистон ҷиҳати густариши ҳарчи бештари муносибатхои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни  ду кишвар комебӣ орзу намуд.

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Лаҳистон

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Лаҳистон 11 феврали 1992 барқарор гардидаанд.    

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон (бо қароргоҳаш дар ш. Берлин) Неъматов Маликшо мебошад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Лаҳистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар ш. Тошканд) Пётр Игнатси Ивашкевич мебошад.

Пояи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории байнидавлатӣ зиёда аз 15 созишномаро дар бар мегирад.

Суроғаи мо:

Perleberger Str. 43
D-10559 Berlin
Telefon: +49 30 347930-0
Telefax: +49 30 347930-29
info@botschaft-tadschikistan.de