Ҷумҳурии Федеративии Олмон

Дар Берлин Иди Наврӯзро ҷашн гирифтанд

23 марти соли 2019 дар шаҳри Берлини Олмон чорабинии муштарак бахшида ба таҷлили Ҷашни Наврӯз баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо иштироки Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз зери сарпарастии Фиристодаи Ҳукумати федеролӣ оид ба масоили фарҳанг ва матбуот баргузор гардид. Таҷлили муштараки Наврӯз аз ҷониби сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳукми анъана даромада, ҳар сол ба ин гурӯҳ кишварҳои нав шомил мегарданд.  Тавре Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо иброз дошт, Наврӯз 3000 сол инҷониб ҳамчун иди баҳор аз тарафи 300 миллион нафар аҳолии кишварҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон таҷлил мегардад. Иди Наврӯз 30 сентябри соли 2009 ба Рӯйхати шоҳкориҳои меросӣ шифоҳӣ ва ғайримодии инсоният (ЮНЕСКО) ворид гардида, соли 2010 дар асоси  Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ ҳамчун рӯзи байналмилалӣ эътироф ва гардид.  Боиси хушҳолист, ки ҳамчун рӯзи байналмилалӣ эълон шудани Иди Наврӯз ин ҷашни ниёгонро ба маърази диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид намуда, мутаносибан шумораи кишварҳое, ки Наврӯзро ба таври муштарак ҷашн гирифтан мехоҳанд, дар ҳоли афзоиш аст. Дар ҷашни имсолаи Наврӯз, ки зиёда аз 1000 нафар ширкат доштанд, 9 кишварҳои ҳавза ширкат ва махсусиятҳои ҷашни Наврӯз дар кишварҳои худро ба маърази тамошо гузоштанд. Сафорати Тоҷикистон бо баргузории барномаи фарҳангӣ ва ташкили гӯшаи иттилоотӣ сиёсати пешгирифтаи Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати кишварро дар самти беҳтар намудани некӯаҳволии мардум дар мисоли “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани солҳои 2019-2021”, инчунин роҷеъ ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон пешкаши иштирокдорон намуд. Дар ин росто, таҳия ва пешниҳоди «Наврӯзнома» оид ба махсусиятҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи хоси иштирокдорон бархӯрд. Дар чорабинӣ тоҷикони муқими Олмон ва Аврупо, аз ҷумла аъзоёни Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон, олимон, ҳунармандон, ҳамватанон, ки дар Олмон зиндагӣ, кору фаъолият ва таҳсил мекунанд бо аъзоёни оилаҳои худ ширкат варзиданд.   Директори Форуми Ҳумболдт ва осорхонаҳои давлатии Берлин  Ларс Кох зимни суханронии худ баргузории чунин чорабиниҳои муштаракро барои боз ҳам ҷаззобтар шудани шаҳри Берлин ва имконоти фарҳангии он муҳим хонда, чунин ҷашнҳоро пайвандгари миллатҳо номид.

Муаррифии зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар ҳамоиш бо хабарнигорони ВАО-и Олмон

Дар робита бо эълон шудани “2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», инчунин инъикоси дастовардҳои кишвар бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи хабарнигорони соҳаи сайёҳии Олмон-CTOUR дар бинои Сафорат  шоми муаррифии имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки беш аз 50 хабарнигорон - аъзоёни ин Иттиҳодия, намояндагони вазорату идораҳо ва ширкатҳои сайёҳии Олмон баргузор гардид.  Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо  роҷеъ ба муҳимтарин тасмимҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ, тақвияти инфрасохторҳои деҳот дар солҳои минбаъда маърӯза намуда, тасмимҳои роҳбарияти кишварро дар бобати беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва сатҳи некӯаҳволии мардум ба хабарнигорон шарҳ дод.  Иттиҳодия хабарнигорони соҳаи сайёҳии Олмон зиёда 200 нафар аъзо дошта,  хабарнигорони касбӣ, соҳавӣ, блогнависон ва рӯзноманигорони озод  навигариҳои соҳаи сайёҳии ҷаҳонро ҳамарӯза таҳлил ва натиҷаҳои онро дар рӯзномаву маҷалла, сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд. Роҳбари Иттиҳодия Ҳанс-Петер Гаул зимни баромади худ ҳадафи баргузории чунин чорабинии муштаракро ба афзоиш ёфтани таваҷҷӯҳи доираҳои иттилоотии кишвари Олмон ба зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон рабт дод. Зимни табодули афкор бо хабарнигорон Соҳибназар Ғайратшо ба саволҳои иштирокчиён оид ба паҳлуҳои гуногуни рушди кишвар, бахсус соҳаи сайёҳӣ посух дод. Хабарнигорон изҳор доштанд, ки тӯли соли равон як қатор гузоришҳои таблиғотӣ дар ВАО-и кишвар оид ба Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ ба табъ хоҳанд расид.  

 Қобили тазаккур аст, ки бо анҷом ёфтани фасли сармо эҳтиёҷи ҷаҳонгардон ба дарёфти иттилоъ оид ба мавзеҳои сайёҳӣ афзоиш меёбад. Чунончи, танҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ ба маҳзи дарёфти иттилоот зиёда аз 80 ҳазор шаҳрвандон ба сомонаи Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ворид шудаанд. Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон моҳи марти соли 2019 дар бузургтарин Биржаи сайёҳии байналмилалӣ ITB Berlin 2019 иштирок хоҳанд кард.  Муфассал нигаред.

“Мо ба оянда нигариста муқобили чолишҳо меистем”

Оғози соли ҷорӣ муcоҳибаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо рӯзноманигорони маҷаллаи “Wostok” дар шумораи навбатии маҷалла бо забони олмонӣ ба интишор расид.  Дар мусоҳиба зери унвони “Мо ба оянда нигариста муқобили чолишҳо меистем” нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дарҷ гардида, бо шарҳи ҳадафҳои стратегии кишвар саноатикунонӣ ҳамчун омили рушд, кишоварзӣ ва туризм самтҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон унвон гардиданд.  Дар гузориши нашршуда дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, аз ҷумла ифтитоҳи чархаи нахустини “Роғун”, ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидани унсурҳои фарҳангии тоҷик, марҳалаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани солҳои 2019-2021 ва имкониятҳои иқтисодиву сайёҳии кишвар муаррифӣ гардиданд. Ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар асоси “Сиёсати дарҳои кушод”, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ будани кишвар низ аз ҷумлаи мавзӯҳои муҳовара ба ҳисоб меравад. Сафири Тоҷикистон зимни мусоҳиба зикр намуд, ки барои соҳибкорони аврупоӣ дар Тоҷикистон заминаҳои хуби ҳамкориҳо ва сармоягузорӣ вуҷуд дорад. Соҳибназар Ғайратшо аз доираҳои иқтисодиву тиҷоратии Олмон даъват ба амал овард, ки аз афзалиятҳои мавҷуда, аз қабили қувваи арзони корӣ, барқи арзон ва инфрасохтори мусоид истифода бурда, бо шартҳои мутақобилан судманд ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ намоянд. Ӯ ҳамчунин аз хабарнигорони кишвари иқомат дархост намуд, ки рушди бемайлон ва дастовардҳои Тоҷикистон дар рӯзномаву маҷаллаҳои Олмон воқеъбинона ва мусбӣ инъикос гарданд.  Матни пурраи мусоҳиба

Ҳамоиши ҳамватанон дар Олмон

20.12.2018. Ҷиҳати муаррифии дастовардҳои Ҳукумати кишвар дар соли ҷорӣ ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудани соли 2018 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон дар бинои Сафорат дар шаҳри Берлин ҳамоиши ҳамватанон доир гардид. Ба ин ҳамоиш намояндагони диаспораи тоҷик, аъзоёни Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон, донишҷуён ва аҳли илму фарҳанг, инчунин дӯстони Тоҷикистон даъват гардиданд. Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо кушода, дар назди ҳозирин бо маърӯза зери унвони "Ободии Тоҷикистони азиз умеди ҳар ҳамватан" баромад намуд.   

Mehr…

Аз ҷумла қайд гардид, ки маҳз бо талошҳои хастанашавандаи Ҳукумати Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар ҳама соҳаи муҳими ҳаёт ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, рӯз аз рӯз ободтару зеботар гардида истодааст. Сипас Сафир дар фазои тантанавӣ оҳангсози номдор Фирӯз Баҳорро ба муносибати 76-умин солгарди зодрӯзаш табрику муборакбод намуда, миннатдории худро барои саҳми муносиби оҳангсоз дар муаррифии санъати мусиқии тоҷик дар Аврупо баён намуд.  Дар баромади худ Раиси ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон доктор Александ Хайзер низ аз пешрафтҳои кишвари Тоҷикистон изҳори хушнудӣ карда, иброз дошт, ки ваҳдати миллӣ барои миллати Тоҷик хеле гарон ба даст омадааст ва ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ масъул аст, ки ба қадри он расида, онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорад. Дар рафти ҳамоиш ҳамчунин табодули афкор бо донишҷӯёни тоҷик баргузор гардид. Сафири Точикистон аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бо омӯзиши фанновариҳои муосири ин кишвари мутаррақӣ дар ободии ватани худ саҳмгузор бошанд.

Weniger…

Даври навбатии гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон оид ба ҳамкориҳо барои рушд

22-23 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Сардори Раёсати Осиёи Марказӣ ва Осиёи Шарқии Вазорати федеролии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон Катрин Оеллерс гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон оид ба ҳамкориҳо барои рушд доир гардид. Дар ҷараёни гуфтушунидҳо масъалаҳои марбут ба лоиҳаҳои татбиқшаванда, ки аз ҷониби Ҳукумати Олмон маблағгузорӣ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гардиданд.  Олмон дар доираи ин ҳамкориҳо дар таъмир ва таҷдиди дармонгоҳҳо, ҳифзи модару кӯдак, беҳтар намудани сифати ёрии таъҷилии тиббӣ, сохтмони мактабҳои нав дар вилояти Хатлон ва водии Рашт, ҳамчунин барқарор намудани инфрасохторҳои коммуналӣ мусоидат менамояд. Зимни гуфтушунидҳо мувофиқа ба даст омад, ки Ҳукумати Олмон солҳои 2019-2020 барои татбиқи лоиҳаҳои нав дар самтҳои афзалиятноки тандурустӣ, бахши молия, энергетика, таълимоти касбӣ, рушди инноватсиончӣ, инчунин ҳифзи ҷангалзорҳо бо Тоҷикистон хамкорӣ хохад кард. 

Мулоқот бо вакилони Бундестаги Олмон

29 ноябри соли 2018 дар Бундестаги Олмон мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо Раиси Гурӯҳи байнипарлумонии Олмону Осиёи Марказӣ дар Бундестаги Олмон Манфред Грунд ва вакилони ин гурӯҳ баргузор гардид. Зимни мулоқот дар баробари баррасии сатҳи кунунии робитаҳои Тоҷикистону Олмон, ҳамчунин таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, дар самти туризм ва муҳити зист, инчунин тақвияти ҳамоишҳои вакилони парлумони ҳар ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

«Чакан» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид

ЮНЕСКО чакани Тоҷикистонро ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид намуд.  Қарор дар бораи ворид намудани чакан ба Феҳристи ЮНЕСКО дар рафти  ҷаласаи Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Порт-Луи Ҷумҳурии Маврикий баргузор гардид, қабул шуд.  Се навъи унсури матлуби фарҳангии тоҷик, аз ҷумла шоҳасари мусиқии «Шашмақом»  иди Наврӯз, хӯроки миллӣ “Оши палов” дар  Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО қарор доранд. Чанд сол қабл Шаҳркадаи Саразм ва куҳҳои Помир низ ба Феҳристи мероси фарҳанги моддии ЮНЕСКО ворид гардиданд.  Муфассал...

Рушди туризм дар маърази диққати хабарнигорони Олмон

16 ноябри соли ҷорӣ мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо Роҳбари Ассотсиатсияи хабарнигорони соҳаи туризми Олмон “CTOUR” ҷ-би Ханс Питер Гаул баргузор гардид. Зимни мулқот имкониятҳои истифодаи зарфиятҳои ташкилоти “CTOUR” дар самти муаррифии захираҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Олмон ва дар ин замина ҷалби таваҷҷуҳи бештари сайёҳони олмонӣ ба Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.  Ассотсиатсияи хабарнигорони соҳаи туризми Олмон бо назардошти талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти беҳтарсозии инфрасохторҳои сайёҳӣ ва таваҷҷӯҳи сайёҳони Аврупо ба Тоҷикистон тасмим дорад, дар арафаи ҷашни Наврӯз як гурӯҳ журналистону хабарнигорони соҳаи туризмро ҷиҳати шиносоӣ бо имконоту зарфиятҳои сайёҳӣ, инъикоси он дар ВАО-и Олмон, инчунин ҷиҳати баргузории воркшоп бо журналистони бахши сайёҳии тоҷик ба Тоҷикистон сафарбар намояд. Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба баргузории чорабиниҳои муштарак дар пешманзари Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ITB Berlin 2019 мубодилаи афкор анҷом доданд.  Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҳавасмандии ҷонибиҳо ҷиҳати  ба роҳ мондани ҳамкории судманд изҳор карда шуд.

Мафтуни Тоҷикистон шудам. Нашри сеюми китоби “Роҳнамои сайёҳ- Тоҷикистон” дар Олмон

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои дорои сатҳи барҷаста ба ҳисоб меравад. Кӯҳҳои сар ба афлок, захираҳои бузурги об, пиряхҳои ба дарозӣ тӯлкашида ва бонувони қашангу рангинқабо ва дар Осиёи Марказӣ беназир, махсусиятҳои хоси ин кишвар ба ҳисоб мераванд. Ин кучактарин кишвари минтақа дорои дарёҳои бешумор ва қуллаҳои назаррабо мебошад.

Наҳру ҷуйҳои шӯху серталотуми кӯҳӣ, кулҳои сокиту асроромез ва миёни куҳҳо пинҳон, талу теппаҳои рангину бо тарзи хосса доманпаҳнкарда, куҳҳои бузургҷуссаи санги хоро, дашту марғзорҳои  саршори гулу бутта ва манзараҳои дилфиреб ва зери тобиши моҳу сокитии мутлақ афсункунанда, шаҳрҳои ҳамешасабзи серталотум ва ё баландиву нишеманҳои беодаму сокит. Ин ҳама сифати Тоҷикистон аст. Аслан гирем кифоя аст, то кас борхалтаро сари китф гузошта озими ин кишвари афсонавӣ гардад.  Табиати кишвар нотакрор буда бархурд бо одамони мухталифу табиати гуногун  худ саргузаштест фаромӯшношуданӣ.

Мардумони Тоҷикистон хеле меҳмоннавоз буда, бахусус дар муносибат бо олмониҳо чеҳракушод ва кушодадил ҳастанд. Агарчанде сафар ба Тоҷикистон то ҷое душвор бошад ҳам, аммо кирои фикр кардан нест, чун як нафар тоҷик аз ҳама ҳолатҳои ба миёномада берун шуда, дар кушодани гиреҳе ҳамеша илоҷ дар сар дорад.

Муфассал ба ин ҷо ангушт занед.

Аз шумо ҳамчун мусофир танҳо интизор меравад, ки вақти кофӣ бо худ бибаред. Вақт барои тамошои бозорҳо, фурсат барои нӯшидани як пиёла чой дар соҳили дарёчаҳо, вақт барои мушоҳидаи одамон ва тарзи зиндагии онҳо, вақт барои дарки зебогиҳои дар харсангҳо абадишуда, мушоҳидаи лонасозии ҳайвоноти нодири нохундор. Вақт дар интизори мошини мусофирбари табъи дил.

Бо изҳори хурсандӣ мехоҳам шумораи сеюми китоби «Роҳнамои Тоҷикистон»-ро бароятон муаррифӣ намоям.  Ман аз соли 2014 инҷониб ба такмилу мураттабсозии ин китоб машғулам. Ҳеҷ гоҳ тасаввур намекардам, ки аз ширкат дар такмили танҳо ду боби шумораи дуюми ин китоб дар ниҳоят завқу ҳаваси бузург ба вуҷуд меояд.  Тоҷикистон бо маънои томаш маро афсун ва бандии худ намуд. Инак чор сол боз ман ба ин кишвар тез-тез сафар мекунам. Дар сарам аллакай хаёли омодасозии нашри чорум ва мукаммали киоби мазкур ҳамчун ҳадафи ниҳоӣ чарх мезанад. Он рӯзро бесаброна интизорам. Дар бораи нашри сеюми ин китоб чи ҳам гуфта метавонистам?  Китоби мазкурро ман бо хуни дил навиштам, чун мардумони ин кишвар дар қалби ман ҷой гирифтаанд ва ман ният кардам ки инро ба тамоми мардуми олам иброз намоям, аниқтараш таассуроти худро бо дигарон низ ато намоям. То ҳол ва ҳамеша «дасти сари қафаси сина»-и мардуми тоҷик пеши назарам ҷилвагар аст, ки зимни боздид ва шодбошӣ, хоҳ пир бошад ва ё хоҳ ҷавон, изҳор гардида, ба кас «эҳсоси худӣ будан»-ро ато менамояд. Бо ин иброз мегардад, ки «нури дида тоҷи сар ва қадами ту муборак, баргад ва ё боз биё, чун дӯстат медорем».

Меҳмон барои як нафар тоҷик атои худовандист, ин эътиқоди аз азал боз маълум меҳмоннавозиро ба бузургтарин рукни фарҳангу тамаддуни мардуми тоҷик мубаддал гардонидааст. Агар аз ман суол кунанд, ки то чи андоза Тоҷикистон амну бехатар аст, ман бо боварии комил маҳз ба ҳамон дасти сари синаи мардум ишора мекунам, ки барои ман дар асл ҳеҷ гоҳ сатҳӣ ва сунъӣ набуд.

Нафаре ки китоби мазкурро ба даст мегирад, бо эҳтимоли зиёд ният дорад, ба кишвар сафар намояд. Дар ин тасмим ман ба шумо тамоми хушиҳоро орзӯмандам. Орзӯ дорам, ки шумо  шайдои маҳз он самимият гардед, ки ман мубталои он гардидам. Шумо аз манзараҳои афсонавии ин кишвари хурди кӯҳӣ, аз меваҳои шаҳдбори он, аз рангоранги либосҳои бонувон ва аз мусиқии саршори муҳаббату пазмонӣ ва меҳмоннавозии бемисл ба ваҷд хоҳед омад.

Ба мусофирони озими Тоҷикистон лаҳзаҳои софу беғубори ғуруби офтоб дар кӯҳҳои осмонбӯс, манзараҳои биҳиштосои куҳҳои пуртобиш ва бозиҳои табиат дар осмони пурситора, назорраи суғурҳои машғули лонасозӣ, оббозии пурфароғат дар гармчашмаҳои табиӣ ва ё оббозӣ дар кулҳои софи куҳсорон ва  ниҳоят як коса ширчойи серравғану бомазза дар субҳгоҳон дар яке аз бошишгоҳҳои куҳӣ орзӯмандам.  Хуш омадед!.

Дагмар Шрайбер ва Соня Билл (муаллифони китоб)

Берлин 2018

Матнро ихтисор кунед

Тавсеаи ҳамкориҳо бо Фонди Ҳаннс-Зайдели Олмон

Ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои судманд бо бунёдҳо ва созмонҳои байналмилалӣ 12 ноябри соли 2018 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо Роҳбари минтақавии Фонди Ҳаннс-Зайдел (Hanns Seidel Stiftung) дар Осиёи Марказӣ доктор Макс Георг Майер баргузор гардид.  Ҷонибҳо ҷалби хизматчиёни давлатии мақомоти маҳаллӣ аз ҳисоби занону бонувон ба давраҳои омӯзишӣ, воридсозии фанновариҳои нав, аз қабили таҳсили фосилавӣ, таълими электронӣ (elearning) ва истифодаи зарфиятҳои зеҳнӣ ва инфрасохтории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии мақомоти наздисарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар таҳкими ҳамкориҳои минбаъда муҳим шумориданд.

Фонди мазкур аз соли 2009 инҷониб бо Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани самаранокии вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва такмили ихтисоси касбии хизматчиёни давлатӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст. То имрӯз садҳо нафар хизматчиёни давлатии Тоҷикистон бо мусоидати Фонди Ҳаннс Зайдели Олмон давраҳои омӯзиширо дар Донишкадаи идоракунии давлатии Тоҷикистон хатм ва соҳиби дипломҳои ихтисоси “Менеджмент дар идоракунии давлатӣ” гардиданд.

Баррасии сатҳи ҳамкориҳо баҳри рушд бо Олмон

8 ноябри соли 2018. Дар пешманзари баргузории машваратҳои байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Олмон, ки қарор аст, соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардад, Cафири Тоҷикистон дар Олмон Cоҳибназар Ғайратшо бо ҳамраиси машваратҳои имсола аз ҷониби Олмон хонум Катрин Оеллерс ва намояндаи Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон Клаус Тансбергер мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот ҷонибҳо татбиқи лоиҳаи НБО Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғобро нишонаи таваҷҷуҳи ҳар ду кишвар барои ҳамкориҳо арзёбӣ намуда, рушди гидроэнергетика, беҳсозии хизматрасониҳои тиббӣ ва дастрасӣ ба муассисаҳои таълимиро барои беҳтар шудани некӯаҳволии иҷтимоии мардум ва занҷираи арзишҳои изофавӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Олмон имкони маблағгузории нирӯгоҳҳои барқи обии хурд дар минтақаҳои куҳии Тоҷикистонро омӯхта истода, дар ин росто ба ҷалби ширкатҳои ватанӣ бартарият хоҳад дод. Баррасии рӯзномаи машваратҳои дар пешистода ва афкори созанда дар атрофи рушди босубот муҳтавои мулоқоти мазкур ба ҳисоб мерафт.

Мулоқот бо Ваколатдори Вазорати корҳои хориҷии Олмон

6 ноябри соли 2018 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо Ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Михаел Зиберт мулоқоти корӣ баргузор намуд. Зимни мулоқот вазъи кунунии муносибатҳои дуҷониба ва нақшаҳои минбаъда барои таҳким ва рушди ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Олмон дар самтҳои сиёсат, иқтисод, муҳоҷират, гидроэнергетика ва туризм мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба машваратҳои сиёсии дарпешистода табодули афкор анҷом доданд. Сӯҳбат дар рӯҳияи созандагӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Супоридани эътимоднома ба Президенти Федеролии Ҷумҳурии Федеративии Олмон

5 ноябри соли 2018 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Соҳибназар Ғайратшо Эътимодномаи худро ба Президенти Федеролии Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаноби Франк-Валтер Штайнмайер супорид. Пас аз супоридани Эътимоднома Президенти Олмон бо Сафири навтаъин мулоқот намуд.Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон, ҳамкориҳо дар доираи Иттиҳоди Аврупо, инчунин ҳамкориҳои ҳар ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Франк Валтер Штайнмайер Сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ дар таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон комёбиҳо орзу намуд.



-1-   -2-    -3-

25 қадам дар паҳнои олам

Паёми Президент ба Парлумон

Таъини мулоқот (онлайн)

Cайтҳои муфид

Суроғаи мо:

Perleberger Str. 43
D-10559 Berlin
Telefon: +49 30 347930-0
Telefax: +49 30 347930-29
info@botschaft-tadschikistan.de